Тавофуқи Омбудсмен барои ҳимоят аз муҳоҷирон дар Санкт-Петербург
Омбудсмени Тоҷикистон бо ҳамтояш дар Санкт-Петербурги Русия ба мувофиқа расидаанд, ки дар якҷоягӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ низ ҳимоят хоҳанд кард. Дар ин бора миёни Зариф Ализода, ваколтадор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Александр Шишлов, Омбудсмени Санкт-Петербург, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ҳадафи аслӣ аз ин созишнома “ҳимояи ҳуқуқи инсон, ба хусус дар бахши муҳоҷирати корӣ дар Санкт-Петербург” будааст.
Александр Шишлов, Омбудсмени шаҳри Санкт-Петербург, гуфтааст, дар маҷмӯъ ҳадафи онҳо ҳалли мушкили нақзи ҳуқуқи инсон буда, умед дорад, то ин созишнома барои омода кардани муҳоҷирони корӣ ва зиндагиву фаъолияти онҳо дар шаҳри мазкур мусоидат хоҳад кард.
Қарор аст, Зариф Ализода дар доираи сафараш ба Санкт-Петербург ҳамчунин бо раҳбари кумитаи меҳнати ин шаҳр мулоқот анҷом дода, аз маркази ягонаи муҳоҷират боздид намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |