Бахшҳо
09 авг 2013 10:14Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Нигаронии вазир аз худсариҳои кормандони пулис дар рӯзҳои иди Фитр

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, барои дарёфт ва муҷозоти кормандони пулис, ки дар рӯзҳои иди Фитр худсарона дар ноҳияи Восеъ дидбонгоҳ ташкил намуда, ронандаю мусофиронро беасос тафтишу санҷиш кардаанд, супориш додааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 6 ва 7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ як гуруҳ кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти ин ниҳод дидбонгоҳ ташкил карда, ронандагон ва мусофиронро беасос манъ намуда, мавриди санҷиш қарор додаанд.

Ба иттилои вазорат ин худсарии кормандон, ки боиси норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр гардидааст, роҳбарияти ин ниҳодро ба ташвиш оварда, барои муайян намудани кормандони милитсия, ки ба ин амали номатлуб даст задаанд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо санҷиши хизматӣ таъин карда шудааст. Манбаъ афзуд, ки рафти санҷиши хизматӣ зери назорати бевоситаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон қарор дорад.

Вазорати умури дохилӣ аз шаҳрвандоне, ки вобаста ба дидбонгоҳи мазкур ягон арзу шикоят доранд, даъват мекунад, ки тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) муроҷиат намоянд.
Мӯҳр
Ҷаноби Вазир илтимос як бор биёед ру ба руи Раёсати БДА ВКД Тоҷикистонро ба чашми худ рафта бинед. Як бегоҳ соати 17-19. Дар ру баруи кабинети Сардори БДА ВКД ҷумҳурӣ. Бардак. роҳҳоро таксиҳои ҳисор банд мекунанд. Ҳар руз сардори Раёсти БДА кати муовинонаш ва сардорони раёсатош аз ҳамунҷа мегузаранд. Таксиҳои ҳисор ва шаҳринав то подеъзҳои домҳои наздика пур карданд. Наход аз шаҳр берун ҷой карда нашавад а? Илтимос ҷаноби вазир худатон як назорат кунед. Бовар кунед саҳар соати 05 ё 06 бедорат мекунад овози дағали баъзе таксисто. Саломат бошед мӯҳтарам Вазир.

Мухтарам вазир Хамин кормандони БДА-и ш.Душанберо ба ш. Хоруг фиристонед. Чун, ки инхо бисер ришваситониро дуст медоран, мана ончо Рафта кани ришва ситонанд сад дар сад бовар дорам, ки аз ончо е мегурезанд е ба фалокате дучор мегарданд. Дар Душанбе бо як шалоку бо ягон дашном мардумро бурда бо азобу шиканча махбас Карда истодаанд .Кани ин гардан гавсо рафта дар ончо конунро чори Кунард. Бад Маллум мешавад!!!!!!!!!!!!.

Шахрванд
Аввал ин, ки ин хабарро мо рузи 6-ум хонда истодаем. Дар он дар бораи рузхои 6-7 ум гап меравад. Ин аллакай1 дуруги махз аст. Огои "Озодагон"! Биёед як маротиба гуфти мардуми бофархангамон "кач нишинему рост бигуем" Ман аз тачрибаи ронандагии худам ва баъзе дустонам мисол меоварам: Кабл аз хама дар солхои охир муомилаи кормандони ГАИ бо ронандахо хеле хуб шудааст. Ёд надорам ,ки бе маънию бемаврид манро манъ карда бошанд. Дар хаммаи ин оромихою тинчи ба гайр аз дигар сохторхои милеса бештар сахми коркунони ГАИ мебошад, ки ба ин тан додан даркор. Дар охир гуфтаниям, ки шояд Шумо фикр кунед, ки ман коркуни ГАИ-ям барои хамин "таъриф" росташа гуфтам. Дар ягон солу замон на худам ва на ягон хешу таборам милеса набуд. Лекин ба ин кадар мехнати пурмашакати онхо офаринашон мегуям! Мухтарам Озодагон чуръати чоп кардан дошта бошед кани бинем.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)