Бо фарорасии фасли баҳор дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб теъдоди дӯконҳои мавсимӣ афзоиш ёфтаанд, ки дар онҳо сирф маҳсулоти табиӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон”, ки аз ин шоҳроҳ гузар дошт, чандин нуктаҳои мавсимии фурӯшро аксбардорӣ кардааст, ки дар он сокинони навоҳии сарироҳӣ барои дарёфти қути лоямуташон ғизоҳои гиёҳӣ ва алафҳои кӯҳистонро пешниҳоди роҳгузарон мекардаанд. Таваҷҷуҳи харидорон низ ба маҳсулоти табиии куҳистони Тоҷикистон зиёд ба назар мерасидааст.
Мӯҳр