Бахшҳо

Ташвиши Гавҳар Шарофзода аз бисёр шудани “хар”-у “девона” ва номҳои туркӣ

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз афзоиши истифодаи калимаҳое ба монанди “харай” ва “девонашай” миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ сарчашмаи пайдо шудану истифодаи чунин калимаҳоро тарбияи нодуруст дар хонавода донист.

Шарофзода рӯзи 30 июл дар ҳузури хабарнигорон аз волидони тоҷик даъват кард, ба шеваи гуфтори фарзандонашон аз хурдсолӣ таваҷҷуҳ кунанд. Раиси Кумитаи забон, инчунин, афзоиши номҳои туркӣ дар Тоҷикистонро ғайриқонунӣ хонд.

“Бисёре аз тоҷирон номи фурӯшгоҳҳои худро бо забони туркӣ номгузорӣ мекунанд, ки хилофи қонун аст. Соҳибкорони мо қонунҳоро хуб намедонанд ва аксарашон сабаби туркӣ ном гузоштани мағозаашонро дар он мегӯянд, ки маҳсулоти туркӣ мефурӯшанд”,-таъкид дошт ӯ.

Гавҳар Шарофзода илова кард, барои сартосар тоҷикӣ шудани номи фурӯшгоҳ ва муассисаҳо бояд Кумитаи андоз низ саҳм бигирад: “Кумитаи андоз бояд пеш аз сабти корхона дуруст номгузорӣ шудани онро ба инобат гирад. Он вақт кор осонтар хоҳад шуд.”
Мӯҳр
душанбегӣ
Илхом.,
Агар кадри 48 -50 сола ҷавон бошад, пас дуруст Шарофзода ҷавон аст. Лекин то ҷое медонам Шарофзода ҷавон ҳам бошад дар ягон ҷо кори дурустеро анҷом надодааст. Ба ғайр аз ду се шеъру рубоӣ хондан дигар саводи кофие надорад ва ман шак дорам, ки сиёсати давлатии забонро ин хонум донад, чӣ расад ба амалӣ намудани он. Мувофиқам бо онҳое, ки будани чунин сохторро нозарур мешуморанд. Он қадар кадри хуб нест, бисёр таърифаш накунед. Агар бахши кадрии дастгоҳи иҷроия, 10 промахи кадрӣ дошта бошад ба ҳамон "даҳгона" ин "кадр" медарояд. Агар ба ҳамин кумита зан лозим буд пас ҳастан бонуҳои шоставу донишманде, ки ҳам забонро медонанду ҳам сиёсатро.

Behtarin peshnihod. Zinda bod Sharofzoda . Brhtarin Gavhar hasti baroi millat .

Salmon
Ин апаи гавхар эхсосоти гап мезанад!!! Едаш рафтааст к як одами дар Хамин мансабаш нолоик АСТ!

Снайдер
Бояд номхои точикиро аз "Шохнома"-гирифт туркон ва арабхо,ки номхои дурушт доранд чун номхои ноби точиконаро мебинанд,тарики нимчамуллохои бесавод чанд сол боз мукобили номхои ноби точики тибки фармудаи хочагони хоричияшон дар набард карор доранд!Ба ин ахамият дихед Гавхарбону!душанбегӣ,

Харай
Ин хатто одоби муоширатро нагз намедонад! Касоне ки бо у кор кардаанд инро нагз медонанд! Калимаи "харай" - ро худи у низ истифода мекард солхои дар донишгох кор карданаш

Конунгузор
Буродаро! Хар касе дар Точикистон зиндагони мекунад ва ба магозаву хару фарзандонаш номхои турки мегузорад бояд 75 дарра зада шавад.. зери чуб хох мирад ва хох зияд масуълияташ бо худаш ..

офарин Шарофзода! Вакте ки сухан рост асту руи рост мегуи ба чашми бесаводон чун корд мехалад. "Паси подшох гайбат"
Афсус, ки дар точикистони азизамон чунин "рузноманогорони" бесавод зиёд шудаанду аз алам чи гуфтанашонро намедонанд. Зинда бошед Муаллимаи азиз!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)