Бахшҳо

Хайриддини Абдулло: "Ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму шармандагиҳоро бигиред"

Хайриддини Абдулло, роҳбари идораи дину фарҳанги Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Русия бо нашри матлабе тоҷиконро “хортарин, беобрӯйтарин, пастарин ва назарногиртарин миллат дар Маскав миёни русҳову муҳоҷирони дигар” гуфтааст.

Матлаби мазкурро, ки “Ин ғуломӣ то ба кай” ном дорад, торнамои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик чоп кардааст. Дар он гуфта мешавад, теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия наздики ду миллион буда, бештари онҳоро ҷавонон бемаълумот ташкил медиҳад ва “аз даҳ нафар ду нафарашон базӯр хондаву навишта метавонанд”.

“Дар урфият мегӯянд, “ҷавонон ояндаи миллатанд” пас кадом ҷавононро дар назар бояд дошт, ҳамин ҷавонони бе маълумоти зиёда аз бист сол бехону беному хору зор мондаи дур аз ватанро ё якчанд фарзанди вазиру раисони дар ватану хориҷ таҳсил мекардаро?”,-суол гузоштааст муаллиф.

Дар идомаи матлаб чанд суоли дигареро ҳам мехонем: “Хитоб бар шумо мекунам эй касоне, ки сухан аз миллату фарҳангу забону нажод мезанеду худро вориси ин миллат медонеду мехонед. Оё медонед зиндонҳои Русия пур аз ҷавонони тоҷик шуд? Ҳеҷ хабар доред, ки дар як рӯз чанд тоҷик бо зулму ситам кушта мешавад ва чанд тобути ҷавон ба ватан фиристода мешаваду чанди дигараш дар мурдахонаҳои рус сузонида? Оё шумо гуфта метавонед, ки ин ғарибиву дарбадарӣ кай хотима меёбаду мардум дар ватани худ, дар назди зану фарзанд кору зиндагӣ мекунад? Оё шумо метавонед гуфта, ки кӯдакҳои мактабхон ояндаашон мисли падаронашон ғарибу хору зори дарбадари русҳо намешавад?”

“Чуноне ба ҳамагон маълум аст, пастарин кор ин аробакашист. Ин корро ору шармандагӣ дониста дар бозорҳои Русия ҳеҷ миллате намекунад, ҷуз тоҷикон. Дар шароите, ки ин аробакашон зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ ҳайвоне зиндаги намекунад. Дар таҳхонаҳо зиёда аз чансад нафар паҳлӯ ба паҳлӯ дар рӯйи замини бетон шабашонро рӯз мекарданд”,-менависад ӯ ва меафзояд, ки онҳо бо зулми тоҷикони дигар ба ин ҳолат афтода буданд: “Бригадирҳои тоҷик, ки дар лиқои Ислом медаромаданду ҳоҷиашон мегуфтанд бо фармони якчанд яҳудӣ хуни ин ҷавонони аробакашро мемакиданд. Ва рӯзҳое мешуд, ки маҷбуран ин ҳоҷиҳои золим аробакашҳои дастнигари худро бо зӯриву маҷбурӣ пояфзолҳое ки нархаш 250 рубл буд, бо зӯриву ситам дар 3000 рубл мефурӯхтанд. Ва инчунин барои ҳар рӯз аз ҳар коргар 500 рубл меситонданд, новобаста аз он ки кор мекарданд ё на. Барои аробакаш шудан ҳар ҷавон 8000 рубл пора медод”. Муаллифи матлаб худи аробакашҳоро ҳам гунаҳкор дониставу менависад, ки якдигарро дашномҳои кабеҳ медиҳанд ва ин ба як чизи маъмулӣ табдил шудааст.

“Муроҷиати ман ба роҳбарон ва масъулони миллати тоҷик ин аст, ки ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму ноодамиҳову шармандагиҳоро гирифта, ин ҷавононро ба кишвари худ баргардонида, бо ҷойи кору хониш таъмин созанд ва баъд дар бораи ориёнажодиву авлоди Сомонӣ ҳарф зананд. Зеро Худованд дар Қуръон мефармояд: “Худованд ҳолу вазъи ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар ин ки онҳо аҳволи худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 10)”,-хулоса кардааст ӯ.
Мӯҳр
Ба Тура. Аз арба ва мегут гуфтанат маълум аст ки миллатат узбак аст. Ту ба проблемахои точикон кордор нашав. Аввалан ки касбам челонгар (сваршик) ва ба сиёсат сару кор надорам, баъдан инро гуфтаниам,ки як писарбача баъд аз Россия наздам омада ба шогирди сар карда айни замон шукрона мохашба дар ш.Хужанд 1700 то 2000 сомон бо ман кор карда мегирад. Шукронаи тинчии кишвар ва саломатии мардум дигараш мешавад

Саид
Пеши ин зулму ситамро худи ману ту мегирем, то вакте ки ману ту дахонбастаем, даст пеши барем ва дар таъзиму тавозуъ хастем касе барои ману ту зулмро решакан намекунад.
Сад амон аз ману ту, аз ману ту,
Хайфи чон аз ману ту, аз ману ту.
То вакте ки ману ту даъвои озодиву озодаги намекунем кулли мардуми мо бад-ин хол хохад монд,
рох яктост - мубориза барои озоди, талош барои адолат ва хакикат, то ба хадде ки аз бахри чон хам битвони гузашт - дигар рох нест, бародар, дигар рох нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)