Бахшҳо
20 июл 2012 04:32Сӯҳбати рӯз

Зафар Мирзоиён: Маҳалгароён бетарбияанд

Мегӯянд, ки зиёиён монанди паёмбарон ҳидоятгари ҷомеа ҳастанд ва ҳамеша ба далели ҳамин фикри равшану худогоҳии милливу худшиносӣ рисолати муҳиме бар души онҳост. Вале чаро имрӯз онҳоро ба дарбориёни хушомадгӯ ва зиёиёни хомӯшу камҷасорат дохил мекунанду худогоҳиву худшиносии миллии онҳоро барои ҳидояти ҷомеа нокофӣ медонанд. Воқеан то куҷо зиёиёни мо дар ин 20 сол рисолати худро, ки бедор кардан ва роҳбарии ҷомеа ба сӯи ояндаи рӯшан аст, анҷом додаанд? Дар ҳамин бора бо Зафар Мирзоиён донишманди тоҷик ҳамсӯҳбат шудем.

Зиёиёни тоҷик ба воя нарасидаанд!

- Таи 20 соли истиқлолият зиёиёни мо то куҷо рисолати худро ба дурустӣ анҷом доданд? Оё огоҳӣ ва худогоҳии хешро ба мардум интиқол додаанд ва он таъсире, ки бояд дар ҷомеа мегузоштанд, гузошта шуд? Онҳо дар ҷомеа бештар "бозигар" будаанд ё "тамошогар" - и саҳна?

- Ҷомеа барои худ равшанандешонашро тарбия мекунад ва то ба даст овардани истиқлолият ва эҳё кардани давлати навини тоҷикон, мо зиёиёне доштем, ки аслан онҳо парвардаи ҷаҳонбинии замони шӯравӣ буданд ва он гоҳ, ки ҷомеа аз ҳам пошиду ҷомеаи нав падид омад, ин табақаи равшанандешону парвардаи идеологияи замони шӯравӣ дар ҳолати шок қарор гирифт. Мо ба ҷои он зиёиёне, ки суханону андешаҳояшон ҷанбаи хуби идеологияи шӯравиро дошт, як табақаи хурди равшанандешони миллӣ доштем, ки онҳо барои ояндаи миллат андеша мекарданду ғами хатари аз байн рафтани миллат ва ошуфтагиҳои забонро мехӯрданд. Албатта онҳо як табақаи хеле маҳдуд буданд, вале ба назари банда андешаҳои он зиёиёне, ки ҳангоми аз байни рафтани давлат дар байни мардум паҳн мекарданд, дигар арзиши худро аз даст дод ва онҳо дар ҳолати шок қарор доштанд. Ҳоло давлату ҷомеаи нав бояд аз равшанфикрони пешина равшанандешони миллии худро ба воя бирасонад. Аммо агар гӯям, ки дар ин 20 сол ҳанӯз мо мактаби таҳия ва омодасозии равшанандешони дурусти миллиро надорем ва ё агар дорем ҳам ба таври бояду шояд нест, иштибоҳ намекунем. Зеро ман гаштаву баргашта мегӯям, ки дар тақлид аз замони иттиҳоди шӯравӣ дар бахши маънавиёти ҳукуматдории Тоҷикистони мо, бештар кӯшиш мекунанд табақаи занонро ба курсӣ бинишонанд то онҳо фармонравоӣ кунанд. Вале ин ба назари ман иштибоҳи бисёр фоҳише аст чун занҳо наметавонанд бо масоҷид ва имом хатибон сару кор бигиранд ва минбареро, ки бояд андешаҳои миллиро тарбия кунад, идора намоянд. Инак мо ҷонибдори идеологияи замони шӯравӣ нестем, чун он худ як шакли тоталитарӣ буд. Вале онҳо дастгоҳи давлатдории идеологии худро то 40 - 50 сол бисёр хуб бароҳ монда буданд, дар онҷо беҳтарин наттоқон, сухангӯён ва андешамандон ҳама паҳлӯи ҳам барои ҳукумати иттиҳоди шӯравӣ кор мекарданд. Сарварони ҳизби коммунист вақте ба сафар мерафтанд, ҳатман раиси Иттифоқи нависандагон, журналистон ва дигаронро ҳамроҳи худ мебурданд. Ҳамин боло бардоштани андешамандони миллӣ нисбат ба дигарон роиҷ буд. Бубинед барои тарбия кардани ҷомеа, барои хештаншиносии миллӣ, ки бароямон бисёр зарур аст, чунин коре лозим аст. Борҳо гуфтаму мегӯям, ки ҷомеаи мо хеле ҳассосу нозук аст, чунончи ҳар кӣ мехоҳад ба он даст мезанад. Дастҳои манҳуси бадбинони кишвари азизамон Тоҷикистон хеле зиёданд ва бояд мо равшанандешоне дошта бошем то дар атрофи ваҳдат ва ягонагии пурраи миллӣ муттаҳид бошанд. Дар ин 20 сол ҳануз натавонистем ҷунбиши миллиеро роҳандозӣ кунем, масалан ҷунбише барои пурра поксозии забони адабии тоҷикӣ, ҷунбиши миллие барои худогоҳии миллӣ, баргашт ба хатти форсӣ, худнигарӣ, худсозӣ ва худковии миллати тоҷикро таъсис диҳем.  Барои ҳамини мо ҳанӯз ҳам натавонистем он равшанандешони воқеиро тарбия намоему ба воя бирасонем.

Ҳунари масъулин дар дараҷаи олӣ нест

- Гуфтед, ки дар замони шӯравӣ намояндагону роҳбарон равшанфикрону зиёиёни ҷомеаро ҳамроҳи худ ба сафарҳо мебурданду онҳоро қадр карда аз маслиҳатҳояшон истифода менамуданд, вале чаро дар замони истиқлолият ин чиз дида намешавад?

- Хеле дӯстони зиёде дорам, ки дар Иттиҳоди нависандагонанд ва барои гуфтугӯ бо мардум кам ба навоҳӣ мераванд. Ҳар кадоми онҳо, ки шоиранду маҷмуаи шеърҳо доранду суханро баён карда метавонанд ва дар сина меҳри ин ватанро доранд, як хазинаи заррини кишваранд. Ин хазина агар барои худ дар як ҷо бошаду аз ӯ истифода бурда нашаваду дар гардиш набошад, занг мезанад. Ман намебинам, ки рӯзноманигорон ва шоъирону нависандагони варзида дар байни мардум бошанду минбар дар дасти онҳо бошад. Боз ҳам мегӯям, як шахсе ва гоҳо дар минбар ашхосе хоҳ масҷид бошад, хоҳ дар клубу минбари теливизион, суханоне мегӯянд, ки онҳо ҳатто шоиста нестанд ва наметавонанд ба дили мардум самимияти ваҳдати миллиро ҷорӣ намоянд. Шояд ҳунари масъулоне, ки дар соҳаи маънавиёт масъулият доранд, ба дараҷаи олӣ нест ҳамонанди замони шӯравӣ то аз ин нерӯҳои зеҳнии тиллоӣ истифода кунанд.

"Дар гуфтугӯи зиёиён бо президент самимият вуҷуд надорад"

- Харсола мулоқоти зиёиён бо президент рух медиҳад, аммо ин вохӯриҳо натиҷае намедиҳад, зеро зиёиёни мо дар ин мулоқот аз баҳри матраҳ кардани масоили муҳими кишвар мегузаранд, дар хусуси нақши камранги инҳо чи назаре доред?

- Бубинед худи вожаи ангилисии "inteligent" - ро Ҳаким Фирдавсӣ равашанандеш ва дар ҷое фарҳангиву донишӣ гуфтааст. Маълум аст, ки зиёӣ бояд қишре аз ҷомеа бошад, ки ба ростӣ битавонад фарҳанг биёварад. Фарҳанг на ба маънои артисту сурудхонӣ, балки фар яъне боло ва ҳанг ин боло кашидан. Аз ин рӯ зиёӣ бояд андешаи равшан ва пеш дошта бошад то онҳоро битавонад пешниҳод кунад. Ман мебинам, ки дар байни ҳамон равшанандешон на он қадар мардуме, ки воқеан равшанфикр бошанд, дар онҷо ҳузур надоранд ва ин ҳам ба ҳамон дастгоҳе, ки ба маънавиёт сару кор дорад, бояд аз вохурӣ бо президент комҷуӣ кунад. Бояд бигӯянд, ки як президент ҳама корро танҳо карда наметавонад. Мушовирони президент мехоҳанд, ки раиси ҷумҳур бо зиёиён гуфтугӯ дошта бошад, вале ин гуфтугӯро бояд тавре доир кард, ки ҷомеа аз он истифода барад. Дар ин гуфтугӯ ин қадар самимияте бояд ҷорӣ бошад, ки рӯҳияи мардумро баланд бардорад. Барои ин ҳунару ҳунарманд зарур аст, ки аз ҳар яки ин вохӯриҳо барои пуриқтидор гаштани андешаи миллӣ ва

Тоҷикистони азиз комҷуӣ кунад.

- Чаро ҳамин самимият дида намешавад ва зиёиёни мо ҳарфашонро озод намезананд?

- Онҳо намедонанд, ки чи бигӯянд. Зиёданд инҳое, ки либоси аврупоӣ бар тан доранду ҳатто сухан ҳам гуфта метавонанд, аммо Худованд ба онҳо андешаи таҳлилӣ ато накарда, ки албатта чунин андешаи таҳлилилӣ ва қиёсиеро Худованд ба ҳар касе надодааст. Бинобарин онҳое, ки чунин андишаеро доранд, ангуштшуморанд. Агар гӯем, ки ҳар кӣ шеър навишту олими тамоми андеша аст ва ё як шахс 2 мақола навишту як китобчае чоп кард, намешавад ӯро зиёӣ номид. Андешаҳои қиёсӣ ва заминаҳои парвардаро бояд ҷустуҷӯ карда ёфт то сӯҳбат бо зеҳнҳои парварда доир гардад на бо як шахсе, ки ӯро омода мекунанд то пурсишеро посухи ҳавоӣ бидиҳад.

- Агарчи зиёӣ тарсу намешавад, аммо ин озодона сухан нагуфтани зиёиён бо президент ба хотири тарс аст ва ё тамаъ ба мансабе, ки агар лаб ба интиқод боз кунанд ба он намерасанд?                   

- Мутаассифона ин як ошуфтагии на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми шарқиён аст, мову ӯзбакону туркманон ва дигарон. Мо фикр мекунем, агар як суханеро бигӯем моро ақлак ё пешпарак меноманд, вале ин ғалат аст. Агар касе мақоми болотар дошта бошад, бояд дар назди ӯ бо эҳтиром сухан нагӯяду тамкин биварзад, ин тамоман иштибоҳ ҳаст. Мо дар қарни 21 зиндагӣ мекунем ва агар бихоҳем ҷомеаро пеш бибарем, бояд бисёре чизҳоро аз урупоиён биёмӯзем. Баъзан одам як муаллиму шахси оддисту метавонад як муамоеро аз ин ҷо баён кунад ва барои ҳалли он роҳ нишон бидиҳад, ки шояд як донишгоҳ ва ё институте сари он фикр накарда бошад. Вале агар биму тарс дошта бошаду ба ӯ гӯем, ки ту беодобӣ кардӣ, ӯ хомуш менишинад ва ин зарарест барои ҷомеа. Ин ҳаст ва ба вижа дар мардуми тоҷики мо хеле зиёд аст, ки хомӯш менишинанд ва ё як шахсро имкони сухан гуфтан медиҳанд, ки дар асл сухани ӯ аз даруни қутии холӣ мебарояд.

Зиёиёни мо инҷиқу эркаанд!

- Гуфта мешавад зиёӣ монанди паёмбар асту ҷомеаро ҳидоят мекунад. Шумораи он зиёиёне, ки мавқеъгирии устувор доранду ҳақро аз ботил бозгӯ мекунанд ва новобаста аз он ки инҳирофот дар ҷомеа ҳамчун воқеият қабул шудааст, онҳо ҳамеша дар мавқеъи худ побарҷо ҳастанд, нақши чунин зиёиёни воқеиро дар ҷомеа эҳсос мекунед?

- Чунин афроде кам нестанд, чунки миллати тоҷик худ миллати андешагарост ва ман худтаҳриркунӣ ва худбузургбинии миллати тоҷикро дар назар надорам. Агар дар ғарб андешагароён инглисҳову олмониҳо мебуданд, дар шарқ тоҷику эронитабор буданд. Яъне ин дар хуни мардуми мо ҳаст ва ин таври мардумон зиёданд. Вақте аз инҳо истифода бурда натавонистанд айби дастандаркорон аст. Он касе, ки андешаи амиқ дораду донишманд аст, ӯ аз худаш аз заҳамоти мутолиъаву ранҷи китобхонии худ миннатдор аст, на аз каси дигар. Агар даъваташ кунанду аз ӯ чизе хоҳанд мегӯяд. Вале агар даъват накунанду хомӯш нишинанд, умр мегузараду сухане аз ӯ берӯн намебарояд. Ҳунар дар ин аст, ки чунин одамонеро бояд пайдо кунанд ва баъзан дар байни чунин афрод ба истилоҳи мардуми шимоли Тоҷикистон одамоне ҳастанд, ки "инҷиқанд" ва то андозае "эрка" ҳам ҳастанд. Хуб бояд эркаии онҳоро таҳаммул карду аз онҳо кор гирифт. Ман бисёр хушҳолам, ки донишманди бузурги мо Акбари Турсонро бо даъвати президент аз Амрико оварданд. Ин хуб аст, зеро агар Акбари Турсон даъват намешуд, ба Тоҷикистон намеомад ва бе ин ҳам зиндагии худро дар ҳар куҷое, ки мебуд пеш мебурд. Бояд чунин ҳам кард ва ин гуна одамонро даъват карду аз онҳо кор гирифт.

Баҳс сари мавзуъҳои оддӣ суде надорад

- Гуфтед, ки равшанфикрони мо бояд муттаҳид бошанд, имрӯз байни зиёиёни диниву фарҳангиву дигар ақшори ҷомеа ончунон ваҳдату ягонагие дида намешавад, чаро?

- Ман боре гуфтам, ки касе агар дини худро эҳтиром накунад, ӯро равшанандеш намедонам, зеро яке аз вижагиҳои асосии шахси зиёии равшанандеш ин боварманд будан ба дини худ аст. Аммо вақте равшанандешони динии мо ҷомеаро ба муқобилиятҳо ва ошуфтагиҳо мебаранд, ман бисёр бад мебинам ин корро. Чаро?  Чун маҳз тори аз ҳама ҳассостарини ҷомеаи мо, ки ҳамин асту дар он ҷо душманон мехоҳанд тор бизананд, инҳо ҳам мехоҳанд тор бизананд. Ин бештар аз ҷаҳолат ва нафаҳмидан аст. Дини мубини ислом барои мо ин қадар имконот додааст, ки баҳри аз ҷаҳолат ва нопокиҳо баровардани мардум бояд кор кард. Як чизи оддӣ мегӯям, дар дин омадааст, ки обро ифлос накун, ҳол он ки тамоми обҳои ҷуйбории мо ифлосанд. Чаро сари ин мавзӯъ як бор мавъиза намегӯянду мардумро, ки обҳоро ифлос накунед. Дар инҷо ҳазорон мавзӯъест, ки барои тарбияи мардум лозим аст на ин ки маҷбур кунанд то ҳама риш дошта бошанду тамоми Фаридунҳо Абдуллоҳ бошанду ҳамаи Ҷамшедҳо Муҳаммад бошанд. Инҳо ҳама барои ҷомеаи миллии мо гапҳои бемаъниянд. Инҳо бигзаранд барои дилҳо ва хонаҳои мардумро поку обод кардан, муносибатҳо байни инсонҳоро дуруст кардан, дар ҳақиқат бояд муслимин бародар бошанд. Ба ҷои ин ман бисёре аз дингустаронро мебинам, ки дар асл ғуломи як героинфурӯш аст, зеро кори ӯ ҳам чунин аст, пулро ситонда мегирад барои сохтани хонаи худаш, ки ин чиз ҳаром аст. Ва ҳатто ин пулҳоро дар масҷид истифода мекунанду аз пули як дузд қолин мехаранду меандозанд. Покӣ бояд дар ҳамаи рафтору кирдори равшанандешони динии мо бошад ва онҳо боястӣ муттаҳид бошанд. Шахсе, ки дар минбари дин нишаста мутолиъаи хеле зиёд бояд дошта бошад, балки як файлсуф ва як сиёсатмадор бошад, на як шахси аз сари роҳ омадаву оддӣ, ки сари ҳар мавзуъи оддӣ баҳс бармеангезаду мардумро ошуфта месозад.                          

"Қуръону Шоҳнома"

- Чанде қабл дар хусуси Қуръон ва шоҳнома изҳоротеро баён кардед, ки сару садоҳои зиёдеро барангехт. Манзуратон аз он гуфтаҳо чи буд?

- Ман онҷо гуфтам, ки Қуръон ва андешаҳои Қуръонии Шоҳнома. Касе, ки хилофи ин аст, боварӣ дорам, ки на Қуръонро хондааст на Шоҳномаро. Ба андешаҳои китоби осмонии Қуръон ворид шудану даррафтан мутолиъаи зиёдеро мехоҳад. Агар 50 оят ҳам қориазёд куниву тафсирашро ҳам булбулвор тафсир намоӣ, вале ба қаъру жарфои он суханони осмонӣ, ки паёми иллоҳисту шухӣ нест, агар дар наравӣ, чизеро фаҳмида наметавонӣ ва ҳамаро метавонӣ кофир эълон куниву бигардӣ, ки ту ҳақи ин корро надорӣ. Ҳаким Фирдавсӣ шахсияти бузург буд ва ман борҳо гуфтам ва боз мегӯям, ки як байти Ҳаким Фирдавсӣ, ки дар Шоҳнома омадааст, ҳамон калимаи тавҳиди дини мубини исломро чунон зебо гуфтааст, ки "ҷаҳонро баландиву пастӣ туӣ, надонам, ки ҳарчи ҳастӣ, туӣ". Яъне; Худо, ман туро дида наметавонам ҳарчи ҳастӣ ба ғайр аз ту чизи дигаре нест ва ин сухани бисёр бузург аст. Мутаасифона мо як чизе гуфтем ва мардум нафаҳмиданду бурданд ҷои дигар. Инҳо барои ҷомеа бад аст. Мо Худоро шукр кушиш мекунем, ки ҳарчиро бо забони тоҷикӣ форсӣ бигӯем то  мардум бифаҳмад. На як чизи муаммоҳое, ки мегӯянду бечора мардум гӯш мекунаду намефаҳмад. Дар Қуръони Маҷид дар бораи пок доштани дин ва тан инчунин ҷой гуфта бошад ва агар мардум ин оётро бифаҳмонанд ба ҳамин роҳ мераванд. Ба ивази ин як оётеро меоранд, ки мардум ба дарки он намераванду боз ҳазор нафар нишаста онро гӯш мекунанд. Барои ҳамин бояд эҳтиёт шуд, ки чиро ба мардум мефаҳмонем. Сироталмустақим, ки мегӯяд ба роҳи рост равон кардан ҳамин тавр аст на тавассути гуноҳкор донистани мардум ва дигарҳо. Манзури ман ин аст, на ин ки имрӯз мардум алайҳи дин бархезанд. Ин кори ғалат аст албатта ва мо наметавонем ин корро анҷом диҳем.

- Пас муътақидед, ки ин китоби осмонӣ бояд ба забони тоҷикӣ бозгардонида шавад?

- Баҳсе, ки ба миён омаду ба бисёреҳо хуш наомад, хуб айб дар худи онҳост, ки андакхондаанд. Ман он ҷо мисол овардам, ки дар соли 835 мардуми мо забони худро зиёд дӯст медоштаанд ва дар баробари он, ки як мусалмон буд, мехост, ки ҳатто ба ҳамин забон ба Худо муроҷиъат кунад. Ва соли 835 ҳам барои хондани намоз ба забони форсӣ иҷозат гирифтанд ва ин чандин солҳо шурӯъ шуд. Вале баъдан халифаҳои аббосӣ Ҳоруну дигарон бисёр фашистҳои ашад ва арабгаро буданд ва инҳо ба қатли омми мардуми форси тоҷик шурӯъ карданду бештар дар Бухоро ин корро анҷом доданд. Ин чизҳоро бояд мардум донанд. Бубинед забони форсӣ он қадар бузург буд, ки тамоми мардуми туркзабон, ҳатто тоторҳо гарчи забони форсиро намедонистанду агар намозро бо забони арабӣ мехонданд, вале фотеҳаро ба забони форсӣ мехонданд. Албатта бо забони форсӣ ба Худо муроҷиъат кардан гуноҳ надорад, вақте ту медонӣ, ки ба он яктои беҳамто чи мегӯӣ ва ҳам меҳр ва ҳам шукри ӯро мекунӣ, ман инро дар назар дорам.                                             

"20 сол кам аст"

- Таи ин ду даҳа зиёиёни мо натавонистаанд аз эътибори худ нерӯе созанд, ки пешбарандаи ҷомеа шавад, аз онҷое, ки баъзе равандҳо метавонанд дар як ҳафта ниҳодина шаванд, магар ин 20 сол барои сохтани ин нерӯ ва тарбияи фарҳангии мардум кофи набуд?

- Вақте мо мегӯем, ки 20 сол барои таъриху ба воя расонидани як насл, ки андешаҳо ва тамоми пайкараш меҳр ба ин ватан, забон, халқ ва ин мардуми ранҷдидаи 1000 сола аст, дар ҳақиқат 20 сол ҳеч аст. Барои ташаккул ёфтани як миллату давлат 20 сол кофӣ нест. Албатта ин заҳрпечакҳое, ки дар 6 рӯзу 6 моҳ ба вуҷуд меоянд. Инҳо мисли ҳамон заҳрпечаканд. Инҳо мисли ҳамон алафҳои ҳарзи заҳрогин ҳастанд, ки дар ҳақиқат ба истилоҳи русҳо дар як бушка асал як қошуқ сиёҳӣ мекунанд ё як коса ширро як қатра ранги сиёҳ метавонад олуда кунад. Ин нерӯҳои иртиҷоъие, ки дар кишвари мо пайдо мешаванд, онҳо ҳатман реша дар ҷойҳои дигар доранд. Борҳо гуфтам нерӯҳои иртиҷоъӣ, ки душмани исломанд, дини мубини Исломро он қадар моҳирона истифода мекунанд, ки динпаноҳи тоҷик инро дарк намекунад. Масалан Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳои исломӣ аз нигоҳи маънавӣ бо Исроил зид ҳам бошанд, вале аз лиҳози тиҷорат бо якдигар ҳамкорӣ доранд. Вақте мо Амрико мегӯем, танҳо Обамаро дар назар надорем. Хуб Амрико як кишвари пешрафтаи иртиҷоъӣ набошад, аммо нерӯҳое дар дохили ин кишвар вуҷуд доранд, ки ин корро мекунанд ва ё Русия, агар Путин ҳам нахоҳад, вале дар ин мамлакат нерӯҳои силоҳфурӯшу героинфурӯш ва миллатгаро ҳаст, ки онҳо новобаста аз корҳои ҳукумату давлат корҳои худро анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр дар кишварҳои арабӣ ҳам ингуна нерӯҳое, ки бо мамолики абарқудрат ҳамкоранд барои ба зону нигоҳ доштани кишварҳои дигар ҳастанд. Мо гоҳо фикр мекунем, ки ҳукумати ҶТ агар бихоҳад корхонаву фабрикаҳои зиёде дуруст мекунад, вале нерӯҳои иртиҷоъӣ намегузоранд то ин кор сурат гирад. Ҷӯробу зерпӯшу зерпироҳанро аз Туркия меорем, ин кишвар ҳам намехоҳад то тавлидгаронаш бекор шинанд ва дар тамоми дунё ҷанг барои бозор асту ин ҷанг ошкору ғайриаланӣ идома дорад. мехоҳем то як тавлидгарро ба кишвар ворид кунем, вале пеши роҳи ӯро масдуд мекунанд. Дар Афғонистон ҳам 40 сол мешавад, ки суботро намехоҳанд ва дар Эрон ҳам. Бисёре аз таблиғгарони кишвари ҳамсоя дар дохили кишвар ҳам мегӯянд, ки сохтани ин нерӯгоҳ барои мо зарурат надорад. Онҳо чун ҳудуд ва марзашон зиёдтар аст, инро намепазиранд. Дар қавонини ҷаҳонӣ обҳои марзиву миёнмарзӣ аст, Вахш ҳам дар ӯзбакистон қарор надорад, вале онҳо аз ин истифода мекунанд ва ин нишон аз таҳаммлупазирии хирадмандонаи тоҷик аст. Дар кул 20 сол ҳеч аст. Ҳамин корҳои хурде монанди қонуни забон ё вақте сарвари давлат дар ҳамаҷо бо забони тоҷикӣ сухан меронад, наврӯзро дар ҳамаҷо ҷашн мегиранд корҳои хубе ҳастанд, ки дигарон онро намехоҳанд. Ман ба ин чизҳо хеле арҷ мегузорам ва чи тавре савол додед, ки расонаҳои хабарӣ инҳоро метавонанд нишон диҳанд, ин нишон аз қадр кардани арзишҳои миллист. Бубинед мо ва Эронро 100 сол буд дар ҷудоӣ нигоҳ медоштанд, чаро? Зеро ҷуз Русия аз Тошканд ҳам идора мешуд. Сарвари давлатамон ҳам корҳое мекунад, ки ҳокӣ аз хиради мардуми тоҷик асту онро бояд қадр кунем.

Ошуфтагӣ ҳаст, зеро ҷунбиши фарҳангӣ нест

- Пас вазифаи аслии анҷом нашудаи зиёиёни тоҷик ин парвариши нерӯест, ки ҷомеаро ҳидоят карда тавонад, илова бар ин боз чи вазифаи муҳими дигаре ҳаст, ки зиёиёнамон аз ӯҳдаи иҷрои он набаромадаанд?

- Ҷунбиши миллӣ вуҷуд надорад, ҷунбиши миллӣ боястӣ дар ҳамаҷо самимона барои худогоҳиву барои обод кардан бошад. Чунончи ховаршиноси бузург Андрес гуфтааст: "ҳамеша дар садади ҳазорсолаҳоем". ӯ мегӯяд, ки ман дар муқовимати миллати тоҷик дар ҳайрат мондаам. Инро ҳазорҳо бор куштанду нест карданд ва он дубора аз хокистар боло шуду худро сохт. Ҷунбиш ин кори ҳунармандон аст, вале мутаасифона тавре гуфтам, чунин ҳунарманде надорем то президентро барои бунёди ҷунбиши фарҳангии умумӣ ташвиқ кунад. Нишон додани консертҳову рақсҳову кадом намоиши либосҳоро ҳам ман дуруст мешуморам. Таблиғ кардани либоси миллиямонро дуруст мешуморам. Бигзор бинанд мо нисбат ба соири халқҳо вижагиҳое дорем, ки дигарон надоранду шояд ҳасад ҳам бибаранд. Ҳатто як фаронсавии бо фарҳанг ҳам агар биёяд, ҳасад мебарад, ки мо либоси миллии худро ҳифз кардаем. Вале суннатҳои миллии моро набояд суннатҳои динӣ аз байн бибаранд. Ҳастанд касоне, ки ба навъҳои тоҷикӣ даст мезананд монанди як номи сирф тоҷикиро ба номи дигар иваз кардан. Далели ин ошуфтагиҳоро ман дар роҳандозӣ накардани ҷунбиши фарҳангии ҳамагонӣ мебинам. Яъне вақте он бародари мо дар Русия кор мекунад, бояд дар сатҳи баланд маълумотро дар ватанаш барои кор фаро гидад. Ҳатто челонгриву кафошгариро бояд дар сатҳи баланд ёд бигирад, зеро нерӯи асосӣ ҳама вақт нерӯи коргари варзида аст. Ҷавонони мо мераванд онҷо ва инро ёд гирифта ба ватан бозгашта баъд ҳамчун мутахассис мераванд дар кишварҳои арабӣ кор мекунанд. Аз ин ошуфтагиву бечорагии худ бояд барои фардо биёмӯзем. Албатта ба он сатҳе, ки мо мехоҳем зуд расида намешаваду 20 сол барои таърих ҳеч аст. Мо дидем, ки мардум чи қадар хонаҳо сохтанд, вале баъзе аз мардум насохтанд хонаи падарии худро, минҷумла ман. Афроди зиёде ҳам дар паҳлӯи ман ҳастанд, ки кӯшиши сохтани хонаҳои зеборо доранд. Маводи сохтмонӣ замони шӯравӣ набуд, вале ҳоло ҳаст. Инҳо пешравист, аммо чизе, ки маро ошуфта мекунад, ин завқ надоштани мардум ба хондан аст. Ҳукумату зиёиён бояд коре кунанд то шахсе, ки китобхонда асту дониши зиёд дорад, арҷгузорӣ шаваду аз ҳар тараф ҳавасманд гардад, ҳам аз нигоҳи маънавӣ ва ҳам ғайра.

- Ин ҷунбиши фарҳангии ҳамагонӣ, ки гуфтед, барои ташкил шуданаш умеде доред?

- Ҳамин расонаҳои фейсбукиро бинед, он ҷо бародароне ҳастанд, ки бо дарк ва ҳассосияти баланд дар бораи ҳуввияти миллӣ сухан мегӯянд. Албатта андакхондаву камсаводон ҳам ҳастанд, ки ба таҳқири дигарон оғоз менамоянд. Як бародари мо ҳаст дар Инглистон, ки аз ҳамон ҷо дар хусуси забони мо, баргашт ва бозбинии забон адабии тоҷикӣ ҳарф мезанаду фикрронӣ мекунад. Як бародари дигари мо инро намехоҳаду мегӯяд, ки забони мо бузург аст. Баъзеҳо унвонҳои баланди илмӣ ҳам доранд. Бояд муқоисаҳо шавад ва ба хулосае биёянд, ки пеш аз ҳама забони адабии форсии тоҷикиро дар кадом поя биёмӯзонем. Агар мо забони модарии худро дар сатҳи баланд бидонем, пас омӯхтани забони русӣ ҳам дар сатҳи баланд осон мешавад. Ин ҷунбишро дар сурате, ки як касе раҳбарӣ кунад, мешавад роҳандозӣ кард.

"Ҳар зиёӣ равшанфикр шуда наметавонад"

- Он афроде, ки дар кишвари мо унвонҳои зиёди илмие доранд, ба тоифаи равшанфикрон дохил мешаванд, яъне ҳар зиёӣ равшанфикр шуда метавонад?

- Албатта ҳар касе наметавонад ҷавобгӯи ин истилоҳ бошад ва як идда аз бародарони бузурги мо, ки дар замони шӯравӣ соҳиби унвонҳои баланди илмӣ шуданд, ман наметавонам, ки дар ҳақашон сухани пасте бигӯям. Зеро онҳо дар замони худ заҳмат кашида рисола навиштанду унвон гирифтанд. Замона ҳамин тавр буд, масалан менавиштанд дар бораи аҳаммияти анҷумани 22 - юми КПСС барои пешравии соҳаи хоҷагии қишлоқ. Ин чизҳое буд, ки гузашту рафт ва дигар имрӯз зарурате ҳам надорад ва он одам хуб хондаст китобҳоро вақте, ки инҳоро доктору профессор меноманд ва меарзад барои ин унвон. Вале ин доктору профессорро бояд ба роҳе бурд то дарк кунад, ки дар замони шӯравӣ бисёре чизҳо ғалат ва иштибоҳ буд. Як иштибоҳ он буд, ки забони моро аз асолати забонии форсии худ ҷудо карданду забонро ланг ва бемор карданд. Бояд дубора ин забонро бозбинӣ кард. Барои ҳамин ҷаноби доктор ё профессор бояд инро дарк кунад ва мо он наҳзати миллиро роҳандозӣ кунем то он ҷаноби профессор ҳам дарк кунаду андешаҳои гузаштаи худро бозбинӣ кунад то мо бо киштии мурод ба соҳил бирасем. Ман ҳеч гоҳ таҳқир намекунам вақте як шоъири забардасти мо гуфт, ки байрақи сурхи партавафшон. Ин замона ҳамин тавр асту ӯ бо ин восита миллати худро дар назди ақвому милали дигар муаррифӣ кард. Ба хотири ҳамин замонааш мо набояд ба тарафи ӯ сангандозӣ кунем. Он гоҳ, ки мо тамоми назарияҳои гузаштаро мутолиъа мекунем, бояд бо айнаки интиқодӣ онро бубинем, вале касеро набояд таҳқир намоем ба вижа гузаштагонро. Онҳое, ки дар ҳизб кор мекарданд, бисёр зиёд буданд, вале аслан барои миллат коре накарданд. Инро бояд ба назар гирифт, зеро ба ҳам омадани мардуми тоҷик бисёр муҳим аст ва тоза ин ҳам кам аст. Ба ҳам омадани мардуми тоҷики инҷо, тоҷикони Самарқанду Бухорову Кобулу то ба ҳам омадани эрониён, ки мо ҳам як фарҳангу як таъриху як дин дорем. Шохаҳои дини мо зиёд аст ва ҳаргиз набояд мо ба як мӯътақиди як равияи дини Ислом бо чашми ало ба он назар кунем. ӯ ҳам Худояш ягона аст.

- Падидаи маҳалгароиро дар байни зиёиёни мо чигуна арзёбӣ мекунед?

- Ин чиз вуҷуд дорад. Вале ман таҳлил карда мегӯям, ки пас аз истиқлолият ин дар ибтидои рӯ ба нест шудан аст ва гомҳои нахустинро барои аз байн рафтан мегузорад. Зеро дар атрофи худ мебинам, ки як рафиқи кулобӣ заррае бадбинӣ нисбат ба як рафиқи хуҷандӣ надорад. Гарчанде дар замони шӯравӣ ин кор аз тарафи ӯзбакистон идора мешуд. Аммо ҳоло ӯ бадбинӣ надорад ва оҳиста - оҳиста равшанандешон инро дарк карданд, ки яке аз ошуфтагиҳои бисёр бузурги мардуми мо ҳамин маҳалгароист. Мо вақте мегӯем, ки фалонӣ хуҷандисту дигар кулобӣ ва боз дар Кулоб мегӯем, фалони данғаригист, албатта ин амали як шахси дур аз тарбия мебошад. Мо бояд имрӯз фикр кунем оне, ки Қазвинисту Исфаҳонӣ, бародари мост ва оне, ки дар Самарқанд аст, инҳо фарҳангитарин бародарони мо дар рӯи дунё ҳастанд. Хоҳарони мо онҷо ҳастанд ва замона ҳуқуқ надодааст, ки мо ин миллатро ҷудо кунем.

Мусоҳибаи Сиёвуш Қосимзода

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)