Вазорати рушди иқтисоду савдо нархҳоро мониторинг кардааст
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар пайи таҳлили нархи маҳсулоти озуқа дар бозорҳои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки бархе аз маҳсулоти ғизоӣ то 30 дарсад қиматтар шудаанд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон аз апрели соли гузашта то моҳи равон нархи як халта орди навъи аввали истеҳсоли Қазоқистон беш аз 30 дар сад ва орди навъи аввали ватанӣ 28 дарсад афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои манбаъ, нархи гӯшти гов 15 дар сад, гӯшти гӯсфанд 15 дар сад, нархи помидор 21 дар сад, нархи себ 13 дар сад афзоиш ёфтааст.
Дар қатори маҳсулоти озуқае, ки тайи 12 моҳи охир арзонтар шудаанд, масъулини Вазорати рушди иқтисоду савдо шир, шакар, тухм, биринҷ ва маҳсулоти макарониро ном бурданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |