Бахшҳо

Қодири Рустам: "Лентаи Георгий" бо таърихи мо чӣ иртиботе дорад?

Қодири РУСТАМ

"Представительство Российского фонда развития «Институт Евразийских Исследований» в Таджикистане, в преддверии празднования 69-ой годовщины Победы в Великой Отечественной войне (1941-1945 гг.), организует праздничные мероприятия, посвященные этой дате. Об этом «АП» сообщила директор представительства Фонда «ИЕИ» в Таджикистане Галина Назарова. По ее словам, по традиции праздничные мероприятия начнутся с акции «Георгиевская лента» под девизом «Мы помним! Мы гордимся!», которые пройдут в столице 8-10 мая. В широкомасштабной акции примут участие студенты и школьники столицы".


Ин бахше аз хабарест, ки хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи шанбеи гузашта пахш кардааст ва ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон хонданду гузаштанд. Ва шояд камтар касе таваҷҷуҳ гумошта ва ба худ суол дода бошад, ки чаро мардуми мо - шаҳрвандони Тоҷикистон ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки бешак падарону бобоёни мо низ саҳми арзанда дар он доранд, бояд ба гиребон ва синаи худ "лентаи Георгий"-ро насб бикунанд??? "Лентаи Георгий" чи иртиботе бо таъриху маънавиёти мо дорад? "Лентаи Георгий" чи рабте бо Ҷанги ҷаҳонии дувум дорад?

Қодири Рустам: "Лентаи Георгий" бо таърихи мо чӣ иртиботе дорад?Мухтасар бигӯям: Орден ва лентаи Георгий ба шарафи Георгийи муқаддас, аз авлиёи дини масеҳӣ, ки дар асри чаҳоруми милодӣ кушта шуда ва ҳомии Русияи подшоҳӣ маҳсуб мешуд, таъсис ва номгузорӣ шудааст. Баъд бо фармони В.И.Ленин дар интиҳои соли 1917 тамоми медалу орденҳои Русияи подшоҳӣ, аз ҷумла – орден ва лентаи Георгийи муқаддас мамнуъ гардид ва дар давоми мавҷудияти Ҳукумати Советӣ на зарб зада мешуд ва на эъто мегардид. То ин ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ давлати Русия бо ҳадафи дарёфти ҳувияти гумкарда дар соли 1992 онро барқарор кард… Акнун суол ин аст, оё Тоҷикистон пас аз касби истиқлол аз Шуравӣ ба Русия пайваст? Оё Тоҷикистон музофоте аз Русия аст? Оё тоҷикон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум зери парчами Георгийи муқаддас ҷангида буданд? Агар ҳеч як аз ин суолҳо посухи мусбат надорад, пас ин ҳамоқат аз куҷост, ин дағдағаро сабаб чист, чаро русҳо дар мулки бегона худро соҳибхона эҳсос мекунанд, магар Точикистон барои онҳо корвонсарой аст???

Аммо кӣ ба инҳо ин иҷозаро дода, ки чанд сол аст, «лентаи Георгийи муқаддасашонро чун тумор ба мардуми тоҷик медиҳанд ва имсол низ тасмим гирифтаанд, ин корро, ки таҳқире беш нест, такрор бикунанд?! Аммо, шояд иҷоза ҳам напурсида бошанд???

Ва агар андаке амиқтар биандешем, сабаби ин амрро ба осонӣ дархоҳем ёфт. Худи ҳамин рузи шанбе (26 апрел) сайти радиои «Озоди» хабари ҷолиби дигареро нашр кард: “Натиҷаҳои таҳқиқ, ки “М-Вектор”, як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Осиёи Марказӣ моҳи ноябр ва декабри соли 2013 анҷом додаст, ба тозагӣ нашр шуд. Бар асоси ин пажӯҳиш, тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд ва назари тақрибан 50 дарсадашон “бисёр мусбат” аст. Юрий Герасимчук, яке аз муаллифони пажӯҳиш ин дилгармии мардуми Тоҷикистон ба Русияро дар муносибатҳои суннатии ду тараф мебинад».

Ман, ростиро ба назарсанҷиҳо, ки бародари хурди омори давлатӣ аст, чандон эътимод надорам, вале ба натиҷаи таҳқиқи «М-Вектор» бовар мекунам, ҳатто итминон дорам, ки дарсади тоҷикони «дӯстдор»-и Русия хеле бештар аз ин аст, ки онҳо эълом кардаанд. Ва рашке ҳам ба ин муҳаббати якҷониба надорам, дӯст доред дӯст доштан бигиред, 99, 9 дар садатон дӯст бидоред. Вале оё касе аз ин миён ҳаст, ки ба мани намояндаи 38 дар сад ё 0, 1 дар саде, ки Русияро наметавонанд ё намехоҳанд дӯст бидоранд, ба таври возеҳу равшан ва мудаллал шарҳ бидиҳад, ки ин дӯстдории булъаҷабро сабаб чист? Албатта, ҷавоби хеле забонзаде ҳаст, ки мукаррар дар нашрияҳо чоп ва мунташир шудааст ва ҳар рӯз ба гӯш мерасад: Фақат Русия ҳаст, ки ба беш аз як млн. шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза медиҳад, дар сохтмону корхона ва бозору мағозаҳояш кор бикунанд ва маоши худу хонадонашонро таъмин намоянд. Ин посухи дар назари аввал дуруст, дар асл хеле содалавҳона аст. Оё мардикори тоҷик дар Русия инсонвор кор мекунад? Оё дар Русия хуқуқи инсонии ӯ муроот мешавад? Магар мардикори тоҷик ба ивази 1 ҳазор рубле, ки кор мекунаду барои аҳли хонаводааш мефиристад, 10-20 ҳазор рубл барои иқтисоди Русиё фоида намеоварад? Оё ҳар рубли коркардаи ӯ омехтаи арақи ҷабинаш ва ашки талхи фарзандонаш нест?... Магар вай ин пулро бидуни ҷабру ҷафо, таҳқиру тавҳин ва хорию зиллат пайдо мекунад??? Суолҳо дар ин замина беохир аст, вале дар ҳамин ҷо қатъ мекунам; ин қадар, ки гуфтем ба гӯшҳо бирасад, худ давлати бузург аст.

Ва давлати Русия – шарики стратегии давлатдорони тоҷик чӣ мекунад? Қарзҳои чандинмиллиардии кишварҳои дури Африқо ва Осиёро мебахшад, аммо ба ивази қарзи каме беш аз 200 млн-ии шарики муттаҳидаш муассисаи нодири муроқибати фазоии «Окно»-ро аз худ мекунад, ба ивази мустақар кардани пойгоҳи низомии 201-умаш дар маҳдудаи Тоҷикистон як рубл ҳам намепардозад ва боз мардуми моро «шарм дорондан мехоҳад», ки мо шуморо аз душманони беруна ҳифозат мекунем, шумои ношукр ба ҷойи изҳори сипос аз мо пул мехоҳед. Дар баҳси ӯзбакистону Тоҷикистон дар иртибот бо «Роғун» амалан аз ӯзбакистон химоят мекунад… Намехоҳам дигар давом бидиҳам.

Ва боз бармегардем ба назархоҳиҳо. Дар Русия низ чандин бор тайи солҳои гузашта назархоҳиҳое дар мавриди муносибати шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои собиқи шӯравӣ анҷом шуда буд. Арқом дар ёдам нест, вале тамоил муҳим аст, ки то охири умр фаромӯшам намешавад: мардуми рус аз миёни миллату кишварҳои шӯравӣ аз ҳама камтар ба тоҷикону Тоҷикистон эътимод доштаанд, аз ҳама бештар моро бад медидаанд. Сатҳи эътимоди русҳо ба мо камтар аз Литва, Латвия, Эстония, ки пушти по ба Русия заданд ва дарашонро ба рӯйи мардуми рус бастанд ва ҳатто камтар аз Гурҷистон, ки маҷбур вориди ҷанг бо ин Хирси қутбӣ шуда буд, будааст!!!

Кӣ посух медиҳад, ки маънии он «муҳаббат»-и тоҷикона ва ин «нафрат»-и русона чист?

Аз миёни садҳо нафар тоҷикон, ки барои як ғалабаи ночизи тими мунтахаби Русия дар мусобиқоти футболи ҷаҳон шаб то саҳар хоби худу дигаронро ҳаром карда, парчами Русияро ба ҷилва оварда, бо шӯру ҳамҳама – гӯйӣ Самарқанду Бухороро бозпас гирифта бошанд, - мошинҳояшонро дар кӯчаҳои Душанбе ин тарафу он тараф тозонданд, як нафар доное пайдо мешавад, ки сабаби ину ваҷҳи онро шарҳу тафсир кунад.

Аммо медонем, ки посухе дурусту рост надоранд, агар ба ин масоил меандешиданд, ҳаргиз бо чунин ошиқӣ худро расвои олам намесохтанд….
Аммо ман гумон мекунам, ба як сухан, сабаби он нафрату бадбинӣ, ҳамин ишқи яксӯяи беҷавоб аст… Дар ин ки русҳо ба тоҷикон эътимод надоранд, тоҷиконро бад мебинанд, гунаҳкори асли худи тоҷиконанд…

Чун ин муҳаббат бе асос аст, ин муҳаббат заминае надорад, ин муҳаббат маншаъ дар руҳи ғуломона дорад …. Ва чун рус мебинад, ки тоҷик – бо он ки бад мебинадаш, - боз ҳам изҳори муҳаббат мекунад, бо ин ошиқи шалқин чун бонуи сарватманди пурнозуишваи танноз аст, муносибат мекунад…
Аз Уилям Фолкнер, дар бораи шӯҳрат суол доданд. Фолкнер, - Худо биёмурзадаш, ки бузург марде буд, - дар посух гуфт: «Шӯҳрат мисли зани сернозу нуз аст, агар аз пасаш давед, бо чашми ҳақорат ба шумо менигарад, агар тавваҷҷуҳаш накунед, аз пасатон медавад». Ва ишқу муҳаббат низ дар бисёр маворид мисли шӯҳрат аст…

Оё барои мо хақорат набуд, ки Юрий Лужков – шаҳрдори Маскавро пас аз он ки ошкоро тоҷиконро таҳқир кард, ба Душанбе даъват кардем, ба оғӯш кашидем ва бӯсидемаш.

Оё мо набудем, ки скинхедеро ки тоза аз зиндон берун омада буд, ба кишварамон ба меҳмонӣ хондем, аз ин ресторан ба он ресторан гардонда зиёфат оростем ва ӯ хӯрду хуфту р… у баргашту лоф зад, ки барои он ки бо тоҷикон салом накунам, дастам шикаст гуфта, гипс карда будам. (Дар ҷумлаи боло «скинхед»-ро бо сифати аблаҳ оварда будам, баъд кӯр кардам: ростӣ, ки на ӯ, балки он кас (в ё касоне?) аблаҳ аст, ки ӯро даъват карду зиёфат орост ва як миллатро шарманда сохт).

Сабаби дигар, ин аст, ки мо мардуми тоҷик ба худ эҳтиром надорем, ба худ бо чашми ҳақорат менигарем, обрӯямон кайҳо рехта ғуруру ифтихорамонро ба хоки сиёҳ баробар кардааст; машҳуртарин ва маъруфтарин иборае, ки дар бисту анд соли истиқлол эҷод кардем, «тоҷикиш кун», ё «тоҷикиш кардам» аст, ки маънои вайронкорӣ, харобкорӣ, кори нимкора, кори бадсифати сараму диламро дорад. Пас агар мо худро эҳтиром намекунем, агар мо худро дӯст намедорем, чаро мехоҳем, умед дорем, дигарон эҳтиромамон кунанд, дигарон дӯстамон доранд. Чанд сол қабл навишта будам, мардуми мо бо он ки масеҳӣ нест, бо он ки худро мусалмони комилиёр меҳисобад, аммо бештар аз ҳама қавмҳои пайрави мазҳаби насронӣ аз асли исавии «агар ба рӯйи ростат бизананд, рӯйи чапатро пеш ор» муроот мекунад.

Мутаассифона, дар чанд соли охир боварам ба ин амр бештар шудааст. Дар ин ҷаҳони «майдон аз далер аст» ва дар ин асри «хари ҳар ки ақиб монад гӯшашро мебуранд», вақте ки рӯятонро пеш меоред, ҳатман шаппотие мехуред, фиреби падаронатонро нахуред, ки гардани хамро шашмер осонтар мебурад. Ва аммо, ин ки чаро мо чунинем, мавзӯи баҳси тӯлонии дигар аст...
Мӯҳр
Оре,хак ба чониби Шумо аст,муалифи мухтарам!Кош аккалан нисфи мардуми мо инро дарк мекардан.Сад ахсан ба Шумо!

Дарди дилро гуфтед, Абдуқодир. Лекин ба ин гуфтаҳои шумо дар тамоми мамлакати бо номи Тоҷикистон аз сад нафар зиёд тарафдор нахоҳад буд. Ва ин лоиқи таассуф аст. Як шиноси деринаи тоҷир (бизнесмен) дорам. Фиребгару ҳуққабоз нест. Ҳоҷии дукарата. Даромади хуб дорад. Хонаву дар ду мошин, фарзандон ҳама хонадоршуда. Ҳоло даву тоз дорад, ки шаҳрвандии Русияро ба даст орад. Пурсидам, ба ӯ чӣ намерасад, ки инқадар паст рафта истодааст. Гуфт: "Барои пенса (нафақа)!" Шахсе, ки ҳаётан Русияро надидааст, мехоҳад аз он кишвар нафақа бигирад!!!!!
Пас аз он фикр кардам: "Чаро мо ин қадар беномӯсем? Барои шикам шуда, нангу номӯси миллатро зери по мегузорем." Ҳукуматро маломат аст, ки мардумро ба ин пастиҳо тела медиҳад. Дар замина гуфтаниҳо зиёданд, вале мавридаш нест......

Хаким Ахмадиён
Ахсант, мошоллох, офарин аллоху акбар-хои хасаки ва пардапушии шумо ба ки даркор, бузургон гуфтанду мегуянд. овози гулуяшон хаста шуд. ва хеч ки харфи инхо ба пусти гаспу шуури шахшудаи шумо таьсире надорад. Шумо бояд аз пайи лидерони хештаншинос ва худшинос биравед, мисли чавонони солхои 1980-90. равед худатон бо ташаббускори аьзои ин чамиятхо шавед, ва берун аз бегонапарасти, махалбози ва хурофоти бошед. Ба умеди зиёи ва дигарон нашавед. Дирафши Ковиёниро бардоред ва ватани худро созед, дигар рох нест, ба пеш.

Салом ҳамватанони азиз!!
Миллати азизам инро донед ки, тамадуни мо аз русҳо фарқ дорад. Мо вақто ки, ба тамадуни худ фахр мекардем ва онро меомухтем барои ҷомиаи башари чун:
Сино
Бухори
Ҷалолиддини Балхи
Сомони
Самарқанди
Рудаки
.............................
Ва ҳазорон олими дигар тақдим кардем. Вале вақто ки, дар ин асри ахир як идда Ленин парастон хостан моро аз тамадуни худ бегона созанд, кушидан то фарҳанги Руссиро ҷойгзини фарҳанги аҷдоди мо намоянд. Мутаассифона, миллатро аз фарҳанги худ бегона карданд вале, он хоҷаҳои болонишиншон ба милати тоҷик дар фарҳанги худ ҷой намедиданд. Ва мисоли мо ҳамонанди ҳамон гуфтай шид ки, мегуянд: "Зоғ хостаст ки парвози кабутар ро аз худ кнад, парбози худро фаромуш карда аммо парвози кабутар ро аз худ карда натонист".
Милати азизам фарҳанги мо бо Ислом омехта аст. Варгадед ба фарҳанги аҷдодии худ. Агар чунин кнем дар зудтарин фурсат милати бо фарҳанги тоҷик худро дубора дар байни милатҳо намоён хоҳад кард.

Шахбоз
Офарин-бародари-азиз!Ин-лента-бо-рамзи-лент

Салом бар Шумо бод, устод Қодири Рустам. Ман дарди Шуморо хуб мефаҳмам. Дарди Шумо дарди миллат, дарди ин марзу бум аст. Ва "лентаи Георгий" барои гуфтани ин дардҳо баҳонае беш нест. Хеле хуб. Аммо устоди гиромӣ, Шумо низ чун бештари ҳангомасозони расонаҳои хабарӣ "лентаи Георгий"-ро аз "лентаи гвардия" фарқ накардаед. Байни ин лентаҳо фарқ зиёд аст: аввалӣ моли Русияи подшоҳист, ки аз се банди сиёҳ ва ду банди зарди тиллоӣ иборат аст, дувумӣ моли СССР аст, ки ба Ҷанги ҷаҳонии дуюм рабт дорад ва аз се банди сиёҳ ва ду банди норанҷӣ иборат аст. Ин лентаҳо, ки имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд ва Шумо, устоди гиромӣ, инро мехоҳед ё на, "лентаи гвардия" ба таърихи мо рабт дорад. Инкори таърих инкори падару модар аст, ба навиштаи як донишманди эронӣ ҳаромзодагӣ аст. (Бубахшед, агар сахт гуфтам).
Дигар, устоди азиз, пурсише дорам: мегуфтед, ки ин русбадбинии Шумо аз куҷост? Дар маҷмуъ ҳеҷ миллате ва ҳеҷ халқе бад буда наметавонад, нодурусткорӣ аз роҳбарони манфиатҷӯст. Инҷониб ба ҳамаи халқу миллатҳо эҳтиром дорам, бавежа ба русҳо. Шумо таърихи Бухорои амирӣ ва ба Осиёи Марказӣ даст ёфтани русҳоро аз ман хубтар медонед. Дуруст аст, ки нодурусткориҳо ва иштибоҳҳо зиёд буданд, вале ин нукта мусаллам аст, ки агар русҳо набуданд, кӯчиён миллати тоҷикро аз байн бурда буданд, агар русҳо набуданд, имрӯз мо дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем, на ин Душанберо доштем, на шаҳрҳои дигарамонро ба ин гуна ки ҳастанд, месохтем, банди эзорамон як метр, ришамон ҳафт ман, ба манғитиҳо зану духтаронамонро фурӯхта мегаштем (нигаред ба "Рисолаи таърихӣ-и Аҳмади Дониш"). Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки Аҳмади Дониш пас аз сафарҳо ба Русия дар Бухорои ба рӯзи сиёҳ (дар ҷаҳлу торикии асримиёнагӣ) нишаста хишти аввали маорифпарвариро гузошт. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо Устод Айниро аз обхонаи Бухоро берун кашиданд ва аз марг наҷоташ доданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо пояи ҳукумати манғитияро аз Бухоро барчиданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон таъсис шуд ва Устод Айнӣ моро аз зери хокистари таърих кофту ёфт. Ё ин ҳамаро инкор мекунед? (Рӯйи масъалаи Самарқанду Бухоро гуфтаниҳо зиёд аст, вале на ин ҷо).

99
Бовариам намеояд, ки ин суханҳо аз забони ТОҶИКе гуфта шуда бошад!
Гумон мекардам ва метарсидам, ки тоҷике намондааст, ки ғурури миллиаш, ватандӯстию худшиносиашро гум накарда бошад. Доимо аз тарсугии миллат, аз туф кардан ба тақдиру обрӯи худ ва ба гардан гирифтани ғуломию бечорагӣ ба худ савол медиҳам, ки чӣ бояд кард?
Ин мақоларо хонда, дилам гарм шуд ва андаке ҳам бошад, аз ноумедӣ ба рӯшноии уммед боварам омад. Боварам омад, ки ман танҳо набудаам. Иншооллоҳ, мо кам нестем!!!

444
Ахсан ба Шумо, мошоаллох, офарин..., чаноби Абдуқодири РУСТАМ! афсус Шумо барин фврди бономус дар чомеа кам хастанд. то он даме, ки мо бо ин русхои ифлос сару кор дорем зиндагии мо бех нахохад шуд. боз хам ахсан ба Шумо!!!!!

Тарчумонча
Тарчумаи "Лентаи Георгий" ба забони точики "Тавки лаънат" мешавад. Инро дар гарданхоятон накунед, чавонони азиз!

Бисёр маколаи миллатпарастона. Ба гайр аз кишлокпарастию кучапарасти дар Точикистон дигар коре нест.

бандаи Худо
Бандаи шахспарасти дунявӣ, ки аз дину миллаташ безор аст дигар шуда наметавонад, ҳоли мардуми шахспарасту неъматҳои офаридгорро аз шахс медониста ҳама вақт ҳамин буд, ҳаст ва худашро нашиносад ҳамин хел мемонад.

Каршибой
Шумоен ин кадар миллататонро тарифу тавсиф мекунед ки ба осмони хафтум мебардоред.ХУДАТОН ХУБ МЕДОНЕД, дар таьрих давлате надоштед,ки сарвараш точик буд.Сомоние ки шумо ба таьрихатон дохил кардед як шиаи эрони буд.Тамоми олимоне,ки номбар мекунед хамаш эронианд.Гуе шумоен нав гулом шудед хол он ки дар таьрих доимо гулом будед.Хамин урусхо буданд,ки шумо давлатдор шудед.Таьрихи шумоен хам баьди инкилоб навишта шуд то он давра дар бораи ин миллататон ягон таьрих набуд.Акнун курнамаки нисбати урусхо мекунед Бо он заводу фабрикахо ки урусхо бароятон сохтан чи кор кардед? Чаро дар давраи урусхо дар хонаатон зиндаги мекардеду имруз гарибед.Истиклолият ба даст овардед,давлатдор шудед,сарваратон точик чаро обод намешавед? Боз урусро айбдор мекунед,ки карзи дигаронро мебахшаду аз мо не Чандин хешу табори хамин муаллиф дар руссия ва зиндагиаш аз онхо вобастааст.Агар хамин урусхо ин кадар бад бошанд чаро хамматон ба руссия меравед?Марахмат ба Арабистон,Амрико,Европа агар шуморо он чо хурмат кунанд.Фарк нест шумо не русиро медонед не забони дигарро.Бароятон урус бад узбек бад магар танхо шумо хубед?Муаллифи мухтарам дар кучои илми иктисод диди ба 1хазор рубл 20 хазор фоида мешавад.Ин хел фоида хатто дар маводи мухадар намешавад.Ба бучаи руссия 2хазор суми харочоти давлати аз хар шахрванди хоричи мешавад дигар ба фоидаи коргар.Хар як коргари точик шиками10 нафари дигарро аз хисоби россия сер мекунад.Гайр аз он зиед аз нисфи халк аз хисобаш хона месозаду хона мехарад.ОЗОДАГОН НАШР КУН Е ГАЙРИ ТОЧИК ХУКУК НАДОРАД

Абдуқодир, заҳмати зиёд кашидед. Ақидаатон сад фоиз дуруст аст. Таҳлили хеле хуб, бамаврид ва фидокорона. Вале, инҷо мушкилоте ҳаст. Фазои чӣ гузашта ва чӣ ҳозираи давлати ба ном Тоҷикистон ин гуна ақидаро қабул намекунад. Бо гузаштани 22 соли истиқлолият таъсири русҳо ва Руссия ба Тоҷикистон ва мардуми он бештар гашт, ки кам не. Русҳо аз инҷо кӯч бастанд, вале онҳоро теъдоди зиёди мардуми русгаштаи бумӣ ва мардикорони ба Руссия одат карда иваз намуданд, ки шояд ин афрод дар оянда "сутуни панҷум" (пятая колонна) шуда, ба Руссия барои амалӣ намудани манофеъи геополитикиаш дар инҷо хизмати содиқона анҷом бидиҳанд. Касе "сутуни панҷумро" нафаҳмад, бояд бигӯям, ки ин ҳамон русҳои кишвари Украина мебошанд, ки алъон зидди ҳукумати марказӣ шӯридаанд ва зери парчамҳои Руссия муқовимат мекунанд.
Ҳамвора таърихи Паёмбар Мӯсо (А) ёдам меояд. Яҳудиёнро аз Миср ва зулми Фиръавн берун кашид, вале дар баробари душвориҳо аз онҳо таънаву маломат мешунид, ки ғулом ҳам бошанд соҳиби хонаву дар, кор, қути лоямут буданд. Ҳоло дар дашту биёбон мондаанд. Фазои имрӯзаи Тоҷикистон ана ҳамин тавр аст. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: ХӮЕ, КИ БО ШИР БА ТАН ДАРОЯД, БО ҶОН БАРОЯД!

Ин лента ба Чанги Бузурги Ватани, ки дар он падарону бобоёни мо иштирок кардаад, рабти бевосита дорад. 1. Ордени Шараф дарачахои 1,2, ва 3, ки соли 1943 таъсис дода шудааст, хамин лентаро доранд. 2.Аз хама асосиаш, Медаль "Барои Галаба дар Чанги Бузурги Ватани солхои 1941-1945",ки 9 маи соли 1945 таъсис дода шудааст, хамин лентаро доранд. Ин икдом («Георгиевская лента») на танхо дар Руссияву Точикистон, балки дар зиёда аз 30 кишвари дунё аз 24 апрел то 12 май гузаронида мешавад. Аввалин бор соли 2005 ба муносибати 60 солагии Галаба гузаронида шудааст. Ман хайронам , ки ин журналист барои чи намедонад, ки ин икдом чи иртиботе ба таъриху маънавиёти мо ва чи иртибот ба Чанги дуюми чахон дорад намедонад. Дар бобати мухочирони мехнати бошад, албатта Руссия аз кори мухочирони мо даромад мегирад. Шумо дар хонаи хамсоя хам мардикори кунед, хамсоя аз кори шумо фоида мегираду шумо аз вай. Агар иктисодиёту менталитети мо хам монанди кишвархои назди Балтик мешуд мо хам чун онхо рафтор мекардем, лекин афсус... Афсус точикони мо бо ихтиёри худ мераванд гуломи ва ин чо гунохи Руссия нест. Онхо бояд ватани худро обод мекарданд, лекин ...

Салом бародарони мусалмон ва хамиллат. Аз навиштахои Абдукодири Рустам хеле лаззат бурдам, ки чи кадар дар атрофи химояти милли ва ифтихори милли тоб мехурад. Фикр мекунам бояд андеша ва мулохизаи хар яки мо чунин бошад, на барзиди он. Агар мегуем, мо аз Ватани русхо зиндагиамонро пеш мебарем ва набояд онхоро бад гуфт, пас миллат барои мо чи лозим ки, ба хотири нон, номро мефурушем. Дар холе, ки он "нон" - ро аз мехнати халоли худ дарёфт мекунем, на ройгон. Дар масъалаи вобастагии иктисоди миллат, ватан, тамаддун гунахгор нест, балки гурухи хукмрон гунахгор аст. Ва дар охир бахои 5 ба Абдукодири Рустам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)