Бахшҳо
23 авг 2012 13:01Гузориш

Роғун ба интихоботи соли 2013 таъсир мерасонад?

Дар маҷмуъ Роғун на он қадар таъсир хоҳад расонид. Чун он қадар бовариву эътиқоди мардум ба ин тарҳ боқӣ намондааст.

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛОҲ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Дар Азия плюс навиштанд, ки коргарон аз Роғун ҷавоб дода шудаанд, вале ин чандон дуруст нест. Шиор кардани Роғун таъсираш камтар шудааст ва шиорбозӣ ҳам он вақт лозим аст, ки дар интихобот рақобати ҷиддӣ ба назар расад. Ва инро қувваҳои рақобаткунанда метавонанд ба тарафи худи бикашонанд. Вале ба назар намерасад, ки нерӯи ҷиддан рақобаткунандае пайдо гардад. Аз онҷое, ки шиори Роғун хеле матраҳ шудаву зиёд садо додаасту аммо натиҷааш чандон ба чашм нарасида бошад, таъсираш сусттар мегардад. Таъсир ҳамон вақт мерасад, ки ин шиор амалӣ гардад. Баъид аст, ки Роғун мардумро ба худ ҷалб кунад. Ин таъсире дар интихобот намегузорад. Ин ки матраҳ кардани Роғун дар интихобот ба муносибатҳо бо ҳамсояҳо таъсир дорад ё на, бояд гуфт, ки муносибатҳо то андозае бад аст, ки аз ин бадтар шуданаш ба гумон аст.            

Усмон СОЛЕҲ, раиси шӯъбаи таблиғотии ҲХДТ

Агар мо пеши роҳи обро мебастем, аз ин истифода бурдан мумкин буд, аммо чун Бонки ҷаҳонӣ озмоиш гузаронида истодааст, мо дар ин маврид  коре карда наметавонем. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба як сумбули миллӣ табдил шудааст, зеро саҳмияҳо ба фурӯш гузошта шуду мардум бо як ифтихори баланду рӯҳбаландӣ саҳмияҳоро харидорӣ намуданд. Аз ҳамин лиҳоз дар интихобот истифода бурдани Роғун мумкин аст, ки сохта мешавад ва мо умед дорем бо қувваи худӣ онро месозем. Дар асоси меъёрҳои демократӣ ва бо назардошти манофеъи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва минтақа мо ба экспертизаи Роғун розӣ шудем то ба як хулоса биёянд то дар оянда боиси гапи зиёдатӣ нашвад. Ба ҳамин хотир як масъалаи сирф иқтисодӣ ба як масъалаи сирф сиёсӣ табдил ёфт. Чи хеле, ки мегӯянд, "бо хизмату мусоидати ҷумҳурии ҳамсояи мо ӯзбакистон".      

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили парлумон

Роғун масъалаи стратегии Тоҷикистон ва ояндаи иқтисодиёти мамлакат аст. Бунёд намудани ин нерӯгоҳ ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар хеле вобастагӣ дорад. Ҳалли масоили энергетикӣ яке аз масоилест, ки дар ҳар давру замони сабқатҳои интихоботӣ мавриди баҳрабардории ин ё он номзади президентӣ шуда метавонад. Барои ҳалли ин ҳар номзаде, ки ба президентӣ пешниҳод мегардад, бояд мушаххасан муайян карда шавад. Дар ҳалли ихтилофи Роғун нақши институтҳои байналмилалӣ хеле муҳим аст. Сарфи назар аз ин ки аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун баъзе кишварҳои ҳамсоя монанди ӯзбакистон имрӯз шикоят менамоянду монеъа эҷод мекунанд, ҳалли он вақтро талаб дорад. Роғун на танҳо барои мардуми Тоҷикистон балки барои худи ӯзбакистон ҳам дар оянда зарур аст. Чун дар оянда барои мардуми кишвар энергияи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ самаранок лозим мебошад. Кишварҳои ҳамсоя наметавонанд як умр бо истифодаи захираҳои нафту энергияи сангинро истеҳсол намоянд. Аз ин хотир вақте бунёди нерӯгоҳи Роғун ба поён мерасаду мавриди истифода қарор мегирад, харидороне, ки дар минтақа ва ё берун аз онанд, аз ҳама бештар ба моли арзону бо сифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро харидорӣ менамоянд. Аз ин дидгоҳ ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун дар оянда амри воқеист ва касе инро гирифта наметавонад. Зеро ҳаёт маҷбур мекунад то Роғун сохта шавад ва ин албатта яке манбаъи даромад ба иқтисодиёти кишвар ва роҳи афзоиши ММД аст. Чун ин интихоботи соли 2013 дар пеш аст, бояд фаромуш накард, ки ҳар касе дар интихобот ширкат мекунад новобаста аз мавқеи сиёсиву ҳизбӣ агар масъулиятро эҳсос кунад, аз мавзуъи Роғун дур шуда наметавонад. Зеро Роғун наҷотбахши иқтисодиёти Тоҷикистон ва мушкилоти минтақа аст.                        

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Инро дар интихоботи соли 2013 ҳамчун шиор истифода хоҳанд кард, вале ба ҳар ҳол таъсири зиёде нахоҳад расонид. Ва ҳар бор таъкид мешавад, ки сохтмони Роғун барои зебоиву беҳбудии кишвар аст. Аммо то ҳол ин кор амалӣ нашудаасту дар таъсироти мардум ҳам як ҳадафест, ки хеле характери абстракт дораду масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва барқарор кардани раванди ислоҳот дар Тоҷикистон ба вижа дар соҳаи хоҷагии қишлоқро дар бар мегирад. Дар маҷмуъ Роғун на он қадар таъсир хоҳад расонид. Чун он қадар бовариву эътиқоди мардум ба ин тарҳ боқӣ намондааст.              

Раҳматилло ВАЛИЕВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Таъсир доштан ё надоштани Роғун аз шаффоф гузаштани интихобот вобаста аст. Агар интихобот шаффоф гузарад, дода шудани овозҳои каму зиёда ба президент маълум мешавад ва ин вобаста аз он аст, ки чи тавр интихоботҳо сурат мегирад. Тавре медонем имрӯз дар Тоҷикистон кам интихоботҳое мебошад, ки пурра шаффоф гузарад аз он ҷумла интихоботҳои президентӣ. Соли оянда, ки интихоботи президентии Тоҷикистон асту ваъдаҳои сохта шудани Роғун марбут ба  солҳои пеш буд. Аз як ҷиҳат муҳим аст, ки саҳмияи зиёде фурӯхта шуд ва мо гуфта будем, ки сарнавишти ин саҳмияҳо ба тақдири саҳмияҳои Сангтудаи 1 баробар мешавад. Имрӯз ҳам ҳамин чиз дар ҷарён асту тақдири нерӯгоҳи барқи обии Роғун то ҳол номаълум аст ва бояд дид, ки оянда чӣ мешавад. Барои ҳамин он мардуме, ки ин чизҳоро мефаҳманду қариб 8 моҳ дар торикӣ зиндагӣ мекунанд, албатта ба ин овози манфӣ медиҳад. Вақте дар интихобот ваъда медиҳанду дар мӯҳлати муқарра кор анҷом намешавад, мардум мегӯянд, ки онҳо аз ӯҳдаи кор набаромаданд ва ё ваъдаҳо дурӯғ буд. Ҳадаф аз интихобот сарбалан шудан аст. Ин ба интихобот натиҷаи манфӣ мерасонад ва ҳатман он касе, ки номзад ба президентии Тоҷикистон мешавад, шиори якумаш Роғун аст. Чун то мо Роғунро насозем, Тоҷикистон бо ин торикӣ  истеҳсолоти сабуку сангин пайдо карда наметавонад ва он касе, ки ваъдаи рӯшан кардани хонаи ҳар як тоҷикро медиҳад, муҳоҷирои меҳнатии 2 млн. нафараро бармегардонаду бо кор таъмин менамояд, агар барқ дар малакат набошад, ин шиорҳо ҳама ботил аст. Ҳатман бояд инро ба Роғун вобаста созанд, ки то мӯҳлати муайян Роғунро месозанду истеҳсолотро ташкил менамоянд, инҳо ҳама шиорҳои рақами як барои номзадҳо мешавад. Бо ӯзбакистон, ки барои сохта шудани Роғун зиддият эҷод мекунад, дипломатияи бисёр калон лозим то бо онҳо гуфтушунид кард. Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон президенти оянда Эмомалӣ Раҳмон мешавад ё дигарон, мо бояд Роғунро созему бо ӯзбакистон ва дигар ҳамсояҳо муносибати хуб дошта бошем. Бояд муносибатро бо ҳама ҳамсояҳо хуб карду Роғунро сохт. Чун Роғун ин тақдири Тоҷикистон аст. Ин бастагӣ ба сиёсат ва дипломатияи баланди президент дорад, ки то кадом андоза ин корро ҳал карда метавонад.  Ҳалли ин вобаста аз ин ки ин шиорро мепартоянду онро чигуна матраҳ мекунанд аст, новобаста аз экспертизаи Бонки ҷаҳонӣ ва норозигии ӯзбакистон инро сохтан гапи дигар аст. Мо бо он кишварҳое, ки мухолифи сохтани Роғунанд, гуфтушунид мекунем то бидонанд, ки чунин аст. Зеро дар гуфтушуниди байни ду давлат ин чизҳо ҳал мегардад. Агар дипломатияи баландро истифода кунанд, аз ҷониби ӯзбакистон ҳассосият эҳсос намешавад. Сохтани Роғунро нодида гирифта намешавад. Кӣ президент мешавад намешавад, бояд бо ӯзбакистон муносибат кунем ва Роғунро низ созем.                                                     

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини раиси ҲНИТ

Хуб ин хеле рӯшану ҳувайдост ва ҳатман таъсир мерасонад. Чун агар дар ёд бошад, аз ҷониби ҳукумати кишвар эълон шуда буд, ки Роғун ин ҳаёту мамоти Тоҷикистон асту аз таъсираш ба интихобот болотар сухан гуфта шуда буд. Бинобарин сохта шудани Роғун барои онҳое, ки ин тарҳро пешниҳод кардаанд, муваффақият аст. Пеш нарафтани барномаҳои ҳукумат таъсири худро дорад, таъсири аввалӣ мусбат асту баъдӣ манфист. Агар сохта нашавад шояд, ки дар обрӯи сиёсии нафари аввали кишвар хеле зарба ворид менамояд. Шиори Роғун дар интихобот шояд он қадар сурат нагирад, чун ҳамин иқдоме, ки то ба имрӯз дар хусуси сохта шудани Роғун шуд, ҳамин ҳам яке аз ҳадафҳояш ҳадафи сиёсӣ ва интихоботи пешорӯ инчунин соҳиб шудан ба курсӣ буд ва ҳамин ғаразҳо шояд боис мешаванд, ки мо ба ин ҳадафи қиммати худ расида наметавонем. Аз нигоҳи мо номзадҳо бояд кори худро мухлисона пеш баранду ҳадафи сиёсие надошта бошанд. Дигар ин ки ин тарҳ як тарҳи сангини байналмилалисту "риск"-и калон мехоҳад ва ҳар як номзад ҷуръат намекунад инро барномаи худ қарор диҳад. Муносибати ҳукумати мо бо кишвари ҳамсоя ба камоли бадӣ расидааст ва дигар аз ин бадтар намешавад.   

Нуралӣ ДАВЛАТ, сиёсатшинос

Роғун ба ҳеч ваҷҳ таъсире расонида наметавонад. Зеро Роғун аз хотири мардум дигар фаромуш шудааст. Вақте як тарғиботе набошаду ВАО ва аслан ҳечкас дар борааш  гап назананд. Ман фикр мекунам агар вазъияте, ки имрӯз ҳаст, идома ёбад, Роғун дигар ҳечгуна таъсире расонида наметавонад.     

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)