Раҳмонов: "Замони бо бӯр навиштан гузашт..."

Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, имрӯз, 28 феврал, дар шаҳри Душанбе, зимни конфронс дар мавзӯи «Раҳёфтҳои навин дар таълим ва такмили забонҳои хориҷӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» таъкид кард, ки “замони бо бур навиштанҳо” гузашт.
Раҳмонов, ки айни ҳол роҳбарии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) -ро ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки дар кафедраҳои забонҳои хориҷии муассисаи зертобеаш, ҳамагӣ ду ё се муаллими ҷавон ба воситаи лаптоп ё проектори электронӣ дарс мегузаронанд. Ӯ ин ҳолатро “ғайриқаноатбахш” хонда, зарур гуфт, ки зимни таълими забонҳо дар кишвар аз технологияи муосир бештар истифода шавад. Раҳмонов барои шинос намудани ҳозирин бо имконоти технологияи муосир телефони ба гуфтаи худаш “Айфон 5”-ашро намоиш дод, ки метавонад, сабт, тарҷума ва дигар амалиётро гузаронад.
Дар ҳамин ҳол Гулрафтор Музаффарова, мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии ДДОТ ва яке аз ибтикорони ин конфронс, таъкид намуд, ки дар шароити низоми кредитии таҳсилот, ҳар як кафедра ӯҳдадор аст, раванди таълимро бо истифодаи маводҳои таълимӣ-методии муосир ба роҳ монад: “Аз ҷумла роҳнамои донишҷӯ, маводҳо барои дастурҳои аудиторӣ, барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, барои санҷиши сатҳи дониши донишҷӯён, дастурҳои методӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ пурра бояд таъмин бошанд.”
Гулрафтор Музаффарова, барои пешравӣ дар ин самт, таъсиси хадамоти тютерӣ дар назди кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳиро зарур медонад. Ба гуфтаи ӯ, ин роҳи муносиби муайянсозии на танҳо сифати фаъолияти тадрисшаванда, балки омодагии кафедраҳо ба шакли нави таҳсилоти низоми кредитӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |