Бахшҳо

Продюсери Тахмина: Чаро дӯсткуши душманпарварем?

Меҳрафрӯз Неъмонзода, продюсери Тахмина Одинаева, як овозхони ҷавон мегӯяд, таронаҳои иҷрокардаи ӯ, аз чорчӯби одобу ахлоқ берун нестанд. Хонуми Неъмонзода, дар пайи нашри як хабар дар “Озодагон”, ки “Баҳси як клип дар интернет: Аз “паст задани тоҷикон” то рэпҳои “бемаънӣ” ном дошт, вокуниш нишон додааст. Ин хабар дар пояи шарҳҳои зиёди корбарони торнамои “Топ-видео” зери клипи “Бевафо”-и Тахмина Одинаева ва рэпсаро Шон МС таҳия шуда буд. Матни номаи Меҳрафрӯз Неъмонзода ин аст:

“Тахмина ҳунармандест, ки ба тозагӣ фаъолияи эҷодии худро оғоз намуда, барои ба орзуҳои сабзи хеш расидан, ин шабу рӯз зиёд заҳмат мекашаду кушишҳо ба харҷ медиҳад. Меҳнатҳои пайвастаи ӯро ман бо ду чашми сар дидаю мушоҳида карда истодаам. Таронаҳои ин бонуи ҳунар- “Қисмати бевафо”, “ Наё”, “Майда-майда” ва “Бевафо”, ки бо рэпсаро Шон МС сурудааст, на танҳо аз зиндагии худи ҳунарманд, балки ҳаёти мову шуморо бозгӯй мекунанд ва гумонам ин аст, ки дар интихоби шеър Тахмина ба хатоӣ роҳ надодааст. Сурудҳояш аз чорчӯби одобу ахлоқ берун нестанд, ки онҳоро бемаъниву бе муҳтаво бигӯем ва бигӯем, ки чунин таронаҳо моро ба куҷо мебаранд? Масалан суруди “Бевафо”, ки бо ҳунарманд Шаҳбоз (Шон МС) сурудааст, чунин мебошад:

Пас аз рафтан наё пешам,
Нашав хешам на дарвешам,
Азизам рафтӣ, рафтан гир,
Масӯзон ин дили решам.

Ҳайронам, ки дар ин мисраҳо кадом калима бе маъною кадоме таҳқир аст? Ин суханҳо оддӣ бошанд ҳам, бозгӯи дарди як зананд, як бонуе, ки аз азизи дил хиёнату бевафоӣ дида, ранҷур аст, хунҷигар аст ва пас аз рафтан дигарбора омаданашро намехоҳад ва интизор ҳам нест. Охир, каманд занону бонувоне, ки хиёни мард ва ё азизи дил чашидаю аз ин дар азобанд, каманд занҳое, ки марди дилашон аз онҳо рафтааст? Албатта, не! Пас чаро ин дарди бонувонро, ин дарди ҷомеаро (агар чунин гӯем ҳам шояд хато нашавад), таҳқир мегӯему паст мезанем хонандаи онро? Чаро намеандешем, ки барои таҳия ва дастраси бинандаву шунавандаву муштарӣ гаштани ҳамин як тарона ва як клип чӣ қадар меҳнат кардан лозим меояд? Чаро? Чаро дар аксар мавридҳо мо дӯсткуши душманпарварем? Чаро ҷойи дастгирӣ намудан, куишиш менамоем то нафареро дилсарду ноумеду шикаста бисозем, чаро?

Биёед, тарк намоем аз пушти ину он нафар бадгӯӣ карданро ва аз муваффақияти инсонҳо шод бигардем, на ғамгин! Ва пеш аз он ки чизеро ба забон ва бинависем аввал зиёд фикр кунем, ки сухани мо чӣ таъсире ба дигарон мерасонад, хусусан ба нафари эҷодкор, ки пайваста пайи эҷод асту ҳаракат мекунад, то муштарии худро шод намуда бошад”.


Дар акс Меҳрафрӯз Неъмонзода

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Фарида
Бобои Файз! Хо, хушбахти дар хонаи обод, шавхару фарзандон, кору вазифа ва пулу молай, ма Мехрафруза аз солхои донишчуиш мешнохтм ва холо хам медонм, у дар курси якум мехонд дар радио доим гап мезад, суханои хуб мегуфт, гайр аз ин, бори аввал ба дарди ман хамин духтар даво ёфт, на хешам аст на таборам, аммо як соли дароз як кори судии маро даводав карда хал намуд, Худо баракаташ бидихад, аз ин хам обруяшро зиёда гардонад, ин суханхои шумо ба фикрам ки аз бахили аст, агар шумо пешравии инсонхоро хохед паст намезанед як зани бегонаву бегунохро, хар касе набошад, обру дорад, шавхар дорад, фарзанд дорад, хонаву зиндагии хуб, хаминаш басай охи ака, шумо харчи гуед гуфтан гиред, бо гапхои шумо Мехричон кам намешавад. Мехр! Тамоман фикри ин гапхоро накун, аз паси кору борат шав, хам кори газетата пеш бару хам оилаатро аз чунинхо химоя соз ва хам бо хунармандон хамкори кун, Худо аз душманон нигахбонат бошад. Моро дастгири кари, Худо туро дастгир бошад.

Ай хамаи шмо хохиш мекнм ки гапу калочаи бемаъни накнен, янгаи мара паст назанен, айба намедонен охи? Сад бор шкр, ки зиндагиш тинчай, хонаву дараш чудо, чиянакои зебо дорм, чиба ай пеши хдтон хар хел гапо менависен? Янгам факат Тахминара не, чандин сарояндаи дигара дастгири кардагихай, баъд чи? Кори ганда кардай? Ачоиб гап мезанен ба Худо, дасгири куни гунахгор мешави, накуни нописанд мешави, намефахмам, охи дига чи кор кна? Худо додайш, меган ки ба Хдододагон ситеза накн. Хунармандон хам бо хар кас кор намекнан, барои уно одами саводдору мефахмидаги ва шустри даркорай, танбалу нокора ба ки даркорай?

Човандоз
Фарида,
Агар одами хуб мебуди корут дар суд намегалтид. И ракосаву хофизои кучагие, ки шумо химоя мекнен, барои халк ягон ахмият надоран. Ай сабаби он ки шумо ахли савод нестен, хаму тоифаи бесаводои хдтона зашита мекнен. Да Точикистон занхои мухточ бисёран, увора химоя намекнен, дар борашон наменависен, неки дар бораи ким кадом як ракосаву хофиз менависен...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)