Бахшҳо
29 янв 2014 15:00Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Собиқ масъули IRS: "Тамоми роҳҳо пулакӣ шаванд, хуб аст"

Рустам Абдуллоев, ноиби раиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи “Душанбе-Чаноқ”, мегӯяд, беҳтар аст, ҳукумати Тоҷикистон тамоми роҳҳоро пулакӣ кунад ва аз ин нафъ хоҳад диду зиён на. Оқои Абдуллоев ин ҳарфҳоро рӯзи 29 январи соли ҷорӣ дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён дошт.

Ӯ таъкид кард, агар нигаҳдории роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба ихтиёри ширкати IRS гузошта намешуд, иқтисоди кишвар зиён медид. Абдуллоев, ки дар гузашта ба ҳайси мудири фаннии ширкати IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) кор кардааст, гуфт, "ҳоло дар тамоми дунё нигоҳдории пулакии роҳҳо вуҷуд дорад ва чунин амал барои беҳтар нигоҳ доштани роҳҳо мусоидат менамояд."

“Фаъолияти сесолаи ширкати IRS нишон дод, ки ин ширкат фаъолияташро хеле хуб ба роҳ мондааст. Раҳмат ба ширкати IRS, ки омада ҳамин роҳи моро нигаҳдорӣ мекунад”,-афзуд ӯ. Ба қавли Рустам Абдуллоев, яке аз сабабҳои вайрон шудани роҳҳои дар ихтиёри IRS гузошташуда, ин гузаштани мошинҳои вазнин аз ин роҳ мебошад. Номбурда мегӯяд, "роҳ барои мошинҳои вазнашон то 40 тонна сохта шудааст, аммо мошинҳои аз 40 тонна боло гузашта роҳро вайрон мекунанд."

Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе - Чаноқро ба ӯҳда дорад. Ин ширкат фаъолияташро дар Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз намуда, ҳукумати Тоҷикистон ба он сабукиҳои зиёдеро қоил шудааст. Қаблан, расонаҳо ин ширкатро ба муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, мансуб медонистанд, аммо худи Нуралиев ин иддаоро рад карда, таъкид намуд, ки соҳиби IRS нест ва ҳеч робитае бо ин ширкат ҳам надорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Раҳмат ба ширкати IRS, ки омада ҳамин роҳи моро нигаҳдорӣ мекунад--- Позор ба вазорати наклиёт, корхонахои нигохдории роххои шахру навохии мамлакат, хочагихои камунали ва гайра(сохторхои зиддахл, ки милионхо сомони аз бучам давлат мегиранд), ки роххои кишварро нигох дошта наметавонад ва ким кадом як ширкати хоричи бо даст халондан ба кисаи мардуми нимгурусна ва таконидани гарди кисахои мардум пулро ба чазираи Вирчинии мефиристад ва 1 фисадашро барои косметический ремонт кардани рох сарф мекунад. Дурустаст, ки дар аксар кишвархои олам ( на дар тамоми дунё, ки ин мансабдори "бо саводи"мо) мегуяд, роххои пулаки амал мекунанд вале Чаноби Абдуллоев шояд намедонад, ки дар пахлуи хамон рох рохи алтернативии бепул фаъоласт, ки аз бучаи хукумат ва бар манфиати мардум нигохдори мешавад. Рохи пулакиро мардум бодоштани хукуки интихоб куни, истифода мекунанд. (Дар мохам чунинаст рохи пулакиш дарёи Варзоб), пулат ба рох нарасид худро ба дларё парто то Душанбе морад, лекин рафтанаш кинтар мешавад,,,,,,,,, Баъдан шарм намедоранд вакте мегуянд, ки ба Хукумат фоида мешавад-- охир хамин мардум мардуми хукумат нестанд, ки ??? эээхх гапи зиёд дорам вале биё нагуям, ки ба ин розхсозони "ОСТРОУМНЫЙ"-мо бефоидааст гуфтан, Боз бо пешниходи ин Раиси "мухтарам" акнун на танхо дар масири рохи Душанбе Хучанд балки дар хама роххо даст ба чайби мо мехалонанд. Як пешниход, биёд ронандагони мухтарам хама кисахои худро МЕДУЗЕМ на бо ресмон балки бо зих,,,,,,

Хо акачон роххоро пулаки кунед, хавои нафаскаширо низ пулаки кунед ва хама ин маблагхои чамъовардашударо худакатон панчу шаш ошёна хонахоро сохта кайфу сафо карда хурда гардед, ха хеч гап не мардум мурд мурдан гирад............шумоба фаркаш чи........чандин миллион писарбачахои точик дар гариби мурдан ку, иношам паи хамун да.......

Рох пулаки шавад ба ронандахо фоида аст бех аз рохои вайроне,ки автомобилхои онхоро вайрон мекунаду барои таъмирашон маблагхои зиёдеро сарф мекунанд ва ин кор ба мисли чархофалак беохир аст. Таъмир ки кард боз вайрон мешавад. Роххои пулаки ба мо кафолати дурустии рохро медихад,ки мо аз сарфи пул дар таъмири автомобиламон халос мешавем. Бисёр хуб мешуд агар роххои кишварамон пулаки мешуданд, инхам фикри хуб аст. Ман тарафдорам!!

imruz rohhoi moshingardro pulaki kuned fardo rohhoi piyodagardro . kay shumohon gami mardumi kambagalro mekhured ? dar fikri havoro pulaki kardan nested? angry

сафарали
Рустам ту аз хамин шайтонигарит кай мемони дигар вазифа наметан тура

хами одам а чо боша, ва ба чо мерафта боша икадар суми бе сомон.

Ба оши пухтаю нони тайёр омадию гап мезани ин пула Вазорати роххои точик агар гирад мо рози, лекин барои хама рохоя пулаки кадан рохи алтернативии бючави низ дар хамшифати он лозим!!!!!!!!!!!!!!!! пули бедарди миёна хурди акнун лоф мезани

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)