Бахшҳо

Шеъри "Инқилоб"-и Раҳнамо: “Гар тафаккур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?”

Нашрияи “Нигоҳ” дар шумораи тозаи худ чанд шеъри иҷтимоии сиёсатшинос Абдулло Ҳакими Раҳнаморо ба табъ расондааст, ки дар миёнашон таронаи “Инқилоб” низ ҳаст. Ин шеъри оқои Раҳнамо таблиғи худшиносӣ, ҳифзи Ватан, омӯзиш, парҳез аз додану гирифтани ришва, шинохти қадри вақту ҳалолкорист.

Абдулло Раҳнамо яке аз донишмандони шинохтаи улуми сиёсӣ ва коршиноси муносибати дину давлат мебошад. Ҳоло ин шеъри ӯ пешниҳоди Шумо карда, барояш дар эҷоди ашъори тоза барор мехоҳем.

ИНҚИЛОБ

Гар ба бонги бомдодӣ рахт барбандӣ зи хоб,
Гар расӣ то коргоҳат гарм ҳамчун офтоб,
Гар ту дорӣ тарҳи нобу фикри нобу ҳарфи ноб,
Гар туро пок аст хону хонаву молу ҳисоб,
Гар диҳӣ дар қитъаи худ пеши виҷдонат ҷавоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Гар бидонӣ қадри вақту гар шиносӣ қадри ёр,
Гар ба касби худ расӣ то зинаҳои ифтихор,
Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор,
Гар ба илму фан намонӣ аз замони худ канор,
Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Наҳзати мо гар бувад як наҳзати созандагӣ,
Мазҳаби мо гар бувад парҳез аз паркандагӣ,
Фитрати мо гар бувад инкори фақру бандагӣ,
Бартар аз қавму маҳал дар сатҳи миллат зиндагӣ,
Гар ба ҷои тан кунӣ фикри Ватанро интихоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

То ғуломи нафсу муздури шикам бошем мо,
Дархӯри ҷабру сазовори ситам бошем мо,
Фахр набвад, ориёӣ ё аҷам бошем мо,
Фаҳш агар ин аст, маҳкуми адам бошем мо.
Гар ҷавонеро раҳо бахшем аз бангу шароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”?
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккуур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Гар ба сӯи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,
Инқилоби Шом ними халқро овора кард,
“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон Ватанро пора кард,
Инқилоби Украина мулкро бечора кард,
Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Инқилоби ҳар яки мо ростии кори мост,
Рӯшании фикри мову дидаи бедори мост,
Дасти поку қалби поку лафзи беозори мост,
Инқилоби ҳар яки мо нанги мову ори мост,
Ҳар яки мо гар ба кори хеш гардад комёб,
Пас ҳамин аст инқилоб!
Мӯҳр
Ин шеър худаш як инкилоб аст. Агар хакикате бошад, бояд шеъри сол эълон шавад, чоизаи Рудакиро гирад. Аз комментхо маълум аст, ки сухани хак ба баъзехо намефорад. Ин шеъ пур аз даъвати худсози, даъвати тагйири инсонхо хаст, Тагири рохбар ё хукумат чизе намедихад. Агар инсонхо хамин бошанд. Агар Президент иваз шавад, Шумо сахархо вакташ кор меоед, Шумо рузномаи бачаатонро мебинед, вазифахои хонагияшро тафтиш мекунед, кадри вактро мешиносед. Не, боз хамин инсонхо хохем буд. Пас, максад ин будааст, ки ниме аз мушкил дар худи мост, албатта нимаш дар амали хукумат хам хаст.Аммо агар сад хукумат иваз шавад, танбалию бесаводии моро касе тагир намедихад. То худомон ислох ва комил нашавем...
Илтимос чоп кунед
Ин шнеъри хубро номардона нахоед.
Худатон худатонро дар ойнаи ин шеър бинед
Рахмат Абдулло

Озодагон, агар илова кунед, ки Абдуллохи Рахнаморо ба зодрузаш табрик мегуем. хуб мешуд, зеро 22 апрел зодрузи устод буд ва Нигох ба ин муносибат шеърхоро чоп карда аст.

Хушвахт аз Вахдат
Бар хак шеъри оли! Офарин ба Рахнамо!
Мардуми точик хусусан "инкилобхохону" "табадуллотхохон" аз кабили Турачонзодаву Кабириву Зоирову дигарон, ки сар хар чанд вакт барои "маслихат" бо хочагонашон ба мамолики хорич мераванд, мазмуни шеъри Рахнамо ва ормони аслии ин чавони бо ору номус ва миллатдусту ватанпарварро бояд хуб дарк кунанд ва ибрат гиранд. Худованди бузург хамаро мебинад ва хар якеро вобаста ба дилу нияташ ачр медихад. Агар мо имруз аз неруи барк танкиси мекашем, бояд кор дучанд кунем, то ин ки фарзандони мо дар оянда ин танкисиро набинанд. Лекин, ба хотири чанд доллари хочагони хоричи дар конфоронсу чаласахои ин кишвархо ширкат кунему ватану миллатамонро дар назди онхо сиёх кунем, пас вой ба холи миллат ва ояндаи у. Ин чанд сатр барои миллатдустону ватандустони хакики навишта шуд аз дили соф.

Парвиз
матни шеър бисёр заифу содда.ман чун шоир нестам вале аз якум сатр маълум шуд ки охирашро намехонам.

99,
Дар ғарибиҳо ба сар бурдан барои нону об,
Волидони пиру фарзандону занҳо дар азоб,
Ин "ватандорон" намуданд кишвари моро хароб,
То ба кай бошем ғуломи дохилу берун, ҷаноб?
Мо намедонем фардои ватанро аз сароб,
Пас ҳамин аст инқилоб?
ин чавоби оли бар инкилоби Рахнамост! Зинда боши бародари азиз! 99 не 100 расо бародари гиромикадр!

Аброр
Худо нигахбон Устоди гироми!!

100
ба назарнависони бесавод аз кабили "ман ва мо" "Сомон" бодиккат хонед, яъне маънои зери матн (между строк)...
Иловаи "99" бехтарин, яъне бепарда.

Ёд дорӣ, “кӯдаке мегашт бо қуттии худ”? (дар хиёбони лаби бахри кабуд)
Ин ҳикоят сарнавишти кӯдаки тоҷик шуд,
Ормони насли истиқлол ҳаргиз ин набуд,
Гар тафаккуур бандагӣ бошад, аз озодӣ чӣ суд?
Гар ба сӯи худшиносӣ рӯ кунад шайху шабоб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Абдулло ёд дори ту яке аз муборизон буди. Ёд дори андешахои туро кадр мекардем. Ёд дори ин миллатро баномус мегуфти. Аммо имруз аз хама тарсончак асти?

пародия ба ШЕЪР ва туф ба руйи МИЛЛАТ аст ин гапхои А. Рахнамо. Ачиб, ки фикри Хочи Акбар Турачонзода ба ин шеър чи бошад?

100
Ман агар биншинам
Ту агар биншини
Чи касе бархезад?
Ман агар бархезам
Ту агар бархези,
Хама бармезехад, хама бармехезад!

Салимчон
Ба Хушвакти Вахдати, ки аслан корманди фабрикаи тухмату игво хаст, гуфтани хастам ки бе сиех кардани Турачонзодаю Кабири ва Зохиров наметавони чи??? Соли 1998 Абдуллои Рохнаморо чаноби Турачонзода бо худ оварда, то соли 2005 яъне 7 сол ердамчии эшон дар хукумат буданд. Так что ватандустиро Абдулло аз устодаш Турачонзода ед гирифтааст.

ahmadjon
Inqilob ba tagir dar arzisho gofta meshavad va manoi revalution ham hamin ast pas malum meshavad ki Abdulo arzishoi khodro tagir doda ba ahdi khonigari bargashtanist!

Самад
Хело зебову даркорӣ!! Зинда бошӣ!

Дар шератон реализми хакикй (сусиолистй-ичтимой) кам дида мешавад. Образ, вожа, ибора ва суханони рахнамунсози шахсони алохида дида намешавад. Шеъру газал ва васфи шахсияту ватанро аз шоири халкии Точикистон Мухаммад Гоиб ёд гир.

Шеъри ичтимоист, Хеле хуб гуфта, Рахнамо, махсусан барои мардуми мо: Инқилоби Миср ҷаҳлу зулмро якбора кард,
Инқилоби Шом ними халқро овора кард,
“Инқилоби нарм”-и Гурҷистон Ватанро пора кард,
Инқилоби Украина мулкро бечора кард,
Меҳани мо гар амон монад аз ин мавҷи хароб,
Пас ҳамин аст инқилоб!

Сарвар Рачабзода
"Гар набахшиву нагирӣ ришва дар иҷрои кор",

"Дар бари фарзанд як соат нишинӣ бо китоб"
"Бартар аз қавму маҳал дар сатҳи миллат зиндагӣ"

Рахнамо(и) аз хамин се мисра кифоя (буд) хаст, вагарна бар одами дарккунанда аломати саволу хитоб кифоя аст, ки пайгирии матлуб намоянд. Сарвар Рачабзода

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)