Бахшҳо

Посухи вазири маориф ба Бибиннисо: “Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад!”

Бибиннисо Мамадҷонова, хатмкунандаи мактаби рақами 18-и ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, иддао дорад, ки мақомот “квота”-и насиби ӯро ба дигар кас додаанд. Бибиннисо рӯзи 7 июл, ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба Душанбе омад ва ин мавзуъро шахсан бо ӯ дар миён гузошт.



Ин хатмкунандаи мактаби 18-и ноҳияи Носири Хисрав пеш аз он ки бо вазири маориф ва илм дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кунад, ба “Озодагон” гуфт, бори дувум аст, ки мақомот пирӯзии ӯро нодида мегиранд. “Бори аввал дар олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни кимиё иштирок кардем. Ҷои аввалро гирифта будам, вале баъдан онро ба Роҳима Маллаева, духтари яке аз раисони хоҷагӣ, доданд. Бори дувум барои гирифтани квота ба Донишгоҳи тиббӣ низ якҷоя ҳуҷҷат супоридем. Ман ҳафт бал гириифтам, вале квотаро боз ба ӯ доданд. Агарчӣ Маллаева тамоми вазифаҳоро иҷро накарда буд”,-нақл кард Бибиннисо.

Бибиннисо Мамадҷонова мегӯяд, он замон талош кардааст, то бо вазири маориф ва илм вохӯрда, масъаларо дар миён гузорад, аммо муваффақ нашудааст. “Баъд, ба назди муовини раиси ноҳияи Носири Хисрав Бозоргул Саидова рафтем. Вақте гуфтем, дар ин бора ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат мекунем, он кас гуфтанд, ба куҷое равед, рафтан гиред. Моро ҳеч кас ҳеч кор карда наметавонад”,-афзуд Бибиннисо.



Ин ҳарфҳоро Бибиннисо ҳангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, низ баён дошт ва гуфт, барои додхоҳӣ ба назди Сайфиддин Давлатов, масъули вазорат, рафта буд. “Гуфтам, ки бал ё холи ман барои гирифтани квота зиёд аст, онро ба кӣ доданиед? Он кас дар ҷавоб гуфтанд, “ба очаат медиҳам!”



Дар посух Сайфиддин Давлатов, ки дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, ин иддаои Бибиннисоро беасос донист. Нуриддин Саидов ҳам ба ин баҳс ҳаммроҳ шуд ва гуфт, “чор бор шуд аз ноҳияи Тоҷикобод қабул мекунем, касеро ёфта наметавонем, ки ба Донишгоҳи тиббӣ роҳхат гирад. Сабаб чист? Барои он ки дониши паст доранд. Акунн ба қарори ҳукумат тағйир ворид шуда, камбизоату камбағал аз байн бардошта шудавуҷавонони лаёқматманд мондааст. Чизи дигар, ҳозир ин духтар танҳо нест, нафарони зиёде ҳастанд, ки медонанд, он духтар ва ё ҷавон аз инҳо лаёқатманданд, вале тан намедиҳанд. Он қадар худбин ҳастанд, ки... Таслим намекунад, ки вай аз ӯ босавод аст. Ҳозир аризаи даъвогии дигаре омадааст аз Ҷиргатолу Темурмалик. Бояд ҳақ ба ҳақдор расад. Нафаре ки донотар аст, бояд таҳсил кунад.”


Мӯҳр
Салом! Сипосу ситоиш худоеро ки дар хар маврид довари ва еварии бандаашро нигох медорад. Хело бароям мушкил афтод мушохадаи ин навор гиристаму гиристаму сипас ирода мустахкам намудаму калам ба даст гирифтаму чанд сатре аз малумоти чохилонаи худро китобат намудам. Вокеан хам ман шояд сазовори чунин калимот набошам вале хар чи руи зехнам меояд китобат дорам. Духтарчонам Бибинисо маро 25 сол ба кафо бурд рузхои кудаки чавони еди он рузхое ки мани навчавони соддаи дехоти ба хар чи дар китоб ва дар рузномахо мехондам е дар телевизион тамошо мекардам садокат доштам. Ин садокати ман ба адолати ичтимои ки он рузхо Шурави нохун аз чахоникунонии он мезад маро низ замоне овораи кобинахои вазирону раисони хукумати онвакта карда буд. Баади аз мандат галтонданам бо супурдани чор имтихон бо бахои чор такя ба дониши худ ба уммеди баркарории адолати ичтимои ки хукумат аз куллахои баланд дар борааш лоф мезад дари ректори онвактаи Донишгохи Олии Точикистон мухтарам Тохир Фозиловро кубидам. Вале аз муддаиени адолати ичтимои ибораи " пота чени чогат дароз куни поят намешиканад"ро шунидам. Сипас бо аризаи навбати дари вазири маориф мухтарам Исмоил Давлатовро кубидам вале ин марди хоксор хам моро бо ибораи "кабулшудагони имсолаи ин факулта порсол мушаххас шуда буданд" гусел кард. Мани содик ба хар харфи хукуматдорони онвакта устуворона ба пеш мерафтам. Умед ба ояндаи рушан аризаи навбатиро ба Котиби аввали хизби хоким мухтарам Каххор Махкамович Махкамов навиштам вале хайхот ки пойхои иродатии маро "ЧОГА"- и Тохир Фозилов шикаста буд. Чунки мани кудаки соддаи дехоти ба вучуди адолати хокимон нисбат ба раияташон бовар доштам. Зинда бод он раисе ки исбот кунад имруз он адолат андаке хам бошад арзи хасти дорад ва дасти кумак ба Бибинисо ин духтарчони точик ки даьвое ба чуз тахсили илм надорад дароз кунад. Дар сурати гайр ман ки холо шахрвандии русиро дорам ва ба чои зисти шахсии худ тааминам омодаам Бибинисоро дар бари духтари худам дар Донишгохи Тиббии шахри Екатеринбурги Русия бо пардохти молии муддати комили тахсил хамчун духтари худам ба зиммаи худ бигирам. Маьзарат мехохам аз чанобони хоким ин хам пас ризояти волидайнашон барои рафьи хастагихои даводави бистусесоли пеш ва аз як орзу на беш.

канта зан духтарак шармандашон кардан дар кор

Tojikistoni
Besavod aslo da'vo namekinad. Dixtari basavod budaast ki da'vo kardaast! Mutaasifona, chashm, gush va akli in raison onkadar ravghan giriftaast, ki namexohand hakikatro bidonand.

душанбе
Абдулло Абдуллода монанд кардаанд-1-гузашт 2-нашуд чунки кувахои бадхох ба кор даромаданд.

bar padari hami malimoi poraxur lanat iloho zahri tanaton hsvad xudovand jazoi hsumora bidihad ,,,, govho ,,,,

Daler
Afsus in vaziri maorif layoqati kor bo navrasonro nadorad moned vahshigarirovu bo in tifl hamchun bovidain suhbat kuned. hama I mo farzand dorem, va namekhohem ki ashkhosi begona ba kuchakon bong zanand. javononro bo ruhiyai muhabbatu dusti tarbiya kardan lozim ast, na ba zulm!

tanho baroi sa'yash in dukhtarchai khudro boyad ba donishgoh dokil kard! ruhiyaashro shikastan in manoi yak kambizoati navro bunyod kardan ma'no dorad!

Ман як журналист
Муовини раиси нохияи Носири Хусрав ба гапи гуфтагияш бояд дар назди конун чавоб гуяд. Вай президентро одам хисоб нмекардаст ку ман аз макомотхои болои хохиш дорам ки ин гуна афродро бечазо намонанд чун ки инхел одамхое ки сарвари давлатро писанд намекунанд зиёд шудаст сари ин масъала чорае дид.

узбак
рочеъ ба узбакхо ва миллатгарои. узбакхо аз кадимулаем бо точикон дустона зиндаги ва хешутабори мекунанд. дар узбакистон низ чунин аст. мо бо узбак хаммазхабем. дар точикистон миллатхои гуногун зиндаги мекунанд.ва кишварро обод мекунанд. танхо ин узбакон назар ба точикон хушеру захматдустанд ба ин айби худатон. точик танбал буда доимо худашро таъриф мекунад вале вакте ки белро гирифта кор бояд кард онхо фирор мекунанд.

Исфараги
Хамагон медонем,ки тамоми квота фурухта мешавад.Аз квотахои дохили сар карда то квотахои хоричи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)