Бахшҳо

Ҳимояти писари Домулло Муҳаммадӣ аз Шабнаму Фарзона

Абдулалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ, аз сафари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – духтарони Сурайёи Қосим, сарояндаи машҳур, ба зиёрати Хонаи Худо истиқбол карда, онҳоро намунаи ибрат ба дигарон хондааст.

Ин руҳонии тоҷик дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, “духтарони Сурайёи Қосим намунаи ибрат мебошанд, чун дар авҷи гуноҳ буданду барои ҳама маьлум аст, чи сару либосе ба бар доштанд, бо ин ҳол, тавонистанд, аз баҳри ҳама орзуву шириниҳои дунё гузашт карда, ба ҷойи он либосҳои беҳаёӣ сатр пушанду ба Ҳаҷ раванд.”

Ба гуфтаи Абдулалии Муҳаммадӣ, нафарони зиёде дар дил орзуи зиёрати Хонаи Худо ва дидани ин макони муқаддаси мусулмононро доранд, вале аъмолу кирдори бадашон онҳоро намегузорад, то ба ин орзуи худ бирасанд: “Онҳо фикр мекунанд, баъд аз Ҳаҷ дигар наметавонем гуноҳ анҷом диҳем, яьне намехоҳанд зудтар тавба кунанд ва аз гуноҳ пок шаванд. Мехоҳанд, чанд соли дигар бар гуноҳ исрор варзанд, баъдан аз ҳама даст кашида ба Ҳаҷ раванд ва худро пок созанд. Ин ҳама фиреби шайтон аст ва чунин касоне ҳаргиз ба зиёрати Ҳаҷ мушарраф нахоҳанд гашт.”

Ин руҳонии тоҷик дар охир ибрози умедворӣ кардааст, Шабнаму Фарзона баъд аз бозгашт аз зиёрати Хонаи Худо дар зиндагии худ тағйироти куллӣ ворид карда, намунаи ибрат ва омиле барои ҳидояти ҷавонон хоҳанд шуд: “Худоё Ҳаҷҷи ин хоҳарони мусулмонро бипазир, гуноҳони гузаштаи онҳоро биомурз, ва онҳоро ҳидоят кун, ки ҳаргиз тарки сатр накунанд ва дубора ба гуноҳ боз нагарданд.”

Шабнами Сурайё, хонандаи шинохтаи попи тоҷик, ҳамроҳи духтараш --Шарифамоҳ ва хоҳаронаш -- Бибирӯзигулу Фарзона ба зиёрати Хонаи Худо рафта, ҳоло ба кишвар бозгаштаанд. Ин хабарро худи Шабнам бо гузоштани акси якҷояашон, ки бо ҳиҷоб тасвир ёфтаанд, дар саҳифаи Фейсбуки худ тасдиқ кард.

Шабнами Сурайё дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад. Ҳаводорони ӯ дар хориҷи кишвар ҳам кам нестанд. Баъд аз Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов аз аввалин хонандаҳои тоҷике буданд, ки дар Амрикову Аврупо силсилаконсертҳо баргузор карданд. Ба зиёрати хонаи Худо рафтани Шабнаму хоҳараш - Фарзона дар ҳолест, ки ахиран матолиби интиқодие дар расонаҳо перомунашон нашр мегардид. Аз ҷумла, бо рӯсарӣ иҷро кардани таронаҳои шӯх ва пешниҳоди як клип бо иштироки раққосаҳои нимурён мавҷи танқидҳоро зиёд карда буд.
Мӯҳр
худо инхоро имон тавфику инсоф дихад. аз руи инхо шуда занони точик шарманда шуда буданд. агар инхо баъди хаччи Маккаи мунаввара намозхону тавбагу ва некрафтору некгуфтор шаванд ба хайр.

змерати хонаи худоро ягон кас маьн карда наметонад рафтани бошанд раванд хвпяк чи вакту соати худаша дорад,Хар кадар хам набошанд онъо эстрадаи точикро дар гарбу шарк муаррифи мекунанд ин кори осон нест

Самира
Ачоиб, албатта кори хуб кардаанд, вале Худо бахшанда аст гуфта, агар занон аз онхо ед гиранду, хама чиро санчида, чашида баъд ба хонаи Худо раванд - оё ин дуруст бошад.
Чизи дигар - баъзехо 10-15 бор ба хач мераванд ва мардум ба онхо чунон сачдаву эхтиром мекунанд, ки хайрон мешавам, охир савоби хачро у барои худаш мегирад, чаро онхоро аз одами одди боло дониста бологузар мекунад. Хуб мешуд 1 бор ба хач мерафту, пули 10 бори дигарро ба беморону, бекасон медод.

Мардон
Сатри арабиву покистониву махсусан эронии сиехпушхо дар гуртстон!!!! Либоси точики бехтарин сатр аст
Justice,

антипедофил
Аксари хочиени имруза дузду харомхуранд. 25 сол пеш хочи ангуштшумор будзиндагонии хуб доштем. Аз шумии хочимошенникхои имруза баракат гайб задааст. Пасттарин дузду харомхури пулдор холо хочи шудааст. То ба зиерати ба ном хонаи худо дасти ягон мазлумро гиред савоьаш бештар аст. Ба афсонаву харзаи педофили шахватпараст дода нашавед.

Хамаи мо хурсанд аз он хастем ки ин ду сароянда хочибиби шуда аз рохи шайтони баргаштаанд аммо асли казия ин аст ки ман дируз шабнаму фарзонаро дар н.Хисор дар туй вохурдам ки масти сурудхони буданд ва хуб мехонданду мераксиданд, инашро дида боз аз ихлос ба онхо гаштам!

Номи Хочиро баъзе хочихо, дар баъзе маъракахо мебини пиёлаи аракро ба хочи дароз мекунанду мегуянд: "Хочи пиёларо гиру як сухан (тост) бугу" хело паст кардааст. Шарм надониста пиёларо мегираду фахркунон сухан (тост) мегуяду менушад. Магар шармандаги нест?

Шабнамро намедонам, аммо Фарзонаро пушти дари Зиндон ки даг ончо касе биафтад, хамчунон тавба мекунад ки неч гуфтан гиред, аммо бад аз хамончо бар гаштанаш, боз даст ба пешина зад. Хонаи Худо чоест ки аз дидорашу,аз ишкаш, халоват мебари, аммо дар он чой, танхо ихлос лозиму Эмон доштан лозим.Лекин ин хохаракон аз Эмону ихлос, хелло дуранд. Хуллас агар намирем, Худо хохад мебинем. Албатта хамаи Мардуми Точикистон, ва шахсан худи ман, тарафдори онам, ки ин хохаракон, Хочибибии хакики шаванд. Худое накарда боз ба хамон вохури-хои махсуси чордевола, бо сатр раванд, касе набинад гуфта, ана бад кор расво мешавад. Рохи сафед дар кадами аввали Исломиатон.

худо бахшанда ва мехрубон аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)