Бахшҳо

ВИДЕО: Пайдо шудани навори тирпаронии 21 майи Хоруғ дар Интернет

Дар шабакаи Интернет навори видеоие дар бораи ҳодисаи тирпаронии 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон пайдо шудааст. Ин навор аз сӯи афроди номаълум вориди интернет шуда, аз рафти амалиёт ва тирпаронӣ дар ин ҳодиса хабар медиҳад.

Тавре дар сонияи 5-уми ин навори видеоӣ дида мешавад, мошини боркаше дар назди Шуъбаи умури дохилии Хоруғ ба миёни роҳ баромада, ҳаракатро қатъ менамояд ва, инчунин, аз ҳузури як гуруҳ афроде, ки дар бар либосҳои ҳарбӣ доранд, ишора мекунад.



Дар навори мазкур ба таври равшан мушоҳида мешавад, ки чигуна дар гирду атрофи низомиён сокинони осоишта ҳанӯз чанд дақиқа қабл аз оғози амалиёт гаштугузор доранд. Дар сонияи 26-уми навор мошини сафеде пайдо шуда, аз қисмати роҳе, ки тавассути мошини боркаш банд шуда буд, мегузарад. Вале дар сонияи 29-ум тирпаронӣ самти мошини сиёҳе оғоз мешавад, ки дар дохили он Мунаввар Шанбиев, Фрайдун Абдурасулов ва Собир Худоихонов будаанд.

Баъд аз гузаштани 8 сония нафаре дар наздикии қисмати бандшудаи роҳ ба замин меафтаду баъдан ӯро ба дигар макон интиқол медиҳанд.

Дар ҳодисаи тирпаронии 21 май дар маркази Хоруғ панҷ нафар ҷон бохта, чанд тани дигар ҷароҳат бардошта буданд. Мақомот гуфтанд, ин амалиёти махсус барои боздошти афроди гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир буд.
Мӯҳр
бадахшони
ой ,номардхо----ОЗОДАГОН. Барои чи наворро гирифтед, барои чи коментарияро сабт нанамудед. Маълум шуд, ки барои ки кор мекунед

Бадахшони
Озодагон шарм кунед,то ба кай масхарабози мекунед.Сабтхо аллакай дар Ю-туб вучудl доранд.Ё,ки шумо факат барои пулчамкуни вучуд доред.Акнун маълум шуд ,ки айбдор, -нишон дихед барои мардум.Лекин нохак мардуми Бадахшонро айбдор насозед .Шофёр аллакай барои бачахо гуфта дод ,ки у шахси бо номи Мунавварро намешиносад ва пеши рафтаги хам нест.Фикр кунед коратонро--сохторхои кудратии ВМБК ва умуман дар ЧТ. Ин хаст хизмати шумо барои мардуми точик--барои миллате,ки шумо факат аз минбар вохима мекунед.

Бадахшони
ОЗОДАГОН!!!!!! шарм кунед...Хамчун озод шумо хам рафтор намоед. Мардуми мо наворро аз ю-тубу дигар блогхо тамошо дорад.Агар шумо махкам намекардед наворро дар дигар блогхо чойгир намекарданд.Акнун кариб ки хама ин наворро тамошо карданд.Очати махкам намудан нест хозир--нишон дихед акнун..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)