Ишораи президент ба муҷозоти волидайни Маликаю Сабина

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи пайём аз риоя нашудани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар кишвар интиқод намуд.
Президент гум шудани ду духтари ноболиғро дар Душанбе зикр намуда, бесаробон гузоштани ду кӯдаки 5-6 сола интиқод мояи нигаронӣ гуфт. Ӯ таъкид кард, ки дар кишварҳои дигар барои чунин бемасъулиятиҳо дар ҳаққи фарзанд муҷозот мекунанд. “Бояд волидайн масъулиятро эҳсос кунанд. Ин ҷо пойтахт аст. Ин бозору колхоз нест.”
Бо вуҷуд ахиран Эмомалӣ Раҳмон аз сохторҳои қудратии кишвар даъват кард, ки барои пайдо намудани Малика ва Сабина, ду ноболиғи гумшуда дар Душанбе, чораҳои заруриро биандешанд. Раисиҷумҳур гумшавии Малика ва Сабинаро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кардааст.
Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке чоруним ва дигаре шаш сол доранд, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16-00, аз кӯчаи Айнӣ бедарак шудаанд. Мақомот мегӯянд, барои пайдо кардани Малика ва Сабина як гуруҳи махсуси оперативӣ ташкил шуда, раванди тафтишот таҳти назорати Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии кишвар қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |