Баҳси чанбараки рости мошинҳо дар Қирғизистон доғ мешавад

Ронандагони қирғиз лоиҳаи қонун дар мавриди манъи истифодаи мошинҳои чамбаракашон аз тарафи рост дар Қирғизистонро “қонуни зиддимардумӣ” хонда, гуфтаанд, аз раисиҷумҳури кишварашон дархост менамоянд, то зери ин лоиҳа имзо нагузорад.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, дар ин бора имрӯз 7-уми май намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ронандагони мошинҳои чамбаракашон аз тарафи рости Қирғизистон зимни нишасти хабарие изҳор намудаанд.
С.Пономарев, раиси Созмони бозор, корхонаҳои савдо ва хидматрасонии Қирғизистон, мегӯяд, “мухолифи ба тасвиб расидани ин қонун мебошем. Зеро ин қонун ба аксари ширкату корхонаҳо таъсири худро мерасонад ва бархе аз муассисаҳоро барои гузаштан ба фаъолияти пасипардагӣ водор мекунад. Ба хусус ронандагони мошинҳои чамбаракашон аз тарафи ростро. Чи тавре имрӯз казиноҳо ба фаъолияти пасипардагӣ гузаштаанд.”
Ба гуфтаи Пономеров, дар бештари сониаҳои нақлиётӣ бояд, ронандагони камтаҷрибаро гунаҳкор ҳисобид, на ронандагони мошинҳои чамбаракашон аз тарафи ростро. “Ба иттилои мақомоти БДА-и кишвар танҳо дар 18%-и садамаҳои нақлиётӣ ронандагони ин навъи мошинҳо гунаҳгор дониста шудаанд. Вале дар бораи омори сониаҳое, ки бо ҷурми ронандагони навтаҷриба рух додааст, ин ниҳод маълумоте надорад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Июн 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |