Бахшҳо

Президент ба Салимзода: “Биё, назди додситонӣ рафта мебинем, кӣ бо кадом мошин ба кор меояд”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ (10 июл) фаъолияти Додситонии кулли кишварро интиқод карда, аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.

Ӯ аз кормандони ин ниҳоди қудратии кишвар даъват кард, агар сарфаҳми камбуди ҷомеа намераванду дар бораи онҳо хабар надоранд, курсиҳои худро холӣ кунанд: “Барои чӣ як масъалаи заминсозӣ то имрӯз ҳал намешавад? Ҳазорҳо нафарро бурда маҳбас кардеду ҳазорҳо кудак ятим мондаанд. Ин ҳама барои он ки додситонӣ кор намекунад. Дигар ниҳодҳоро аз амният то дохилӣ кӣ бояд назорат кунад?! Ҳарчанд масъалаи коррупсияро бояд Оҷонсии зидди фасоди молӣ назорат кунад, аммо Шумо низ бояд бетараф набошед. Қонун ба Шумо иҷоза додааст, аз ҷумла риояи буҷаи давлатро, ки ғоратгарии рӯирост сурат мегирад. Дур намеравем, ду хонасозро маҳкам кардед, дигараш чӣ? Бад меоеду мегӯед, раҳбари давлат чӣ кор кунем? Чӣ хел чӣ кор кунем?! Чаро то ҳол надидед? Дағал ҳам шавад, қорӣ будед? Мо он қадар давлати бузург нестем, ки даҳҳо миллион гектар замин дошта бошему сарфаҳми ҳисобу китоби онро наравем. Дар замони Шӯравӣ кор кардаем, додситон ҳатто нақлиёт надошт, аммо дар бораи ҳама ҳаракату рафтор маълумот дошту медонист.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз раҳбарият ва кормандони додситонӣ талаб кард, ҳангоми фаъолият ва таъини кадрҳо даст аз шиносбозию хешутаборӣ даст бардоранд: “Ҳангоми таъини вазифа аз ҳамкурсию ҳамсинфӣ ва хешу таборбозӣ даст кашед. Мақомот ҷои ёру рафиқӣ нест! Аз замони истиқлолият 23 сол сипарӣ мешавад, вале як мушкил 23 сол аст, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки додситонии кул низ дар он ҷойгир аст, ҳалли худро намеёбад. Пеши роҳи чор гӯштфурӯшро гирифта наметавонед. Барои он ки мову Шумо бозор намеравему дигарон харида меоранд. Як бор ба бозор раведу бубинед халқи бечора чӣ вазъ дорад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар низ норозигӣ намуда, аз ӯ хост, ба рафтору кирдори кормандонаш диққати ҷиддӣ диҳаду садди роҳи сарватхоҳии онҳо шавад. Пеш аз он ки оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро ба забон орад, аз чӣ гуна барканор шудани Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешин ва боздошти фарзанди ӯ ёдоварӣ кард.

“Рафтори 872 нафар корманди мақомоти додситониро Салимзода ту бояд ҳамчун падару раҳбар назорат кунӣ. Ман ба ту чанд бор хонаҳоро бо расму ному насабаш нишон дода будам, ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст? Ё биё саҳар назди бинои додситонӣ меравему мебинем, кӣ бо кадом навъи мошин ба кор меояд. Бубахшед, вақте як додситонӣ дар панҷ ноҳия кор мекунаду панҷ хонаи хидматиро банд мекунад, бар иловаи шахсӣ чигуна ба ӯ метавон бовар кард? Бар иловаи ин дар ҳар ноҳия боз аз ду то се заминро соҳиб мешавад”,-таъкид дошт президент.

Ӯ, инчунин, ба масъалаи содир шудани ҷиноятҳо аз сӯи фарзандони мансабдорони давлатӣ дахл карда, афзуд, “ҷиноятҳое, ки фарзандони мансабдорон мекунанду чорзону зада пеши президент меоед, ки чӣ кор кунем? Қонун барои чӣ аст?! Магар барои мансабдор алоҳида мебошад?! Вазифаат чӣ аст?! Аз дар мебароеду мегӯед, ман вай (одам)-и президент ин чӣ кор аст, ой бародар?!”

Ҷаноби Раҳмон дар охир ба кормандони додситонии кишвар ҳушдор дод, ки ҳангоми адои вазифа аз поквиҷдонӣ кор гиранду эҳтиёт бошанд: “Аз ҳар як нафаси кашидаи Шумо огаҳӣ дорам. Аммо дар бисёр ҳолат дурандешӣ мекунам. Ман Шуморо маҷбур накардаам, ба ин мақомҳо вазифаро гирифтеду савгандро ёд кардед, бадолатӣ накунед, Шумо бояд намуна бошед. Аз мардум ягон чиро пинҳон карда намешаваду бояд нашавад, чун ҳамаро онҳо бояд донанд. Барои Шумо ягон қонуни алоҳида нест, ки ман додситонаму... ин бояд гуфта нашавад. Мардум бояд аз шаффофияти фаъолияти президент сар карда, то додситониро бояд донад.” Ӯ ибрози таассуф кард, ин ҳама камбуд дар ҳоле ҷой дорад, ки ҳаҷми маоши кормандони додситонӣ то 100% зиёд карда шудааст: “Муйсафеде, ки 60-70 сол кор кардааст, 200 сомонӣ нафақа намегирад. Аз додситониии кул сар карда то коргаронаш агар поквиҷдонона кор мекарданд, дигарон низ кор мекарданд. Дар тамоми зинаҳо ҳама вобастагӣ аз роҳбар дорад. Боз як бори дигар мегӯям, ки вазифаи ман президентӣ асту аз Шумо додситонӣ, вазифаи мову Шумо мардумро бурда маҳбас карданӣ нест! Ин қадар парвандаи ҷиноиро боз кардему ин қадарашро маҳкам кардем, хуб ҷиноят ки содир шуд, бояд ҷинояткор ҷавоб диҳад. Аммо роҳҳои пешгирӣ аз ҷиноятро чӣ бояд кард?!”
Мӯҳр
In sarzaishho baroi khalqi soda ast. Agar 1 bor "OYLA" ro naghzakak nasihat kued< digar niyoz ba sarzanishi Salimov namemonad.

Мухтарам чаноби Эмомали, аз шумо хамчун шахрванд хохиш мекунам, ки худатон барои хамин кормандони макомот як намуна шавед, илтимос. Пагох фарзандону домодхоятон ва хешу наздиконатонро аз вазифахои калиди гиред, илтимос ба хамма гуфтахоятон як намунаи тарихи нишон тиед, ки дигарон хам ибрат гиранд. Яздони пок ёру мададгоратон дар корхои хайр бошад!

Бемори канд
Хамин кормандони ГНЦЭЛ-ро хам пурсанд,ки аз кадом хисоб сохиби хонахои дабдабанок ва мошинхои хоричии киматтарин мебошанд. Рохбаронашон ба гап нест,худашона хеши Президент хисоб карда,чи коре кунанд кардан мегиранд. Аз Агентии зидди фасоди Точикистон хохиш мекардем,ки фаъолияти ин идораи дар боло гуфташударо ба таври таъчили дида бароянд. ДАР ДОРУХОНАХО ХАМА ДОРУВОРИХОИ КАЛБАКИ СОХТАШУДА,НАРХХОИ ДОРУВОРИ КИММАТ ВА ВАКТЕ,КИ АЗ ДОРУХОНАЧИ МЕПУРСИ,КИ БАРОИ ЧИ ИН КАДАР НАРХХО КИМАТАНД,ОНХО ДАР ЧАВОБ МЕГУЯНД,КИ Хадамоти фармасевти(ГНСЭЛ),"ДОЛЯ"-ашро боло бурдааст ва мо мачбур хастем,ки нарххоро баланд кунем.

шахрванд
Салом ба хама. Чаноби Оли ахсан ба суханони таъсирбахш.Аз шунидани ин суханхоятон хеле хурсанд шудам...Лекин як дархости мухим аз Шумо. Хамин суханонатонро зери назорати Худ мегирифтед шароит ва ободии Ватанамон тамоман дигар мешуд
Шумо метавонед....Илтимос...

Пардаи нангу номус, шаъну шараф ва хиссиёти милли аз руи ин додситонхо гум шудааст. Онхо танхо дар фикри гани гардонидани бучаи оилавии худ мебошанду халос Дар замони орому осоиштагии мамалакати азизамон худро худо намегиранду халос, аммо хангоме, ки дар худуди мамалакат ягон мунокишаи харби сар занад боварии комил дорам, ки аввалин шуда мегурезанд, "ба монангди шагол" (Читавре, ки дар яке аз амалиётхои соли 2012 худро маълум карда буданд). Чинояткорони аслиро хеч!!!!!!!..... Аммо сарбозоне, ки миёни хамдигар мунокиша мекунанду як шаллок хамдигарро мезаннад, бурда ба махкама ба мухлати накмтар аз 3-сол махкам мекунанд. Кани адолат??? Бояд аз боллои инхо макомоти махсусе кушода шавад, ки онхо масъулияти худро хис кунанд. Хамчунин Президенти мухтарам бояд дар доираи фаъолияти кормандони Кумитаи Андози назди Хукумати ЧТ, низ бояд сухан меронд. Чун, ки онхо низ ба фиребу найранги худ буччаи давлатро бо рохи дузди хароб намуда хамма гунахро бар души андозсупорандагоне, ки аз хисоби мардуми камбизоат мебошанд бор мекунанд. Агар дар кумитаи Андоз Ревизия гузарони хаммашонро ба махкама кашидан мумкин аст. Мана ДОДСИТОН дар гирду атрофи КОРМАНДОНИ АНДОЗ кор кун!!!!!!!.

Tojik
Muhtaram Janobi Oli!

Ba guftai Shumo yak kambudii gushtro 23-sol idora karda nameshavad!
1. Vakte ki Sherxon Salimov az ijroi vazifa nemabaroyad, baroi chi az vazifa osodash namekuned???
2. Vakte ki Boboxon Boboxonov raisi Prokuraturai Generali budand, inkadar kambudihovu nobovariho nabudand!
Badi intixoboti 6-umi Noyabr mardum az hukumat bovarii ziyod dosht. Ammo afsus ki on bovariho nest shudand....

Мутаассифона Чаноби оли мегуянду гапхо дар хаво мемонад то мачлиси дигар. Мардума барои се-чор руз хурсанд мекунад. Ва боз гапхои президент фаромуш мешаванд. Як органи дигар даркор, ки хамаи ин гапора амалй кунад.Бояд ин гапхоро дар амал татбик кард .Хар як корманди прокуратура ва очонсии зидди фасоди шаҳру навоихои Чумхури қасрҳои боҳашамат ва автомашинаҳои тамғаи хориҷӣ доранд, аз кадом ҳисоб? ба хама маълум аз кадом хисоб. Бо гап ягон тагйирот намешавад. Дар сохторхои суд ва прокуратура ислохоти катъи бояд гузаронд хатто буда бояд махкам кард,ки мардум бинад ки конунхо факат барои камбагалон нест. Аммо, Аммо, Аммо,......

хакикатан хам кор намекунанд Чанби оли дурус мегуянд

ислом.70mail.ru
Рохбар албатта камбудиро гуфта меистад аммо аз рузе ки Шерхон Салимзода прокурори генерали шудааст мардум каме нафаси озод кашид Худо рахматаш кунад собик г-л прокрори пеширо яъне Бобохонов хаетичанд бечорахоро сухта буд.Худо чунин шахсон мисли Салимзодаро дар панохаш нигох дорад Омин

Бисёр дуруст кайд кардаанд. Аммо чихеле ки дар боло зикр шуд мухим он аст ки Сари рохи чиноятро гирифтан даркор. Барои чи барои овози тилои ё зебосанаму чакомаи Гессу озмуни кушода эълон мешаваду барои чудо кардани кадрхои ки ба озмун эхтиочи сахт доранд озмун эълон на мешавад кадрхое ки барои макомотхои кудрати интихоб мешаванд ба хамаи мову шумо маълум аст ки кихоянд ва бо кадом роххо интихобо мешаванд

Хайрандещ
Чун ба Президент хамаи камбудихо маълум будааст,ва то хол хали худро наёфтаанд, пас рохбаронро иваз кардан даркор. “Аз ҳар як нафаси кашидаи Шумо огаҳӣ дорам.Аммо дар бисёр ҳолат дурандешӣ мекунам. "
Тарахум бар паланги тездандон
Ситамгори бувад бар гусфандон

Тамоми халки камбагали Точик, бе нагуфтани Чаноби Оли хам медонад, ки чи кор мекунад, хуб мешуд баробари инхел танкидхо талабот оиди чори намудани хар солина маълумот оиди даромади гирифтаи онхо ва ахлу оилаи онхо таалук дошта талаб мекард

Саид Ризо
Суханхои саропо дуруст,ахсан,лекин оё инсонхо ва чомеъа андешаи онеро дорад,ки дар макомоти прокуратура солхои зиёде фарзандони донишманди миллат низ бо саводи хело баланд ва дасту дили пок кор мекунанд,вазифае намепурсанд ва хатто доимо нимсеру нимгурусна кори давлатиро сидкан адо карда меоянд ва он каме адолати нисбин,ки дар чомеъа вучуд дорад аз дасти онхост.Ана аз хамин ру суханхои пасту баланд гуфтан нисбати хамаи кормандони прокуратура ба чунин фарзандони хакатан донишманд,хакталош ва шикастанафс сахт алам мекунад.......!

Садом
Инсон дар зиндагии рузмараи худ шохиди вокеоту хаводисхои зиёде мегардад, аммо алайхи ин зухурот у бо аклу иродаи хеш раќобат мекунад.Раќобат низ меваи рушд аст,агар одилонаву холисона анчом пазируфта шавад.Ваќте ки мо дар раќобат омодаем бояд гуфтанхову амалхои мо бояд боинсофона бошад, зеро дар ин варта бояд далелхои муътамаду холис такягохи мо бошад. Пушида нест, ки Ќонунгузор имрўз ба додситону додситони хокимияту ваколатхои беандоза гаронро ноил гардонидааст ва мардуме, ки дар ин ургон кору фаъолият мекунанд, агар боинсоф бошанд ва имони бо Худо дошта бошанд, барои пешравии чомеа, ниёзхои модию маънавию ичтимоии мардум метавонанд корхои азимеро анчом бипазиранд.
Пушида нест, ки дар хар як маќомот кормандони боинсофу дорои касбияти баланд арзи хасти дорад ва инсонхои касифу доѓдоркунанда низ мавчудият доранд. Аммо наметавон барои зумрае аз фисќу фасодкорихо ва ё амали номатлуби корманде алайхи тамоми маќомот иснод овард. Дар зиндагии рузмарра бо кормандони зиёди ургонхои додгохию додситонию додгустарї ру бару гашта дар тамос будам ва аз ахлоќу заковату тахасусоти онхо бархурдорам, зеро худ устоди донишгох хастаму аз фанни хуќуќ ба толибилмон дарс мегўям. Ќурбонали Муњабатовро бо амри таќдир дар як конфронси байналмилали вохурдам. Музокирачиён зиёд буданд бо шумули дигарон ману Муњабатов низ баромад кардем. Рости гап миёни музокирачиён Мухабатов хамчун шахси касбияти баланди тахасуси дошта бо вазоату хозирљавобии худ фарќ мекард. Гумон надоштам, ки дар маќомоти ќудратии кишвар чунин ашхоси дорои савияи дониши назарявию амалии волоро дошта бошем.
Баъдан огох гаштам, ки рохи тайнамуда, ба хусус хаёти оилавию фаъолияти кории ин абармард метавонад намунаи ибрати дигарон, бахусус мансабдорони вартахои мухталиф бошад.Сухане ки далели муътамад надорад, назди Худову паёмбараш ва инчунин мардуми боимон ќабул нест.Месазад, ки аз тухмату бухтон худори намоем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)