Бахшҳо
23 июл 2014 11:08Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вазири адлия: “Худам хонаи 3-ҳуҷраӣ, ҳамсарам манзили 4-ҳуҷраӣ дорад”

Рустами Шоҳмурод (Менглиев), вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабариии 23 июл дар бораи дороиҳояш низ суҳбат кард. Ӯ гуфт, қаср надорад, вале хонаводаашон соҳиби ду манзиланд, ки якеаш мутааллиқ ба ӯ ва дигареаш мутааллиқ ба ҳамсараш мебошад.

“Ростӣ, қасру кӯшк надорам. Як манзили сеҳуҷраӣ дорам, ки ба ман тааллуқ дорад. Дар шафати хонаи ман ҳамсарам хонаи чорҳуҷраӣ дорад”,-гуфт ӯ.

Вазири адлия афзуд, соҳиби автомашинаи “Hyundai Sayville” аст ва дар идома дар бораи таҳсил ва кори фарзандон ва ҳамсараш сӯҳбат кард. Рустами Шоҳмурод гуфт, се фарзанд - ду духтар ва як писар – дорад.

“Духтаронам оиладоранд. Духтари калониам ҳуқуқшинос аст, дар як ширкати хусусӣ фаъолият мекунад. Духтари дуюмам иқтисодчист. Ҳоло бо сабаби фарзанддор шуданаш кор намекунад. Писарам имсол синфи 11-ро хатм кард. Дар литсейи туркӣ таҳсил мекард. Оилаам дар як ширкати хориҷӣ ҳамчун мутахассис оид ба кадр кор мекунад”,-нақл кард вазири адлия.
Мӯҳр
Исфараги
Далер,
Ба фикри ту мардум бояд шири сафедро сиях гуяд?О мардум кур нест хама мебимнанд хонаву дар ва мошинхои киматбахои ин вазиронро.Фарзандони онхорро.Натанхо вазир,танхо коркунони бтсёр вазорратхокасрхое доранд,ки аз дидани онхо моту махбут мешави!Ин хама аз хисоби обу лой намудани бучаву,кредитхое,ки аз хорича ба номи мардуми точик гирифта мешавад ба ин ё он вазорат.Агар хохи хатто схемахояшробароят мегуям.Як бор омори банки чахониро бихон,ки харсола ба ЧТ чанд млн доллар аз хар давлатхо хамчун карз ва ёрихои гуманитари меояд!???Бовар аз нисф зиёдаш дуздида мешавад.Аз хама оддитарин рохи дузди ин барзиёд навистани ин ё он кор!1 сомони сарф карда онро 100 сомони менависанд...

шумо рафта хешу наздикони президент пурсон шавед, шахсоне ки дар круги чанобанд, масъалан, собик раиси ориён бонк чаро у аз вазифа рафту хамаи сахмияхои бонк ба хасан саъдуллоев монд? Таърихи раиси агентии коррупцияро хонда бароед чаро як милиционери одди яку якбора дар як вакти кутох сохиби чунин мансаб шуд? Шерхон Салимзода, кист чи дорои дорад. рохбари кумитаи андозро пурсон шавед, барои чи аз ширкатхо норозиги баён мекунад. барои чи дар мамлакат шороити кори нест налогро зиёд талаб мекунад? чаро манзили зист киммат аст ? барои чи заминро давлаит киммат ба савдо мемонад? ана ин масъалахора пурсон шавед, агар дар байни шумо нест рузноманигори шер дил. бигзор як сахифаи дигар барои шахсони шердил боз кунанд то ки фикрашонро нависанд.

Озодагон хамин кудаки богчаро мемонед ки як сухани чанобро пайгир шуда аз масалахои мухими руз дур мондаед Магар хамин хам гап шуд чанд мошин доред чанд хона доред Намешавад ки охир аз дуздию горати молу мулки давлат аз вазирон пурсон шавед Мисол аз раиси Бонки милли пурсед о ин магар рост аст ки дар бонки милли курган рохбараш бо изофанависи як хочатхонаро ба арзиши 600000 сомони сохтааст ва 1000 хо хамингуна проблемахои дигар дар корхонахои давлати мавчуд аст Агар озодагон надонад хотиррасон мекунем вай мошину кушки сохибмакомхо кайхо боз конуникарда шудааст Пешгири аз дуздихои нав кунед озодагон

Бежан,
садкаи номи форси шави чаро худро менгли ном накарди ин туркат гайр аз лукум ва либосхои барахло дигар ба мисли шумо кадрхои онхо хато чархи великро тамир карда наметавонанд Эронихо бошад тамоми технологиияи замонавиро аз худ карда хама намуд мошинолотроистехсол мекунад Хато ба кайхон ракета фиристод Ба ту бесаводи турк мерасонем ки дар медитсина низ яке аз пешрафтахо буда 98 фоизи дорухо барои табобат дар худи Эрон истехсол мешавад

М
Ба Худододагон ситеза макун....ба халк, ки чабр кардед, чи хеле ки дод хамон хел мегирад :)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)