Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон: “Ҳамла ба вакил таҷовуз ба сохтори давлатӣ аст” (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 11 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон ҳамлаи як гуруҳ бо тухму помидор ба ӯ ва тарфдоронаш дар шаҳри Кӯлобро дар миён гузошт. Ӯ гуфт, “ин ҳамлаи тарҳрезишуда, ҷинояти созмонёфта ва дастдарозӣ ба вакили парлумону сохтори ҳукуматист”.

Оқои Кабирӣ дар оғози сӯҳбаташ гуфт, “вақте имрӯзҳо дар бораи ҷашни ваҳдат суҳбат мекунем, баъзе аз дӯстон хостанд, як тарафи сулҳ, як ҳизби сиёсиро табрик кунанд, ки ташаккур мегӯем. Вале ҷиддӣ бигӯем, ин ҷиноят буд. Ҷинояти созмонёфта. Ҷиноят зидди як шахс не, зидди сохтори давлатӣ буд. Дастдарозӣ ба вакил дастдарозӣ ба сохтори ҳукуматӣ аст. Аз сохторҳои қудратӣ хоҳиш мекунам, аз ин зовия ба ҳодиса баҳогузорӣ кунанд. Ин дархости шифоҳии мо расман ба Додситонии кулл расонда шавад.”



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар идома афзуд, “як гуруҳ аз ҳеч кас ва ҳеч қонун тарс надоранд, барояшон оромиву сулҳ аҳамияте надорад ва ҳар чизе хоҳанд, анҷом медиҳанд. Ин кор тасодуфӣ нест. Ин паёмро ба мо, ба ҷомеа фиристоданд ва нигарони ман ҳам аз ҳамин аст. Агар ҳадафи мо ҳангома кардан мебуд, дар дафъаҳои гузашта низ ҳангома мекардем. Вақте муовини раиси пулиси як ноҳия ба вакили парлумон гуфт, агар наравӣ, дасту поятро баста мебарем. Вале мо ҳангома накардем. Ба хотири сулҳу субот. Гуруҳҳое, ки авбошсифат ҳастанд, аз сабри парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мухолифон истифодаа мекунанд, инро заъфи мо ҳисоб менамоянд. Ҳар чи қадар мо фарҳанги сиёсиро нишон диҳем, онҳо ҳамон қадар далертар мешаванд. Чигуна мешавад, ки як гуруҳи авбош, ки зан ҳаст, ҷавон ҳаст, ба сари вакил, ба дафтари ҳизбҳои сиёсӣ ҳамла мекунанд. Ҳатто президент ҳам дар ин бора мавқеи худро ошкор нагуфтанд, то инҳо ба ҷазо кашида шаванд. Шояд вақти он расидааст, фаҳмонда шавад, ки вакилон, ҳизбҳои сиёсӣ соҳиб доранд. Ман хоҳиш мекардам, вакилону парлумон ҷиддӣ қабул кунанд. Ҳодисаҳои солҳои навадумро ба ёд биёред, аз гаравгонгириву латту кӯби вакилон сар шуда буд. Набояд ин иштибоҳ дигар такрор шавад.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ин сӯҳбаташ дар парлумон аз созишномаи сулҳи тоҷикон ҳам ёдоварӣ кард ва гуфт, “барои миллат сулҳ кардем ва гуфтем, фаромӯш шуд, дигар кинаву кудурат нест. Дар созишнома навиштем, ғазаби Худо ва лаънати Худо ба касе бод, ки он ҳодисаҳоро ёдовар мешавад барои сиёҳ кардани якдигар. Вале чӣ шуд, ки вазъ якбора тағйир хӯрд? Мо якдигарро бахшидем. Даҳ ҳазор муҷоҳидро ба давлат бахшидем, ки то ҳол марзу бумро аз душманон муҳофизат мекунанд. Мо ягон ҷиноят кардем, камбудӣ кардем? Агар ба мо мантиқона бифаҳмонанд, ки ҲНИТ замоне барои миллат, барои сулҳ даркор буду ҳоло ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мо менишинем бо хоҳарону бародарон, маслиҳат хоҳем кард, қабул хоҳем кард. Вале бо ин роҳу услуб намешавад. Сиёҳ кардан, наворҳо. Чи гуна давлат наметавонад пеши роҳи ин ҳамаро бигирад? Оё намешавад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад? Агар мақомоти мо ин қудратро надоранд, пули мардумро барои чӣ мегиранд? Ин ду сабаб дорад, ё аз уҳдаи кор намебароянд ва ё худашон шариканд. Варианти севум вуҷуд надорад.”

Оқои Кабирӣ аз вакилон барои он ки сӯҳбаташ, ба гуфтаи ӯ, андаке тӯлонӣ шуд, маъзаратхоҳӣ кард ва гуфт, ин ҳарфҳо бояд дер ё зуд гуфта мешуданд. “Эҳсоси масъулият кунем, то ин сулҳу ваҳдат аз байн наравад, заиф ншавад. Баръакс, таҳким бахшем. Мо омодаем, аз мо парҳез накунанд, нагурезанд. Дар ҳамин даҳ рӯзе, ки то ҷашни ваҳдат мондааст, парлумон ба мардум паёми умедворкунанда диҳад. Мардум бовар кунанд, ки сулҳу ваҳдат пойбарҷост ва ҳеч кас даст накашидааст. Иҷоза надиҳем, ки душманон аз ин ихтилофҳо истифода кунанд. Як гуруҳ коре карда истодаанд, ки президент дар чашми қисме аз мардум сиёҳ шавад ва президенти мардумӣ муаррифӣ нагардад. Бояд душманони сулҳу ваҳдатро дар дохили оппозитсия наҷуст”,-таъкид дошт.



Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ, баъд аз сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб, ки дар ҳавлии раиси дафтари ҲНИТ дар минатқа баргузор шуд, гуруҳе аз соикнон бо тухму помидор ба онҳо ҳамла оварданд. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи Маҷлиси Намояндагон барои суҳбат иҷоза хост, то ҳодисаро шарҳ бидиҳад. Бори аввал Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон, гуфт, дар ин бора бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ суҳбат кардаасту ҳоҷат ба баёни он нест. Аммо вақте раиси ҲНИТ бори дувум барои суҳбат иҷоза пурсид, аксари вакилон ризоият доданд ва Зуҳуров низ мухолифат накард. Аммо раиси парлумон пеш аз шунидани ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бораи ҳамлаи як гуруҳи сокинон бо тухму помидор ба ӯ ва тарафдоронаш дар Кӯлоб, ба вакилон даҳ дақиқа танаффус дод. Ӯ гуфт, ҳоло як занги муҳими телефонӣ дорад ва баъд аз анҷоми суҳбаташ оқои Кабириро гӯш хоҳанд кард.
Мӯҳр
Ватандор
АЛОХУ АКБАР ! ЧАНОБИ КАБИРИ ХУДО КУВВАТ БА ШУМО ДАР РОХИ ХАК . ИН СИФАТИ ВИДИО ХАМ МОНЕЪ НАМЕШАВАД КИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИКИСТОН БУБИНАНД ВА БИФАХМАНД ХАКИКАТИ КОРИ ХУКУМАТИ ФЕЪЛИРО !

Дар хакикат дар давлатхои исломи, Мисри Араб махз хизбхои исломи давлатро мехостанд пароканда карда, Президенгти кишварашонро сарнагун намоянд. ХНИТ низ бо як максад аз давлатхои исломи хусусан Эрон маблагхои калони пули металбад ва оянда Точикистонро даслати исломи намуда, занонро дар хона махкам ва духтаронро аз синфи 8 аз мактаб боз монанд. Бояд худи М. кабири аз рохбарии ин хизб даст кашад ва монад ки халк якчо ва сарчамъ зиндагии худро бо каму костохояш пеш баранд. Иншоаллох ки точикистон ояндааш дурахшон аст.

Democrat
Икром,
эй додар, имруз занхои давлатхои Исломи дар илм аз мардхои даюси аврупоию амрикои пеш рафтанд. Хабархои Исломро бихон, ки онхо чи кадар ихтироъхо карданд. Афсус, ки ту Исломро муттахам мешумори.

Масчои
Кабири номатро САБРИДДИН мон.Ба номи Аллох хизби нахзатро ба шикаст оварда расониди!Ин кадар сабр сабр мегуи!?аъзоёнатро бо тухмату дуруг хабс карданду,мекунанд,обро ба дахонат гирифти.Вакте Жириновский НИСБАТИ Рахмон гуфт,якум шуда овоз бароварди.Худатро намоиш дода хушомадгуи карди,вале кадрат накарданд.Замоне,ки зимистони ХУНУК шуда буду даххо нафар фавтида буданд,ба гуфти худат бо созишномаи пинхони бо хукумат обро ба дахон гирифти...Ана акнун хубат мешавад.Бозоратро кашида гирифтан вале то хол сабр сабр дори..Ба номи АЛЛОХ,гап заниатро мебинам нисбатат хисси бадбиниам дучанед се чанд мешавад.Ранги мардак як бор сахт гап зан ранги Жирик.Ё даро пеши Эмомали Рахмон гапхоятро гуй.

аз Кулоб
Хама маблаги сарфшудаи барои тухум алайхи Кабири аз хисоби бучети давлат аст. Бародарон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)