Бахшҳо
24 июл 2013 14:17Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Усмон Сабзов: “Кафолат медиҳам, интихобот бе тақаллуб мегузарад...”

Раиси ноҳияи Ҳисор гуфт, ба ҳама аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо кафолат медиҳад, ки ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ноҳия бидуни тақаллуб хоҳад гузашт.

Усмон Сабзов, ки рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, “худам азоби интихоботро кашидаам ва намехоҳам каси дигаре онро таҷруба кунад”. Вале ӯ ошкоро нагуфт, ки дар интихобот чӣ мушкилеро аз сар гузарондааст. Оқои Сабзов моҳи феврали соли ҷорӣ ба курсии раиси ноҳияи Ҳисор такя зад.

Ин изҳороти Усмон Сабзов ба пурсишҳои зиёди хабарнигорон рӯбарӯ шуд ва аз ҷумла ин савол садо дод, ки агар мехоҳанд интихобот бе тақаллуб гузарад, чаро нагузоштанд, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, чанде пештар бо сокинон Ҳисор дидору мулоқот кунад. Ба ин савол Валиҷон Табаров, раҳбари Идораи умури дохилии Ҳисор, посух дод ва гуфт, ин мулоқоти Кабирӣ бидуни иҷозаи расмӣ баргузор шуданӣ буд, ки онҳо пешгирӣ карданд. “Онҳо мехостанд, ин мулоқотро дар як хона баргузор кунанд, ки бе иҷозаи расмӣ мумкин набуд”,-афзуд Табаров.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон дар ин бора, ки оё худи ӯ омода нест, дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба ҳайси номзад ширкат ҷӯяд, гуфт, то замоне зинда ҳаст, касеро аз раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон афзалтар нахоҳад шумурд.

Раиси ноҳияи Ҳисор дар ин суҳбаташ ҳамчунин дар бораи омодагиҳо барои таҷлил аз сеҳазорсолагии ин ноҳия ишора кард. Вай гуфт, онҳо талош доранд, то Қалъаи Ҳисор ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид шавад.
Мӯҳр
Орзу
чунин лагандбардорони бемагз! На андоми раиси дораду на зебу зиннати он! Ту сабзов не, балки сиехов хасти. Ту на кобилияти рохбарикунанда дориву на мутаххидсозии чамъият!
Сарвари иззатманд Эмомали Рахмон: ин на як рохбари хуб асту на дарди чамъиятиро мефахмад, аз мансабе, ки хоси у нест сабукдушт намоед. Бигзор як шахси хоксори одди рохбар бошад, ки тавонад акалан бо чехраи дустдоштани макбули омма гардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)