Бахшҳо

Баҳси мухолифон ва тарафдорони Айнӣ дар пайи пешниҳоди Зоиров

Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои номгузорӣ шудани яке аз кӯча ё хиёбонҳои Эрон ба номи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Агар бархе аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ ва ҳимоят карда бошанд, нафарони зидди он низ кам нестанд.

Асрор, як корбари “Озодагон”, бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ, аз ин пешниҳоди Нарзихон Зоиров, мушовири фиристодаи Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ибрози норозигӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “рафиқ Зоиров, ба устод Айнӣ аз будаш зиёд баҳо надиҳед. Дар ташкилшавии давлате бо номи Тоҷикистон пеш аз ҳама бояд аз фарзонамардони тоҷик - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ном гирифт. Хидмати Айниро инчунин устод Лоҳутӣ низ дар адабиёт ба миллати тоҷик кардааст. Вақте Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар доираи сиёсӣ ба Сталин ва ВЦИК-и СССР нома менавиштанд, ин нафарони номгирифтаи Шумо куҷо буданд? Китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” баъд аз 2 соли ташкилшавии Тоҷикистон, яъне аниқтараш дар соли 1926 рӯи чоп омадааст. Албатта, агар соли 1923 нашр мешуд, гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст. Ба хидмати ҳар шахс бояд баҳои мунсифона ва воқеӣ дод."

Ин хонандаи мо дар идома навиштааст, "бовар дорам, агар Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз дигар минтақаҳо мебуданд, ҳайкалҳои тилоии онҳоро гузошта, аз онҳо на ҳамчун қаҳрамони 5 ва 6-уми Тоҷикистон, балки қаҳрамони рақами 1 ё 2 ном гирифта мешуд. Зеро онҳо тоҷики кӯҳистонианд ва дар ҷанги тоҷиккушӣ соли 1992 маҳз ҳамдиёрони ин барпокунандагони барҳаққи Тоҷикистон қатли ом гардиданд, аз ин рӯ қаҳрамондиҳии онҳо ба дарозо кашид. Ба назари ман, агар ин ду нафар барпокунандаи Тоҷикистон зинда мебуданд, ҳатман аз даҳшати ба мардуми диёр овардаи душманони миллат ба шигифт омада, аз кори кардаи худ сахт пушаймон мешуданд. Маҳз барои ташкили Тоҷикистон ва зарбаи сиёсӣ задан ба пантуркистон ин ду роҳбалади миллати тоҷик бо пешниҳоди пантуркистон соли 1937 кушта гардиданд.”

Дар ҳамин ҳол, корбари дигари “Озодагон” низ дар номаи фиристодаи худ ба мо аз пешниҳоди дипломати тоҷик ҷонибдорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “Айнӣ дар як гӯшаи дунё барои зинда мондани забони форсии дарӣ ё худ ҳамин забони тоҷикӣ хидмат кард ва бояд ба ин хидматаш арҷ гузошт. Ҳадди ақал набояд таҳқир кард ё аз ӯ ба бадӣ ном гирифт. Чун ҳарду кори хубе нестанду гуноҳи худро доранд. Чӣ тавре бародарони мусулмони мо огаҳӣ бештаре доранд, бояд аз кибру ғурур ҳангоми қиёс ва баҳо додан ба масъалае каме бояд поин фурудомад. Бо гузашти вақт довари замон худ, ки беҳтарин довар аст, баҳо хоҳад дод, ки кӣ буду чӣ коре анҷом дода буд! Устод Айнӣ дар адабиёт ва шиносондани мардуми тоҷик хидматҳои шоёну назаррасе кардааст. Албатта, инро ҳама медонаду мункири он ғалат кардааст. Магар имрӯз дар ҷомеаи мо ба мисли қаҳрамонҳои китобҳои ӯ, аз ҷумла Одинаву Дохунда ва Ғулому сӯдхӯрон кам дида мешавад?”
Мӯҳр
Точик
Ба Лукион: Бародари азиз Пеш аз хама ту аввал таърихро хону баъд гап зан. Дар он даврае, ки ба чои САЛЛА -КАЛЛАРО меоварданд, барои УСТОД Айни барин ФИДОИИ МИЛЛАТ бисёр мушкил буд, ки руйрост мубориза бурдан. Дуюм Эрон дар тобеияти СССР набуд,ки БЕРИЙ барин хунхор онхоро репресия кунад. Сеюм дар он замонаи бисёр хассос Домулло Айни тавонистан хамхуду хам миллати азизи худро бо ин асари безаволи худ ба оламиён МУАРИФИ кунанд. Ту боши ба гапи кадом фанат арвохи ин бузургворро ранчонида истодаи. Худи ту ва хамфикронат оё барои ин миллату адабиёт чи хизмате кардаи? АЙНИ пешвои адабиёти муосири тамоми форсигуёни чахон аст. МЕСАЗАД дар тамоми дунё-дар он чое,ки бо лафзи ноби точики-форси мардум харф мезананд, куча, махал ва хатто шахро бо номи ин УСТОДИ СУХАН гузоранд.Чи хеле,ки ЛОИКИ МУМТОЗ гуфтааст:
УМРИ АЙНИ АЗ БАРОИ ХАЛК САРФИ ХОМА ШУД,
ДАФТАРИ АЙНИ ХАЛКИ МОРО ШАХОДАТНОМА ШУД.

Ба Абдулло, бародар гапат хак асту, аммо ман камтар ба эхсосот дода шудам. Аммо ин махалгароён миллати моро ба нести бурда истодаанд Фаркаш чи ки аз кучо хаст. Хамин басанда аст,ки АЙНИ ТОЧИКИ бо нангу ор буд. Ин АСРОР ас асрори миллат бехабар, нисбати УСТОД АЙНИ ин кадар беэхтироми карда истодааст, ман хайрон хастам. Чаро мо нисбати бузургони худ ин кадар бадбин хастем. КАХРАМОН раками тартиби надорад. Онхо барои мо кахрамон ва ифтихор хастанд.
Чм хеле ки ЛОИК гуфтаст:
Агар даъвои худсози набошад
Агар оханги худнози набошад.
Ба манзил мерасем алхамдилилох,
Агар дарди махалбози набошад.
ДАРДИ МАХАЛБОЗИ- "ВИРУСИ_М" -ро худованд аз вучуди ин махалбозон нобуд созад. АСРОР БАРИНХОРО НАНГУ НОМУСИ МИЛЛИ АТО КУНАД,

Масчохи аз Х-АЪЛО
к,
К намедонам барои чи худро К .... номиди...лекин хаминро дон,ки дар замони ШУРАВИ новобаста аз он,ки шахс аз кадом гушаи чумхури набошад,агар БЕСАВОД бошад рох ба мансаби давлати ба у баста буд.Дар шимол асосан мардуми Хучанд ва гирду атрофи он ОБЪЕКТИВОНА он замон аз мардуми дигар гушаи чумхури босаводтар буданд ва аз ин лихоз онхоро бисёртар ба мансабхои давлати русхо гузошта буданд.Вакте баъзе нафарон ба монанди ту чунин суханхои подархаворо мегуед,бори дигар БЕСАВОД будани худро исбот мекунед.Рохбарони чумхури аз шимол 70 сол неву хамаги 45 сол рохбарони чумхури буданд.Ба шумо бесаводоне,ки доиммо аз хаво гап мезанед боз такрор мекунам,ки пеш аз суханхои подархаво гуфтан каме бошад хам аввал КИТОБ хонеду савод омузедва ба афсонаву дуругу ривоятхои беасосо бовар накунед.Мумкин ту хатто хабар надори,ки Бухорову Самаркандро низ Шимолихо неву,балки зодагони хамин Бухорову Самарканд ба Узбакон додаанд.Китоби Рахим Масовро хон дар ончо бо сиёх дар вараки сафед навишта шудааст,ки Файзулло Ходжаев,точики Бухоро,рохбари хамонзамонаи Узбакистон ба ин рох додааст..Лекин то хол аз мардуми чануб доимо мешунавем гуиё ,ки мардуми шимол,ки ба чузъ Хучандихо касе рохбари чумхури нашудааст ин шахрхроро ба узбакон додаанду 70 сол хукмрони кардаанду...То он замоне,ки шумо чунин фикри хато дореду ба чои савод омухтану давлати точиконро пеш бурдан "70 сол мохам мехурем"мегуед Точикистон ба нести меравад

Умри Айни аз барои халк сарфи хома шуд,
Дафтари Айни халки моро шаходатнома шуд.
Классики карни XX Лоик

Точик
Ба Кухистони! Бародари азиз ман дар боло кайд кардам, худи Устод Айни алифбои кирилиро аз руи зарурияти геополитики кабул карда буданд,чунки хама шахрхои илмию фархангии мо ба дасти ачнабтён афтода буданд Устод танхо дар САМАРКАНД бар зиди пантуркистон мубориза мебурданд. Агар хато накунам дар шумораи 2-ум ё 3-уми шумораи газетаи ЧАРХИ ГАРДУН (СОЛИ 1996) маколаи шодравон ОСИМИ лар бораи чи тавр пантуркистон устод Айниро (соли 1937)чосуси Эрону Афгонистон гуфта тухмат карданашон аз чоп баромада буд, хонда будам. ОСИМИ дар маколаи худ навишта буданд,ки он вакт дар газетаи узбакии САМАРКАНД макола бо номи "Аз лонаи Душман нолаи чугз мебарояд" чоп шуда буд. Устод Маскав ба ЛОХУТИ мактуб мефиристонанд,Лохути бо Фадеев(агар хато накунам) ба назди СТАЛИН даромада мегуянд,ки Шумо АЙНИИ моро мешиносед? СТАЛИН: "ЧИ ХЕЛ МАН АЙНИИ МОРО НАМЕДОНАМ, ВАКТЕКИ ИН МУЙСАФЕД МЕХМОНХОИ ХОРИЧИИ МОРО (ЭРОНИХОВУ-АФГОНХО)ДАР ХАЙРАТ ГУЗОШТ."
Оё баъд аз ин ЭТИРОФХО ва Кадрдони нисбати чунин ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ бехурмати,носипоси кардан дуруст аст? Чавоб дех БАРОДАРИ АЗИЗ. Шояд ин АСРОР аз асрори миллат гофил аст,ё ин ки туркнажод хаст!

Аз кормандони Озодагон хохиш менамоям,ки чунин акида ва дархостхои фитнаангези ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ моро дар сахифаи худ чой надихед. Агар ин Асрор дар хакикат аз Асрори миллат бохабар бошад, аз Шумо хохиш мекунам,ки бахси ошкоро ташкил кунед. Зеро насли чаврн бисёр содда ва гаправ буда ба акидахои ин хел фитнагарон бовар мекунанд.

Точик
Ба гуфтахои Ахмадиён Хаким, Азизмурод ва Мастчох аз Хочаи Аъло 100% рози хастам. Офарин! Хамватанони азиз. Точики асил нангу ори милли дорад. На ботини баду махалгарои.

Салом ба хама мардуме, ки худро точик мехисобад ва аз точик буданаш новобаста аз он ки он аз кадом гушаи Точикистон ва аз кадом шахри точикнишини берун аз марзи Точикистон аст, фахр мекунад. Ман чонибдори чомеаи гуногунандеш хастам вале, мехохам иброз намоям, ки харяк ашхосе, ки дар ибтидои садаи XX барои ташкил ёфтани Чумхурии Автономии Точикистон 1924 ва соли 1929 Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон гардидани Точикистони имруза чойгохи худро доранд ва онхо нисбати якдигар мукоисашаванда нестанд. Айни муаррифгари адабиёти мо точикон буд ва сахми арзандаи худро гузошт ва рисолати хешро ба анчом расонид. Барои чи мо точикон аз пешниходи Зоиров норозием магар ин бад аст дар пойтахти давлати ба мо дусту бародар ва хамхуну хамфарханг? Чаро мо худкуши бегонапарварем ? Точикистони имруза кисмати кухманзари ачдодони мост ва берун аз марзи мо хаммиллатони мо аз ахолиии мо зиёд зиндагони мекунанд ва ба ин рафтори мо чи хоханд гуфт... Макому манзалати Шириншоху, Нусратилло Махсуму, Чинор Имомов ва дигархо дар баркароршавии Точикистони Мухтор чойгохи хоси худро дорад. Хар як точик ва Точикистоние ки барои ин хоку сарзамин ва миллати куханбунйод сахмгузорбошад имруз агар кадрдони нашавад фардо наслхои оянда дар тарозуи хиради худ гузошта кадр хооханд кард....

Асрор,

Огои Асрор ту бародар аз китоби Таърихи халки точик барои синфи 7 гап назан. Хидматхои шоистаи бузургони ин миллати чафодидаро худи ин миллат бахо медихад ва ту Нусратулло Махсумро бо Айни мукоиса нанамо, Айни бархак поягузори адабиёти навини мост. Бехтараш китоби Одинаро мутоила намо ки аз саргузашти як хамдехаи Нусратулло Махсум хикоя мекунад....

salomat
бемантик пещниход аст - дар Эрон садхо щоиру нависанда хаст ки аз Айни зиедтар хонанда дорад (агар касе дар он чо Айниро хонад е хонда бошад)

Устод Айни Кахрамони раками як барои миллати точик буд, хаст ва мемонад. То хол ягон кас ба мисли у барои халки точик хизмат накардааст! Таърихро омухтан лозиму махалгароиро бас кардан даркор аст.

Ҳофиз
Ман як ду се моҳ пештар дар канали телевизонии ВВС-и форси навореро дидам, ки як режисёри Эрони аз китоби устод С.Айнӣ филмеро таҳия намудааст ва ин коргардон дар бораи Айнӣ хеле суханҳои нек гуфт, барои ман ҳам чун тоҷик ин фахр буд. (барои ман фарқ надорад ки аз куҷо аст Шимол ё Ҷануб фақат донишу хирад дошта бошад)
Ман хеле аз асарҳои устод С. Айниро хондаам ва бузургии ин шахсро медонам, ӯ доимо ҳақикатро дар асарҳояш ҷой додааст чӣ дарбораи таърих бошад чӣ дар бораи зиндагии халқи тоҷик.
Ин касоне, ки С.Айниро танқид мекунанд инҳо дар умрашон ягон китоби адаби нахондаанд, фақат аз забони мулову шайх чизе шунидаанд ва фикр мекунанд, ки донои ҷаҳон ҳастанд.
Гову хар аз огаҳи одам нашуд,
Одами андаке ғофил шавад хар мешавад.
Абдулқодирӣ Бедил

Хатто мурдахоро ба хам мехохед ба чанг кашед. Хар як Кахрамони Точикистон дар мавкеи худ вазифаашро дар назди миллат ичро кард. Шумо гайр аз мухолифсози кори дигар надоред. Айниро монед дар гури худ ором бихобад ва Шириншою Нусратуллоро хам. Илтимос ба мурдахо кордор набошед.

Карим
Езиди-посдор-падари миллат Нусратулло-Махсум-аст.замони-шурави-чун-онх
оро-пантуркистон-барои-ташкили-давлат
и-точикон-набахшиданд-уро-ба-суди-дуругин-к

Асрор
Бародари Азиз номи ин ташщкилкунандагони бархаки Точикистон то пошхурии CCCР бархак барчида шуда буд!Дар таърих пантуркистони дохили аз сабаби бадбинияшон нисбати ин сиёсатмадор созмондихандагони Точикистон хатто номи онхоро рох надоданд!Давлатро пеш аз хама сиёсатмадор ва фираквии он давра метавонист cозад ва ин ду сиёсатмадор Махсум ва Шохтемур онро сохтанд,зеро онхо нуфузи сиёси доштанд ва рохбар буданд адабиётро бошад ба ин мачро бурданд ва устодон Айни ва Лохути дар ин рох захмат кашиданд.Наход аклатон ба ин нагирад!Чараёнхои пантуркистии дохили то соли 1991-моро мефиребиданд,ки аввалин точики бо Ленин вохурда ин Рахимбоеви душмани молу чони точик аст!Чанде пеш бошад дар рузномае хондам,ки аввалин вохурии Ленин бо-точик соли-1919 сурат гирифта вазири вакти корхои хоричаи Афгонистон писари охирон шохи Дарвоз Мухаммадвалихони Дарвози шартонае бастанд,ки он то соли 1978,то замони перевароти беаклонаи КГБ-и шурави давом кардааст.Генерал Мухаммад Валихон шахсиятест,ки то давоми вопасини хаёташ ва куштани у аз тарафи паштунхо аз точикони солхои 20 аз Осиёи Миёна дифоъ карда,онхо бо хонаю чорй таъмин ва аз хакки онхо дифоъ намудааст.Мана кори пантуркистонро бин чи хел моро 70 сол фиребида душмани миллатро ба чои дигар точик муаррифи ва уро сафед кардани мешуданд!Ягона точике,ки арзанди кахрамонист имрузхо ин Абос Алиев аст.У барои ман кахрамони-7-уми кишвар аст.Соли-1933 ба руи Файзулло Хочаеви хиёнаткор дар Тошкант туф карда чарима шуда буд!

Агар дар хаки Устод С.Айни ягон кас сухани бечо гуед. У одам нест .

Дустон, махсусан, кормандони воситахои ахбори омма, дар шароити кунунии мо аз хар маводе, ки дарбораи баланду паст задани махал аст, худдори карда шавад.О имруз мо чунон даъвои Самарканду Бухоро дорем, аммо аз шимоливу чаубиву шарки муросо надорем, чи бо Самарканду Бухоро ба чор кутб чудо мешаме боз. аз ин ру, бе махалгарои хамин Точикистонро кисмат накарда зиндаги кунем, дигарон зиндагии момро орзу мекунанд, холо, бовар кунед, ттамоми мардуми моро мешинохта, ба ин холи зори мо лаънат мегуяд. Узбекхо тамасхуромез мегуянд, ки вакти таксими меорс аз даргохи Худованд, ба точикон як чубдасте расида ва дуо рафта ки куни якдигароро кфта гарданд. Хар мансабдор ё давлатдоре махалгарои кардааст, ба худаш лаънат гуед, на ба махаллаш, агар .... сухан дароз аст...

МК,
МК, Хар як бахс бояд асоси илми е вокеи дошта бошад. Ин чо баъзехо муътакиданд, ки гуе дар Ирон Устоди бузург С.Айниро намедониставу асархояшро нахонда бошанд. Ин сафсатае беш нест. Мухлати беш аз дах сол боз дар Русия бо бародарони сохибкори Ирони хамкори мекунам ва дар байнашон дустони зиед дорам. Аксари онон дар бораи эчодиети Айни маълумоти муфассале доранд, ки баъзе аз <<зиеиен>>-и имрузаи точикистони дахяки онро хам надоранд. Эхтиромашон дар катори дигар шоиру нависандагони классику муосири мо ба Устод Айни низ хеле зиед аст. Саволе маро ором намегузорад, ки ое ин "донишмандон" ягон асари Устодро пурра хонда ва мухимаш фахмида бошанд е на?
МК,
МК,
МК,
МК,
МК,
МК,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)