Бахшҳо

Посухи Масрури Абдуллоҳ ба мухолифони Садриддин Айнӣ

Масрури АБДУЛЛОҲ

ОҒОЗИ БАҲС ИНҶОСТ

Дардовар аст, ки устод Садриддин Айнӣ дар байни мо тоҷикон мухолифону бадбинон дорад. Ин худ гувоҳ аз худношиносӣ, худбехабарӣ ва билохира худносипосии мост.

Иддае аз мо устод Айниро намедонанд ва ё донистан намехоҳанд, ки шахсияти ӯро таҳқир мекунанд, ба мероси адабиву илмиаш камбинона нигоҳ мекунанд, нақши ӯро дар наҷоти миллии тоҷикон нодида мегиранд ва ба он баҳои нодурусту муғризона медиҳанд. Барои чунин муносибати худ ҳеч далелу асосу бурҳоне надоранд ва ин бадбинӣ аз муқтазои табиаташон бармеояд. Аз ҷумла, ӯро бе ҳеч гуна далелу асосу бурҳон ба ивази хат гунаҳкор мекунанд ва хоҳиш ё қувваи ақлоние надоранд, ки худ ин раванди мураккабро биёмӯзанд ва гумони ботили худро нисбат ба Айнӣ дигар кунанд, зеро шахсият ва осори ӯро чашми дидан надоранд.

ТАНҚИДИ МУҒРИЗОНА

Ин ҷо сухан сари танқид намеравад. Устод Айнӣ худ танқидро мепазируфт, агар он илмӣ ва асоснок бошад. Муҳаққиқони мунсиф, чи дар вақти зинда будани устод ва чи баъд аз фавти ӯ ба норасоиҳои осор ё мавқеи вай ишора кардаанд, сабабҳои пайдоиши онро гуфтаанд ва роҳҳои ислоҳашро нишон додаанд. Сухан сари интиқоди муғризона, бадбинона, бепояву беасос меравад. Рӯирост бояд гуфт, иддае мисли Асрор (боварӣ дорам иддаи камшумор, аммо дардовар он аст, ки бархе аз ин идда худро зиёӣ медонанд ва ҳатто даъвои насиҳатгарӣ ба миллат доранд) шахсияти устод Айнӣ ва осори ӯро бад мебинанд, қабул надоранд, мақоми ӯро ба мақоми бузургони дигар, аз ҷумла Сотим Улуғзода, ки худ аз мактаби Айнӣ бархостааст, муқобил мегузоранд ва аз худбехабарӣ ба ӯву осораш сангандозӣ мекунанд. Инро шояд намефаҳманд ва ё махсус мекунанд. Вале як нуктаро дақиқан дарк намекунанд, ки ҳар гуна сангандозӣ ин сангандозӣ ба худи мост ва мушаххасан ба худи сангандозанда аст. Зеро шахсияти устод Айнӣ чун гӯшту нохун ба ҳар фарди миллат пайванд аст, ҳатто ба бадбинонаш, чун хидмати устод Айнӣ намебуд, ин бадбинон имрӯз ҳатто имкони ба вай санг андохтанро намедоштанд.

"ДАРЁИ МУҲИТРО, КИ ПОК АСТ..."

Мухолифатҳои бадбинона нишонгари он ҳастанд, ки иддае чун миллати воҳид ташаккул ёфтани тоҷиконро намехоҳанд ва ба арзишҳои мафкураи миллӣ-давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол (аз ҷумла ба Қаҳрамонони миллӣ), ки ҳадафаш шакл додани худогоҳиву худшиносии миллист, зид мебошанд. Ба ин ё он баҳона ба пастзании шахсияту осораш даст мезананд. Ин дафъа вокуниши бадбинонаи Асрор (ва ӯ баринҳо) аз он сар зада, ки як нафар корманди расмии сафорати Тоҷикистон дар Эрон пешниҳоди номгузории кӯчаеро дар Теҳрон ба номи Айнӣ кардааст. Эрониҳо ин пешниҳодро чӣ гуна мепазиранд, ин кори онҳост, аммо пешниҳоди як тоҷикро дар мавриди Айнӣ тоҷики дигар инкор бикунад, пас, ин ҷо гап танҳо сари пешниҳод нест. Ин як баҳонаест, барои нишон додани бадбинӣ ва заҳрчаконии навбатӣ нисбати қаҳрамони миллату давлат, ки солҳои охир аз ҷониби гуруҳе мушоҳида мешавад.

Аммо мақсад аз навиштани ин матлаб даъвати бадбинон ба дӯст доштани устод Айнӣ нест, зеро ин кори бефоида аст, ҷаҳли мураккабро бо як-ду матлаб дигар кардан имкон надорад. Аслан банда ба матлабу вокунишҳои бадбинони устод Айнӣ, хоҳ шоири халқӣ бошаду хоҳ Асрор аҳамият намедиҳам, чун ба қавли Низомии бузург:

Дарёи муҳитро, ки пок аст,
Аз чирки даҳони саг чӣ бок аст!


БАҲСИ "НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК"

Ман ин ҷо танҳо ба як нуктаи эроди ғаразноку дилсиёҳи Асрору тарафдоронаш посух доданиам, ки гуфтааст: “Китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» баъд аз ду соли ташкилшавии Тоҷикистон, яъне аниқтараш дар соли 1926 рӯи чоп омадааст. Албатта, агар соли 1923 нашр мешуд, гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст…” Чунин суханҳои бепоя аз бехабариву бесаводии Асрору вай баринҳост! Ҷанобон, охир аз чизе ки бехабареду намедонед, беҳтараш сукут варзед, то чун пистаи бемағз расво нашавед!

Касе нагуфтаасту нанавиштааст, ки «сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст». Вале агар гуфтаву навишта бошад ҳам, хато накардааст, зеро «Намунаи адабиёти тоҷик» яке аз сабабҳои пайдоиши Тоҷикистони мустақил (иттиҳодӣ) дар соли 1929 аст.

Лозим ба ёдоварист, ки ташкилшавии Тоҷикистони худмухтор ва сипас иттиҳодӣ қабл аз ҳама натиҷаи муборизаҳои дастаҷамъии мардони муборизу худогоҳи тоҷики солҳои 20-уми асри гузашта аст, ки устод Айнӣ дар байни онҳо буд ва нақши идеологи миллии рақами якро, нақши пешвои маънавиро дошт. Устод Айнӣ шояд ягона ҷадиди собиқ буд, ки байни солҳои 1917-1923 ба сӯи пантуркизм майл накард, миллаташро иваз нанамуд ва дар сиёҳтарин марҳалаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамеша бо миллати худ буд. Ба ин хотир баъди ташкил шудани Тоҷикистони худмухтор ҳукумати навташкил маҳз ба Айнӣ супориш дод, ки чунин китобро нависад. Тазкиранависон дар солҳои бистум лак дар лак буданд, аммо барои Тоҷикистону тоҷикон на танҳо тазкираи соф адабӣ, балки тазкирае лозим буд, ки ба василаи он мавҷудияти халқи тоҷик собит гардад, ба пантуркизм зарба зада шавад ва барои ташкил кардани Тоҷикистони мустақил (ҷумҳурии иттиҳодӣ) замина омода гардад. Чунин китобро он замон танҳо Айнӣ метавонист нависад, ба ин хотир муроҷиат ба Айнӣ бесабаб набуд. Бояд дар назар дошт, ки соли 1924 (ба таври воқеӣ соли 1925) Тоҷикистони худмухтор ташкил шуда буд ва душманони тоҷикон намехостанд, ки он ба ҷумҳурии мустақил табдил гардад. Душманони халқи тоҷик, ки як маротиба бо ташкил шудани Тоҷикистони худмухтор шикаст хӯрданд, тамоми қувваи худро ба он сарф намуданд, ки Тоҷикистон мустақил нашавад. Табдил ёфтани Тоҷикистони худмухтор ба Тоҷикистони иттиҳодӣ (соли 1929) муҳимтарин воқеаи таърихии миллати мост. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар даҳаи охири қарни ХХ инро баръало собит сохт, ки дар натиҷа танҳо ҷамоҳири иттиҳодӣ соҳибистиқлол шуданд. Ҳама гуна кӯшишҳои истиқлоли давлатӣ пайдо кардани ҷумҳуриҳои худмухтор бераҳмона пешгириву пахш карда шуданду мешаванд. Ва агар Тоҷикистон дар ҳамон ҳолати худмухторӣ мемонд, имрӯз ба гумон аст. ки мо дар давлати соҳибистиқлол ба сар мебурдем.

ПАНТУРКИЗМ

Китоби «Намуна» – заминаи муътамаду бебаҳси идеологӣ гардид, барои муборизаҳои баъдина (яъне то соли 1929). Таъсири ғоявию сиёсии ин китоб барои ташкили Тоҷикистони мустақил аз шаклҳои дигари мубориза, аз ҷумла навиштани мактубҳо ба номи Сталин, бештар будааст. Агар ин тавр намебуд, пантуркистон тамоми нерӯи худро ба муқобили маҳз Айниву тазкирааш равона намекарданд ва баҳси он то ба худи Н.И. Бухарин намерафт, ки "Намуна"-ро расман маҳкум намуд ва билохира китобро мамнуъ эълон карданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳеҷ китобе мисли «Намуна» ба пантуркизм, махсусан шакли осиёимиёнагии он зарбаи ҷонкоҳ назадааст. Пантуркизм душманони қавӣ дошту дорад, дар мисоли русҳову арманҳову булғорҳову юнониҳо…, аммо ин мубориза ҳамеша чун муборизаи насрониҳо бо мусалмонҳо талаққӣ дода мешуду мешавад. Мафкураи пантуркизм моҳирона аз арзишҳои исломӣ истифода мекард ва таҳти шиори асосгузори он Зиё Гёк Алп «туркигароӣ, исломигароӣ ва муосиргароӣ» амал мекард. Ин аст, ки дар чашми насрониҳо он ҳамчун мафкураи мусалмонҳо ҷилвагар мегардид. Маҳз ҳамин ҷанбаи пантуркизм, яъне моҳирона аз ислом истифода кардани он, равшанфикрони бухороӣ – ҷадидонро ба доми худ кашида буд, чун аҳли Бухорову (ба маънии васеаш, аҳли Аморати Бухоро ва умуман кулли тоҷикони Осиёи Марказӣ) дини ислом мисли гӯшту нохун пайванд буданду ҳастанд. Аммо дар асл пантуркизм бо ислому мусалмонӣ рабте надорад, он як мафкураи оштинопазири миллатгароиву нажодпарастӣ аст, ки метавонад ба худ шаклҳои гуногун бигирад. «Намуна» аввалин зарбаи ғайричашмдоште буд аз ҷониби як нафар зиёии мусалмон ба пантуркизм, ки мубаллиғони онро девона кард ва онҳо девонавор ба Айниву тазкирааш, ки амалан дар он солҳо нақши китоби идеологии тоҷиконро дошт (чунонки солҳои аз солҳои 70-уми қарни гузашта ин нақш ба дӯши китоби «Тоҷикон» вогузор шуд) дарафтоданд.

Аз суханони Асрори муғриз маълум аст, ки вай «Намуна»- ро эътироф надорад, чун соли 1926 баъд аз ду соли ташкилшавии Тоҷикистон интишор шудааст. ӯ гуфтанист, ки агар қабл аз ташкил шудани Тоҷикистон ин китоб рӯи кор меомад «гуфтан имкон дошт, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон ин китоб аст». ӯ гуфтанист, ки аз соли 1924-1925 ҳама ғаюру муборизу тоҷикпараст шуданд солҳои 1917-1923 куҷо буданд?!

ҶАДИДИЯ

Дар боло гуфтем, ки сабаби ташкилшавии Тоҷикистон натиҷаи пайкорҳои дастаҷамъӣ аст. Ҳамчунин зикр намудем, ки ҳукумати навташкили Тоҷикистони худмухтор ба хулосае омад, ки барои тоҷикон китоби ҷомеи идеологие лозим аст, ки ба василаи мероси адабиву фарҳангии дар сарзамини Мовароуннаҳр бавуҷудомада ҳастии тоҷиконро исбот намояд ва ҳаққи онҳоро ба ин мероси беш аз ҳазорсола таъйид намояд. Китобе, ки аз як ҷониб ба душманони халқи тоҷик зарба занад ва аз ҷониби дигар ба боло рафтани худогоҳии миллии тоҷикони он солҳо, махсусан ҷавонон мусоидат намояд. Халқи тоҷик то он замон чунин як китобе надошт, ки аз тариқи он худогоҳу худшинос бишавад. Ҷадидия ҳамчун як мафкура ва ҷунбиши маорифпарварӣ баъди инқилобҳои соли 1917 ва 1920 на ба самти андешаи миллии тоҷикӣ, балки ағлаб ба самти пантуркизм рушд намуд. Бисёр аз ҷадидон пантуркист шуданд, бархе дигар ба кунҷи узлат нишастанд ва аз равандҳои иҷтимоӣ худро канор гирифтанд. Шакл нагирифтани чунин андешаи миллӣ ба пантуркистон роҳи васеъ боз кард ва онҳо дар ҳукумати вақти Бухорову Туркистон ҳукмрон гардида, ҳама соҳаҳоро ба дасти худ гирифтанд. Ва чунонки зикр намудем, аз ҷадидони собиқ танҳо Айнӣ буд, ки пантуркизмро напазируфт, ба кунҷи узлат нишаста, худро аз равандҳои иҷтимоӣ канор нагирифт, балки бо ҳар роҳ кӯшиш мекард андешаи миллии тоҷикиро шакл бидиҳад.

Дар сиёсати амалии нимаи авали солҳои 20-уми қарни гузашта пантуркизм дар шаклҳои гуногун амалӣ мешуд. Аз ҷумла матбуоти тоҷикӣ куллан мамнуъ гардид ва аз 8 декабри соли 1921 то 24 августи соли 1924 дар Осиёи Миёна матбуоти тоҷикӣ вуҷуд надошт. Ба қавли устод Айнӣ ин даврае буд, ки халқи тоҷик гӯё забон надошт, чунки рӯзнома надошт. Пантуркистон бошанд танҳо байни солҳои 1917-1918 дорои 8 рӯзномаи ҳаррӯзаву ҳафтаина буданд, мисли «Турк эли», «Турон», «Улуғ Туркистон», «Туркистон» ва ғайра.

АЙНӢ ВА ЗАБОНИ УЗБАКӢ

Бузургиву тоҷикпарастии Айнӣ дар он зоҳир мешавад, ки дар ин давраи «сукути миллӣ» вай сукут наварзид. Ба Асрору тарафдоронаш маълум бод, ки устод Айнӣ ҳамеша дар фикру зикри сарнавишти миллати тоҷик будааст ва на танҳо баъди ташкили Тоҷикистон, балки қабл аз ташкили Тоҷикистон. Дар шароите, ки тоҷикпарастон ё ҷонибдорони андешаи миллии тоҷикӣ он имконотеро, ки пантуркистон доро буданд, надоштанд Айнӣ ба қадри имкону тавоноӣ ба андешаи миллии тоҷикӣ замина мегузошт. Аз ҷумла дар давраи ҳамкорӣ бо нашрияи «Шуълаи инқилоб», тибқи шумориши муҳаққиқон «ғайр аз шеърҳо 93 мақола, очерк ва маводдҳои тарҷумавӣ чоп кардааст». Ин матлабҳо серҷанбаву гуногунпаҳлу ҳастанд ва яке аз ҷанбаҳои он даъвати тоҷикон (форсиён) ба худогоҳиву худшиносии миллӣ буд: «...бадбахтона, мо форсиён (таваҷҷуҳ кунед, устод мегӯяд «мо форсиён», дар даврае, ки бисёриҳо аз «мо форсиён» ё мо тоҷикон гуфтан рӯ гардонда буданд)» ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем... («Танвири афкор», с. 1919). Маҳз дар ҳамин давра вай чунин асарҳои худ ба монанди «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» (1918) ва «Ҷаллодони Бухоро»-ро (1920) ба забони модарии худ навишт, ҳарчанд дигарон аз навиштан ба тоҷикӣ парҳез мекарданд.

Устод Айнӣ ба забони узбакӣ низ менавишт, дар матбуоти узбакӣ низ фаъол буд. Аммо вай дар шароите, ки матбуоти тоҷикӣ мавҷуд набуд, ин забонро барои манфиатҳои миллии тоҷикон истифода кардааст. 15 ноябри соли 1923 дар рӯзномаи узбакии «Зарафшон» устод Айнӣ мақолае чоп кунонд таҳти унвони «Дар Самарқанд нашри маориф», ки дар он аз ҷумла омадааст: «бахши асосии аҳолии Самарқандро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ба онҳо ба забони форсӣ алифбо ва китоби хониш лозим аст». Дар «солҳои сукут», солҳои диктатураи пантуркистӣ ин аввалин даъвате буд дар мавриди ҳуқуқи миллии тоҷикон. 30 декабри соли 1923 устод Айнӣ дар ҳамин рӯзнома мақолаи барномавие ба нашр расонд бо номи «Масъалаи тоҷикон», ки дар он бори нахуст пояҳои андешаи миллии тоҷикон, то ташкил шудани Тоҷикистони худмухтор, матраҳ гардидааст (матни мақолаи мазкур дар тарҷумаи тоҷикии нависандаи ин сатрҳо соли 1995 дар маҷаллаи «Адаб», № 3-6 чоп шудааст).

ИҚТИБОС АЗ БОЗОР СОБИР

Бузургии Айнӣ ҳам дар ҳамин аст. Замоне ки дигарон хомӯш ва ё нимхомӯш буданд, вай бо забони ғайр масъалаҳои миллии тоҷиконро матраҳ кардааст. Ба ибораи дигар устод Айнӣ то ташкили шудани Тоҷикистони худмухтор заминаҳои ғоявии рушди миллии тоҷиконро гузоштааст. Ба ин хотир табиист, ки маҳз ба ӯ таълифи чунин китоберо супориданд, чун маҳз ӯ заминаҳои ғоявиро, ки худ ва пайравони камшумораш гузошта буданд, метавонист боз ҳам инкишоф бидиҳад. Айнӣ сарбаландона аз уҳдаи ин кор баромад ва «Намуна» ба қавли русҳо «эффект разорвавшейся бомбы» гардид. Ба пантуркистон зарба зад ва худогоҳии миллии тоҷиконро боло бурд. Оқибат душманон ғалаба карданд ва китобро манъ намуданд, аммо он ба ҳадафаш расид – Тоҷикистони иттиҳодӣ ташкил гардид. Баъди ташкили Тоҷикистони иттиҳодӣ солҳои 30-юм ва то дами маргаш бо таълифи дигар осори адабиётшиносӣ, ки бештар ба мақолаҳои пурҳиссиёти публитсистӣ шабоҳат доранд, боз ҳам андеша ва худогоҳии миллии тоҷикиро рушд дод.

Соли 2011 ба устод Бозор Собир журналистони рӯзномаи «Миллат» суоле дода буданд: «Хуб, аз Шумо бипурсем, ба андешаи Шумо устод Айнӣ кӣ буд ва ӯ чӣ мақоме дар таърихи миллати тоҷик дорад?». Ӯ ҷавоб дод: “Садриддин Айнӣ забардасттарин тоҷик аст. Агар тоҷик шахсияте дошта бошад, он бешак Айнӣ аст. Айнӣ шахсияти рақами 1-и сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон аст. То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем, ё форс, ё хуросонӣ. Ин калимаро Айнӣ дар даҳони мо гузошт. Ӯ ба мо талқин кард, ки мо тоҷикем ва дар зери ҳамин калима бояд муттаҳид шавем. Ва мо адабиёти тоҷик чист, намедонистем. Ӯ барои мо «Намунаи адабиёт» навишт. Ӯ барои мо бо забони рехтаву суфтаву содаи тоҷикӣ навишт, ӯ дар бораи қаҳрамонҳои халқи тоҷик китоб навишт. Ҳудуди миллиамонро ӯ бароямон гуфт. Мо то Айнӣ намедонистем, ки Самарқанду Бухоро шаҳрҳои аслии мо тоҷикон, гаҳвораи шеъру тамаддуни мо ҳастанд. ӯ инро ба мо гуфт. Шахсиятҳои фарҳангии мо аз Айнӣ шурӯъ мешаванд. Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода ва Ғафуров. Дар сари ин шахсиятҳо камтар баҳс кунем, беҳтар аст».

ПАС, ФАРҚ МИЁНИ МОВУ ОНҲО ЧИСТ?

Ин суханони шоири забардасти мо ҳама асоси таърихӣ доранд, ки бархе аз онҳоро дар ин матлаб ёдовар шудем. Ба онҳое, ки аз мавқеи имрӯзаи Бозор Собир норозианд ёдрас менамоем, ки вай ин суханонро аввали соли 2011 гуфтааст, ки ҳанӯз ба таври доимӣ ба Тоҷикистон наомада буд.

Миллати тоҷик дар эҳёи худ дар ибтидои қарни ХХ мадюни (қарздори) устод Айнист. Барои аксари кулли афроди миллат ин ҳақиқати бебаҳс аст. Аз масъулони нашрияҳои мустақил ва гурӯҳҳои мухталифи фейсбукӣ хоҳиши банда ин аст, ки василаи пахши ақидаҳои муғризона роҷеъ ба шахсият ва осори ӯ набошанд ва ба бадбинони устод Айнӣ минбар надиҳанд. Ҳар гуна вокунишҳои бадбинона нисбати Айниро аз сайтҳои интернетии худ ҳазф намоянд. Айнӣ барҳақ Қаҳрамони миллӣ аст, қаҳрамони давлатдории навини тоҷикон аст ва мо тоҷикон роҷеъ ба вай танҳо бояд тавсифӣ сухан гӯем ва нависем. Мо ҳаққи интиқоди ӯро надорем! Бе ин ҳам аз аҳли ғайр душманони ӯ зиёданд, ба хотир оред он филми ҳуҷҷатии РТР-ро роҷеъ ба Темурланг, ки устод Айнӣ таҳқир шудааст, ба ёд оред хатари баста шудани музеи устодро дар Самарқанд... Ва агар мо, соҳибони мероси устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ ин гуна рафтор кунем, ба хидматҳои қаҳрамонона ва осори безаволи ӯ бо назари шубҳа нигарем - пас фарқ миёни тоҷику душмани тоҷик дар чист?!
Мӯҳр
Dev
kulob,
Azizam 70%-i mardumi janub holo bo zaboni adabi harf zada nametavonand, vale tu boshi Ajniro baroi "nest shudani" hatti forsi gunahkor medoni. Ohir on vakt zamone bud,ki hej kasi osijogi mukobili markaz chize nametavonist guyad... Injo yake navisht ,ki Ajniro muhokima kardan in ba osmon tuf kardan ast...sad dar sad hak ast.

Хамин чор кухпора, ки ба шумо хамчун давлати Точикистон тухфа мондау мегуеду фахр доред ва барои гасби хокимият солхои 90 уми асри 20 чони садхо хазор кавмхои ба ном точикро рабуд имруз бахс доред акли солим рост намеояд Шумо як ба Русия назар кунед то холо бо хисси милли масохаташро зиед намуда истодааст Шумо чи аз тарифу тасниф ва гайбати якдигар Вой ба холи Шумо нимчаолимон бо Айнию, Собиру дигару дигаратон

Амон
Бехтарин суханонро гуфтаед устод.Офарин.Вокеъан бисёр бад аст,ки баъзехо надонистаю нафахмида ишора бар он мекунанд,ки гуё устод Айни хуруфоти ниёгонро гирифтааст.Ин на кори устод балки кори Кремл дар хамбастаги бо пантуркистон аст,ки забони точики ва хуруфоти порсиро моли кухнаи давраи амри медонистанд ва аслан сухан чои дигар буд.Сухан сари масъалаи "укёнуси калони фарханги форси" меравад,ки пантуркистон хеч вакт ва хеч гох чунин фарханг надоштанд ва бо хуи гургона ва хассисяшон онхо ин корро карданд.

Мурод
Нагз. бисёр нагз устод Масрур. Шумо дар он тарафи марз, дар Узбекистон таваллуд шуда бошед хам манфиати миллиро дар симои кахрамонони он химоя мекунед. Хеле шодем. Бигузор онхое ки точиканду дар Точикистон таваллуд шудаанду имруз дар миллат санг мезананд аз устод Масруре, ки расман узбек хасту дар Узбекистон таваллуд шудаву имруз кахрамонони моро барои мо шинос мекунад, ИБРАТ ГИРАНД. Ва дар охир ба сухани устод Масрур ру оварда, посух медихем, ки фарк миёни точику душмани точик он аст, ки душмани точик имруз точик аст, на каси дигар!

Точики Самарканди
Ин посуххои курнамакон, аз он чо омада мебарояд, ки олиму академикхои махалгаро ба ин гуломони худ гушрасон карданд , агар шумо Айниро болобардор намоем мо дар назди Айни як нуктае хам нестем, барои хамин инхо булбулвор падари миллатро сиях мекунанд.

Максад
Мурод,
Ачаб одами ахмак будаи! Охир агар намедони г... хурда менависи, Масрур дар Душанбе таваллуд шудааст ва зотан хам расман хам ТОЧИК аст!

Ташаккур, Масрурҷон, аз ҳимояти устоди бузургвор Айнӣ! Ин тоифа, ки ғайри худ ва чанд хамдеҳашон касеро намешиносанд, кай ба қадри Айниву мисли ӯ бузургони миллат расида буданд. Ҳайфо, ки миллати ман бемор шудааст ва давои беморӣ дар дасти худаш аст. Аммо ин миллат наметавонад, ки худро даво созад, чунки ёро ва тавон надорад. Пас умед фақат аз Худо дорем. Аммо ба назар мерасад, ки Худованд ҳам ин миллати носипос ва худбадбинро фаромӯш кардааст...

Кулоб
Мурод,
Айниро касе бад нагуфтааст, аммо аз у набояд кахрамон тарошид. У танхо як нависандаи коммунист буд, ки бар нафъи режими СССР менавишт. Чаро уро ба осмон бардорему, Лохутиро не? Чунки Лохути хамшахриамон нест? Асархои Айни дар бораи гуломону дохундаву ятиму сафсаташеърхояш имруз ба дарди мо намехурад. Биёед хамин шоирону шеъру газалро яксу монем ва зиндагии ватанро обод кунем. Шеъру шоир барои суфимашрабону бекорхучахост.

точик
Айниро махалгароени навбадавлатрасида ва бефарханг, ки аксар аз насли мугл хастанд, санг мезананд. Холо кавмхои лаквйю карлуг, катагану барлос худро точик гмрифта дар тамоми сохохо бар зарари точикон фаъолият бурлв истодаанд.

Нвфароне, ки Айниро санг мезананд точик нестанд. Холо дар точикистон тамоми сохахо дар дасти нввточикон мебошад, ки мугултабор хастанд ва ба тарзи ошкор ба решаи точикон табар зада истодаанд. О хамин таърихи Бухорову Самарканд шумо чи доред? СИФРИ ХОЛИ! Дар Душанбе аз лахчаи гализи шумо чойи гурез намондааст. Ба бузургоеи точик санг еаандозед.

ФИруз интернет
Озодагон Шумо дигар мавзуъ наёфтед. Айб аст охир коментарияи ким кадом рубамичозро гирифта дар сомонаатон чой додед. Чи кор карданд накарданд гузашт. Чи агар форсиро медонистед мардикор намешудед? Пеш аз онеки чизе мегуеду менависед ба худатон савол дихед ман чи кор кардам барои миллатам? Монед хамон рухи Айни дар кабр осуда хобад. Бехтараш аз паси зиндагиятон шаведу ба масъалахоеки ба Шумо умуман робита надорад чака нашавед. Вай кахрамони хал аст. на Шумо барин рубамичозхо.

Шамисо
АХСАНТ, МАСРУР!!!!!!!

ВОКЕАН:
Дарёи муҳитро, ки пок аст,
Аз чирки даҳони саг чӣ бок аст!

Двоняшкахои безот девона шудаанд!!!

Ш.

ДАРКИ ТАЪРИХ
ИН ЧО КАСЕ АЗ ПУЛИ МУХИДДИНОВ ЁДОВАР ШУДААСТ. ИН ГУСТОХИРО ЯК ТАРАФ ГУЗОР! МАГАР У ЯХУД БУД КИ ПУЛАШ ОЛАМРО ДИГАРГУН МЕКАРД?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)