Бахшҳо

Хитоби "Абу Холиди Кӯлобӣ" ва назари Шерхон Салимзодаю Рамазон Раҳимзода

Дар интернет навори видеоии наве роҳ ёфтааст, ки дар он як ҷавони тоҷик бо номи Абу Холиди Кӯлобӣ, муқими Сурия, аз таҳти фишор қарор гирифтани волидайну наздиконаш дар Тоҷикистон нигаронӣ кардааст.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, падару модарони онҳо ба хотири ҳузури фарзандонашон дар Сурия замоне таҳти фишор қарор мегиранд, ки гӯиё бар асоси қавонини ҷории Тоҷикистон волидайн ҳаққи дахолат дар умури фарзандашро баъд аз ба балоғат расидан надоранд. “Онҳо мегӯянд, рафтани фарзандони синнашон аз 18 поин ба масҷид манъ аст, агар маҷбур кардӣ барои рафтани онҳо аз “Родительское права” – ҳаққи падарӣ ё модарӣ маҳрум мешавӣ ва чун ба ба 18, ки расид, мегӯянд, фарзандат бузург шудаасту дар ихтиёри ту нест. Ҳоло имрӯз бародарони мо ба сарзамини Шом меоянду давлати Тоҷикистон сари падару модарҳои онҳо фишор меорад. Ин чӣ хел мешавад, мегӯед, ҳаққи дахолат дар кори фарзандро надореду ҳоло боз фишор меоред”,-мегӯяд Абу Холиди Кӯлобӣ.

Ин ҷавони тоҷик дар хитоб ба масъулони ҳукумати кишвар мегӯяд, “Шумо даррав эълон мекунед, ки 190 нафар ҳасту се кас шаҳид шудааст. Инҷо ба фаҳмиши ман 500 – 600 нафар ҳузур дораду дар ҳар ҳамла 20 – 30 нафар бародарони тоҷикистонӣ кушта мешаванд.”

Хитоби "Абу Холиди Кӯлобӣ" ва назари Шерхон Салимзодаю Рамазон РаҳимзодаДар ҳамин ҳол, Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, сабаби асосии гароиши ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷию ҳаракатҳои ифротӣ таълимоти нодурусти динӣ донист. Салимзода 19 июн дар доираи конфронси "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" ба хабарнигорон гуфт, одатан зархаридони тоҷик, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, дар назди шахсони алоҳида таълими динӣ гирифта, баъдан дар кишварҳои дигар ба монанди Афғонистону Покистон идома медиҳанд.

Додситони кулл афзуд, асосан зархаридони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротӣ дар Афғонистон, Покистон, Эрон ва Русия мегараванд: “Сабаби асосии ин ҳама содагии ҷавонони тоҷик аст, ки шуурнокию ҷаҳонбинии ташаккулёфта надоранд. Бор кардани ақидаҳои ифротӣ ба чунин ҷавонон осон аст.”

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ сабаби асосии гароиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиро дониши нокофӣ ва таълимоти нодурусти динӣ гуфта, афзуд, мақомоти зертобеаш барои ҷилавгирӣ аз ин раванд чораандешӣ дорад: “Мо дар асоси қонун зидди ин раванд мубориза мебарем, боздошт мекунему безарар мегардонем.” Ӯ таъдоди тақрибии зархаридони тоҷикро дар хориҷи кишвар ҳудуди 200 нафар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
Давлат бояд ба корхои дин дохил нашавад кудак агар кудакиш масчид нарава бад кай мерава

Онхо дарди сари мансабдорон ва хукуматдорони Точикистонанд. Аз берун Точикистон дар кафи даст намоён аст. Чй ба фикри Шумоён онхо бекорй, тагобозй, хешутаборбозй, азякрайончигарй, махалбозй, взятка дар кишри болои чомеа барои гирифтани вазифа ва гайраро намебинанд. Еше как мебинанд.

карим
тагагира кам кнен хамаша соз мешава чанобо асри 21- кай айбай дар ягон чои дунё ихелие, ки дар Точикистон хаст ихели нест шумо кай бас мекнен зурира басай хамара гирифтен, конуни кай мешава корои хешу таборои шумо ????

Шарм надошта боз мегуенд. ки ин хама нофахмоии чавонон аст, ки ба ин равишхо шомил мешаванд!! Имруз пушида нест, хатто кудаки сохиб акл медонад, ки хукумати Точикистон дар кадом вазъ аст ва нигохи хукумат бар чавонон чигуна назаррас аст!!!
Сабаб алакай маълум, набудани чои кор, тахкиб ва дастгири накардани наврасону чавонон, ба коре шугл надодани эшон ва ин хама сабаби даргирихо ва мачбурияти шахс мешаваду ба гуруххои гуногун шомил мешаванд. Имруз хукуматро ба як синф ва як кабила таалук карда, дигаронро хатто шахрванд нашуморда, хатто тахкибу дилсард мекунанд, пас чигуна метавон зиндаги кард ва гуруснаю бекор нишаст???!! Имруз хукумат хак надорад барои фишору мавкетангкунии шахрванде, ки наметованд уро ба кор таъмин кардан, ба хама кори шахрвандон кор доранд, дар баробари он ки хатто ягон имкояти оддиро фарохам оварда наметавонад барои у....!

az tojikiston hich xabar nabaromad ki HUKUMATİ TOJİKİSTON YAK MADRASA VA YO YAK MASJİD SOXTAAST VA YO YAK MASJİDRO BAROİ DARSİ DİNİ DODANASH İJOZAT DODAAST. har chi meshunavem hamin ast kı FALON MASJİD BASTA SHUD FALON MULLO VA YO QORİ DASTGİ SHUD. charo? CHUNKİ DARSİ DİNİ MEDODAAST. va digar to 18 sola masjıd raftan man... in hamaro chi guna az yak diyori musalmoni shunida meshad dar taajjub hastem. pas vakto kı dar kishvari xud ne madrasa ne yak masjid baroi kudakonamon raftan paydo karda nashad majburan ba kishvarhoi digar baroi tahsili xudu farzandonashon meravandu..... natija dardi sari hukumat. man dar taajjubam kı naxod HUKUMAT HAMINRO HIS NAKARDA BOSHAD..

нози
Хамин видеоролика ай кчо бинем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)