Бахшҳо

“Рӯ ба рӯ”: Мулоқот бо футболбозон, таъсиси "Растохез" ва огоҳии КДБ ба Мирраҳимов

Нуралӣ ДАВЛАТ

ҚИСМАТИ АВВАЛ

ҚИСМАТИ ДУВУМ

ҚИСМАТИ СЕЮМ

СУҲБАТИ САМИМОНАИ ФУТБОЛБОЗОН


Ба мулоқотҳои маҳфили "Рӯ ба рӯ" бо роҳбарият ва футболбозони дастаи "Помир"-и Душанбе на танҳо аъзои маҳфил, балки мухлисони зиёд низ ҳозир шуданд. Соли 1989 нахустин соли ҳунарнамоии ин даста дар лигаи олии Иттиҳоди шӯравӣ буд. "Помир" баъди ҳунарнамоии чандин даҳсола ба лигаи олии футболи Иттиҳоди шӯравӣ ноил гардид. Барои насле, ки дар давраи истиқлол таваллуд шудааст, шояд номи ин даста маълум набошад, барои ҳамин, инҷо ироаи маълумоти мухтасарро ҷоиз медонам. "Помир" дар тӯли чанд даҳсола дар лигаи якум ҳунарнамоӣ кард ва ин ҳама солҳо футболбозони тоҷик кУшишҳои зиёде ба харҷ медоданд, ки ба лигаи олӣ роҳ ёбанд. Бархе роҳбарони ҷумҳурӣ мухлисони ашаддии ин даста буданд. Бинобар ин, ҳар коре, ки аз дасташон меомад, барои футболбозони дастаи "Помир" мекарданд. Нимаи солҳои 80-ум вақте ки сармураббии даста Сёмин таъин шуд, "Помир" дар остонаи гузариш ба лигаи олӣ қарор гирифт, вале бахташ омад накард. Ахиран, дар соли 1988 дастаи футболбозони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббии тоҷик Шариф Назаров тавонистанд ба лигаи олӣ бароянд. Он рӯз дар Тоҷикистон тӯй буд, зеро бозингарони даста ба қаҳрамонон мубаддал гашта буданд. Дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Фрунзе барои тамошои футбол баъзан то 20 ҳазор нафар мухлис ҷамъ мешуданд. Вақте ки баъди бозӣ мухлисон берун мешуданд, хиёбони Путовский аз одамон лабрез мешуд. Дар тӯли солҳои зиёд бозиҳои "Помир"-ро шореҳи варзиш Нарзулло Латифов шарҳ медод. Садои ӯ солиёни дароз тавассути телевизор дар ҳар як хонадон садо медод. Теъдоди хеле ками журналистони тоҷик ба андозаи ӯ маъруф буданд.

“Рӯ ба рӯ”: Мулоқот бо футболбозон, таъсиси "Растохез" ва огоҳии КДБ ба МирраҳимовСоли нахустини ҳунарнамоии дастаи "Помир" дар лигаи олӣ чандон муваффақона набуд, бинобар ин, роҳбарияти даста дар мулоқот бо мухлисон маҷбур шуданд, ки ин ҳақиқатро бипазиранд. Гузориши муфассал аз рафти вохӯрӣ бо ибтикори клуби "Рӯ ба рӯ" дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" бо имзои шореҳи варзиш Имом Назар чоп шуд, ки мо фишурдаи онро дар ин мақола истифода мекунем. Дар мулоқоте, ки клуби сиёсии "Рӯ ба рӯ" бо футболбозон ва роҳбарияти дастаи "Помир" ташкил карда буд, мухлисони зиёде ҷамъ шуда буданд ва онҳо ба меҳмонон саволҳои дандоншикан медоданд. Тафовути варзишгарон аз роҳбарони ҷумҳурӣ ин буд, ки онҳо камбудиҳои худро эътироф мекарданд. Масалан, пурсида шуд, ки чаро бозии даста дар лигаи олӣ суст аст ва кӣ Олег Хабиро ба ҷои Шариф Назаров сармураббӣ таъин кард? Посух ин буд, ки даста ҳоло таҷрибаи кофӣ надорад, гузашта аз ин, чанд нафар бозингар табобат гирифта истодаанд. Аз ҷониби дигар, роҳбарияти даста эътироф кард, ки на ҳамаи бозингарон барои ҳунарнамоӣ дар лигаи олӣ, ки нисбат ба лигаи якум заҳмати дучандро талаб мекунад, тайёр будаанд.

Пурсида шуд, ки оё даста футболбозони ботаҷрибае дорад, ки ҷаримаи 11-метраро ба нишон расонида тавонанд? Ин ишора ба Мӯҳсин Муҳаммадиев, яке аз беҳтарин бозингарони "Помир" буд, ки тӯбро ба дарвозаи "Динамо"-и шаҳри Минск дароварда натавониста буд. Мухлисон ҳамчунон пурсиданд, ки чаро футболбозон дар дақиқаҳои охирини бозӣ дар сафар хеле суст баромад мекунанд ва аз ҷониби дигар, чаро интизоми бозингарони "Помир" бад аст? Ё чаро даста мисли дастаҳои машҳури "Динамо"-и Киев ва "Динамо"-и Минск ҳунарнамоӣ карда наметавонад? Ҳамчунин аз роҳбарияти даста пурсида шуд, ки оё онҳо ҳозиранд ба Бунёди забони тоҷикӣ аз ҳисоби даромади даста маблағ гузаронанд? Посух ба ин савол мусбат буд. Пешниҳод шуд, ки дар либосҳои варзишии дастаи "Помир" номи даста бо ҳуруфи арабиасос навишта шавад, роҳбарияти даста ваъда дод, ки кӯшиш мекунанд ин пешниҳод амалӣ шавад. Ҳамчунин, як соҳибкори тоҷик бо номи Абӯбакр Азизхоҷаев эълон кард, ки чун аксари мухлисони даста тоҷиконанд, ӯ ҳозир аст барномаи ҳунарнамоии бозиҳои "Помир"-ро ба забони тоҷикӣ чоп кунад.

ЛОИҲАҲО - ТАКРОРИ ГУЗАШТАҲО

Дар ҳоле, ки маҳфили "Рӯ ба рӯ" мулоқотҳои худро доир мекард, як гуруҳ фаъолон ба ташкил кардани Созмони мардумии "Растохез" шурӯъ карданд ва рӯзи 14-уми сентябр маҷлиси муассисонро доир намуданд. Ба Созмони мардумии "Растохез" як бахши алоҳидаи ин мақола бахшида шудааст, бинобар ин, ҳоло инҷо суханро ба дарозо намекашем. Ин созмон аз ҷониби раиси КБД Петкел ва кормандони русзабонаш миллатгаро ва қудратталаб ҳисоб мешуд, Инҳо бовар доштанд, ки Растохез мисли фронтҳои халқи ҷумҳуриҳои дигар барои сарнагун кардани сохти шӯравӣ ва ташкил кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол арзи вуҷуд кардааст. Аз ин рӯ, КБД дар фикри беобрӯ кардан ва аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ кардани ин созмон афтод. вақт хеле кам монда буд. Ин масъала бояд то баргузор шудани интихоботи парламенти соли 1990 ба анҷом мерасид, зеро аъзои зиёди Растохез шанси соҳиб шудани мандати депутатиро доштанд...

Тибқи қонунгузорӣ, дар зимистони соли 1990 дар Тоҷикистон бояд интихоботи Шӯрои олӣ доир мегардид. Бинобар ин, лоиҳаи Қонун дар бораи интихобот ба яке аз мавзӯҳои доғ табдил ёфт. Тобистони соли 1989 Лоиҳаи Қонуни асосӣ дар матбуот чоп гардида, таваҷҷуҳи равшанфикрон ва умуман огоҳонро ба худ ҷалб кард. Дар матбуот муҳокимаи ин лоиҳа шурӯъ гардид. Фаъолони "Ру ба рӯ" ва Созмони "Растохез" дар ин маърака фаъолона ширкат карданд. Масалан, яке аз аъзои фаъоли маҳфил Мирбобо Мирраҳимов рӯзи 30-юми август дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" мақолае зери унвони "Лоиҳа ё такрори гузаштаҳо" чоп намуда, дар он андешаҳои худро иброз дошт. Мавсуф эълон дошт, ки як қатор моддаҳои лоиҳаи нави Қонуни асосии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат тағйиру такмил ва таҳрири ҷиддиро талаб мекунанд. Ба андешаи ӯ, боби "Системаи интихобот" дар ин радиф дар ҷои аввал меистад. Олими файласуф иддао мекунад, ки Қонуни нави ҷумҳурӣ набояд ба мисли интихоботи Шӯрои олии Иттиҳоди шӯравӣ, ки моҳи марти соли 1989 баргузор гардида буд, барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар парламент сеяки мандатҳои депутатиро вогузор кунад. Дар ин иртибот М. Мирраҳимов иддао мекунад, ки намояндагони созмонҳои ҷамъятиро аллакай як бор интихоб кардаанд, пас чӣ зарурат дорад, ки онҳо дар органи олии қонунбарор ҳам намояндагӣ кунанд?
- Оё хуб нест, ки бародарону хоҳарони арҷманде, ки дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ интихоб шудаанд, ба ин вазифа қаноат кунанду онро пурра ба ҷой оранд?,- савол медиҳад ӯ.

Ба фикри М. Мирраҳимов, яке аз сабабҳои ҷиддии рукуд ё карахтӣ дар ҷомеаи шӯравӣ ҳамин бисёрмансабдорӣ будааст. Бо дарназардошти ин, муаллифи мақола пешниҳод мекунад, ки сеяки мандати депутатҳои халқи Тоҷикистон ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ вогузор нашавад. Пешниҳоди мушаххаси ин фаъоли маҳфили "Рӯ ба рӯ" ин буд, ки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ тавонанд номзадии худашонро дар интихобот ба таври инфиродӣ пешниҳод кунанд ва соҳиби боварии халқ шаванд. Нуктаи дуюме, ки М. Мирраҳимов тазаккур медиҳад, иртибот дошт ба интихоботи раиси Совети Олии Тоҷикистон. Ӯ пешниҳод мекунад, ки раис ё президенти ҷумҳурӣ на дар сессияи Совети олӣ аз ҷониби депутатҳо, балки дар интихоботи умумихалқӣ баргузида шавад. Ин зарбаи рӯирост ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд, зеро ӯ пешниҳод мекард, ки роҳбарони коммунист вориди интихоботи демокративу шаффоф шаванд, на аз тариқи квотае, ки ҳизб барояшон ҷудо мекунад, мандати депутатиро соҳиб гарданд. Мақсади М. Мирраҳимовро роҳбарияти КМ ҲКТ хуб дарк карданд. Яъне, агар интихобот бидуни тақаллуб сурат бигирад, Созмони мардумии "Растохез", ки дар ҳайати он афроди маъруф хеле зиёд буданд, ба парламент роҳ меёбанд ва дар муқобили Ҳизби коммунист, ки суқуташ дар бархе ҷумҳуриҳо аллакай шурӯъ шуда буд, қарор мегиранд.

ОГОҲИИ КДБ БА ФАЪОЛИ "РӮ БА РӮ"

Баъди ду рӯзи эълони таъсиси "Растохез" иттилоияе аз номи Гуруҳи матбуотии КГБ-и РСС Тоҷикистон чоп шуда, дар он М. Мирраҳимов - муовини раиси созмони мардумии Растохез миллатгаро ва душмани сохти шӯравӣ эълон шуд. Рӯзи 29-уми сентябри соли 1989 мулоқоти аъзои "Рӯ ба рӯ" бо намояндагони ин созмон доир шуд, ки дар он иттилоияи КГБ дар бораи М. Мирраҳимов низ мавриди баҳс қарор гирифт. Мутассифона, гузориши муфассал аз ин мулоқот дар ягон рӯзномаи ҷумҳурӣ чоп нагардид, вале ба қавли шоҳидони айнӣ, дар ин мулоқот намоядагони КГБ низ мисли дигар намояндагони воломақоми партия ва ҳукумат ба саволҳои аъзои маҳфил посухҳои қаноатбахш дода натавонистанд. Аслан, дар он шароит, ки ҳар рӯз матбуоти чопи Маскав аз ҷиноятҳои КБД дар тӯли даҳсолаҳои гузашта ҳикоят мекарду афкори ҷомеаро дар ин росто ташаккул медод, қонеъ кардани мухолифони давлати шӯравӣ воқеан ҳам кори мушкил буд. Як сабаби дигар дар он нуҳуфта буд, ки тамоми мансабҳои калидӣ дар КБД-и РСС Тоҷикистон дар дасти ғайритоҷикон ва хизматгорони Кремл буд, ки барояшон манфиатҳои миллати бумӣ ҳеҷ арзиш надошт.

Дар мавод алайҳи М. Мирраҳимов зери унвони "Симои ҳақиқӣ" Гуруҳи матбуотии КГБ изҳор медошт, ки плюрализм, ошкорбаёнӣ, самимият нишонаҳои демократияанду мо онҳоро бо душвориҳо соҳиб шудаем, вале аксар вақт авомфиребон ва дар баъзе мавридҳо шахсони бадхоҳ ин вожаҳоро истифода мебаранд. "Масалан, яке аз онҳо (М. Мирраҳимов дар назар аст,- Н. Д.) ба ноҳияи Панҷакент рафта, ба сокинон маслиҳат додааст, ки ҳеҷ гоҳ намояндаи русро (сухан дар бораи директори комбинати кӯҳии Анзоб Глазунов аст,- Н. Д.) ба депутати халқи СССР пешбарӣ накунанд, зеро вай ҳаммилатони худро дар атрофаш ҷамъ оварда, биноҳои зиёди чорошёна месозад ва шумо тоҷиконро танг мекунад",- гуфта мешавад дар огоҳиномаи "Симои ҳақиқӣ". Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки файласуф гуфтааст, ки баъди 10 сол дар инҷо ягон рус намемонад. Баъдан дар ин навишта таъкид мешавад, ки на ҳамаи шунавандагон ба фалсафафурӯшии файласуф бовар мекунанд.

Боре дар рафти мулоқот бо хонандагони "Пионери Тоҷикистон" ва "Чашма" қариб нисфи ҳозирон залро тарк карданд. Ба иддаои Гуруҳи матбуотиии КГБ-и РСС Тоҷикистон, ин даъфа М. Мирраҳимов ба унвони бародарони ӯзбек носазоҳои зиёде гуфтааст. Дар "Симои ҳақиқӣ" иддао мешавад, ки М. Мирраҳимов гӯё чунин гуфта бошад:
- Мо ба районҳои республика сафар карда, дар хобгоҳҳо бо донишҷӯён мулоқот мекунем ва онҳоро ба муборизаи зидди русҳо ва роҳбарони республика бармехезонем. Мо ҳисобамонро бо ӯзбекҳо низ баробар мекунем. Масъалаи онҳо баъди пеш кардани русҳо ҳал мешавад.

Гуруҳи матбуотии КГБ ҳамчунин иддао мекунад, ки М. Мирраҳимов кӯшиш мекунад идеяҳояшро ба воситаи радиою телевизион ва матбуот ташвиқу тарғиб намояд, аммо дар асл ӯ драмнависи бебарор аст. Барои исботи ин далел ишора мешавад ба сенарияи филми "Мерос", ки онро файласуф навиштааст. Ба қавли Гуруҳи матбуотии КГБ, дар ин сенария вазъияти ногувори ёдгориҳои таъриху маданияти республика тасвир шудааст, аммо муаллиф инро ҳам ба гардани русҳо бор мекунад: "Акнун қаҳрамони ҳикояи мо доираи фаъолиятшаро вусъат дода, дар клуби мубоҳисавии "Рӯ ба рӯ" ширкат карданист. Мақсад маълум. Рӯи об баровардани камбудиҳои дар республика ҷойдошта".

Дар анҷоми "Симои ҳақиқӣ" зикр мешавад, ки Комитети бехатарии давлатии РСС Тоҷикистон ва Прокуратураи республика Мирбобо Мирраҳимовро расман огоҳ карданд, ки аз чунин мулоҳизаҳо ва даъватҳои иғвогарона худдорӣ кунад, ки ин оқибати хуб надорад. М. Мирраҳимов баъди нашри ин огоҳинома аз болои КГБ ба суд муроҷиат кард. Ҳамчунон, ба рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" посух навишт, вале аз чопи он худдорӣ шуд. Матни ин посух баъди чанд сол дар китоби "Ҷашни Наврӯз ва худшиносии миллӣ" ба нашр расид ва мо аз ҳоло аз ҳамин манбаъ истифода мекунем. Ба қавли М. Мирраҳимов, “шоҳасари “Гуруҳи матбуоти КБД Тоҷикистон” дар рӯҳияи беҳтарин анъанаи мақоланависии солҳои 37-ум иншо гардида, ба эрод гирифтан ҳам намеарзад, аммо иғвоҳои бузурги солҳои 30-юм низ аз ҳамин хел мақолаҳои кӯчак дар саҳифаҳои “Тоҷикистони сурх” оғоз ёфтаанд. Ӯ иддаои онро, ки гӯё маҳз “ба райони Панҷакент рафта, ба сокинони маҳаллӣ маслиҳат додааст, ки ҳеҷ намояндаи миллати русро ба депутати халқи Иттиҳод номзад пешбарӣ накунанд”, зери суол бурда, мегӯяд, ки ҳангоми вохӯрӣ подполковники КБД М. Х. Шоимов (13.07.1989) ба ӯ гуфтааст, ки гӯё 23-юми март дар Панҷакент будааст, вале дар асл, ҳанӯз 22-юми март ба Душанбе баргашта буд.

(Давом дорад)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)