Бахшҳо

Андар дурустии "любой ҷо"

Рустами МАҶИД

Аз ҷумлаи беҳтарин номгузориҳо аз нуқтаи назари тиҷорат ва маркетинг дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати мухобиротии Билайн шуда буд: номе барои тарофаи худ интихоб кард, ки барои мардум аз аксари номгузориҳои дигар наздиктар ва фаҳмотар буд. “Любой ҷо” – иборае, ки метавон гуфт барои ҳама сокинони кишвар фаҳмост ва ҳудуди 80% вожаи дигареро ба ҷои “любой” намедонанд.

Кумитаи забон ва истилоҳот гуфтааст истифодаи ибораи “Любой ҷо” ҳамчун номи тариф аз ҷониби ширкати “Таком”, ки бо номи тиҷоратии “Билайн” фаъолияти худро пеш мебарад, нодуруст ва бар хилофи қонунгузории кишвар аст. Кумита дар маҷмуъ барои поксозии забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёд кардаю чандин ширкат ва шахсони алоҳидаро барои истифодаи нодурусти ин забон ё, ба қавле, “истеъмол”-и вожаҳои бегона дар номгузорӣ ҷазо додааст. Хуб, вазифаи ин Кумита аз ҳамин иборат аст.

Суоле пеш меояд, ки ба чи хотир дар баъзе ҷойҳо брендҳо тарҷума шудаанд, дар ҷойҳои дигар вомвожаҳо ба “талаффузи порсӣ” наздиктар шудаанд, аммо дар сатҳи расмӣ чунин тағйирот ҳамоно дида намешавад?

“Любой ҷо” аз як вожаи русию як вожаи тоҷикӣ сохта шудааст.

Сарқонун вожаи худӣ аст, аммо аксаран аз Конститутсия истифода мешавад ва ҳатто агар аз калимаи аввалӣ истифода шавад, он дуюмдараҷа ва ҳамчун як вожаи иловагию ёридиҳанда дар қавсайн меояд. Вожаи президент низ аз қабили ҳамин гуна вожаҳост.

“Прокуратураи генералӣ”. Иборае куллан бегона. Ё худ “суд”. Дар ҳоле, ки вожаҳои тоҷикӣ ҳастанду дар расонаҳои мустақил зиёд истифода мешаванд: барои суд ва судядодгоҳ ва додрас, ба ҷои прокуратура ва прокурор - додситонӣ ва додситон, экспертизаташхис...

Чаро “Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия” ва дигар агентиҳо, аз он ҷумла коррупсия ва геологияро барои номи ғайритоҷикӣ ҷазо надода, “наместандартонанд”? Барои Вазоратҳои “энергетика ва захираҳои об” ва “саноат ва технологияҳои нав” чӣ? Кумитаи заминсозӣ ва геодезия, корхонаҳои воҳид ва ғайривохиди давлатии «Коргоҳи машинасозӣ» ва «Трансформатор» чӣ?

Танҳо вомвожаҳо нестанд, ки дар сатҳи болоӣ васеъ истифода мешаванд.

“Андоз нишондиҳандаи тамаддуниятнокии миллат аст”. Навиштае дар бинои ниҳоди андозу молиёт дар наздикии “Тоҷикстандарт”. ТАМАДДУНИЯТНОКӢ. Барои онҳое, ки дар роҳравҳои ҳукумат қадам мезананду сари беҳбудиҳо майна об карда, қонунҳои Русияро тарҷумаи таҳтуллафзӣ карда ва барои иҷро ҷорӣ менамоянд, ба забони корию то ҷое барояшон наздик ин вожаро тарҷума менамоем: “цивилизациянностьность”. Ҳамчунин, истиқлолият “независимостьность” мешавад. Чунин мисолҳо зиёданд.

Дар ҳақиқат, роҳ ба сӯи сифат ва зебоӣ беохир асту мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Агар Кумита ва дигар дастандаркорони поксозии забони давлатӣ дар ҳақиқат хоҳони ба ҷойгоҳи баланд нишондани забони тозаи тоҷикӣ бошанд, бояд корро аз ҳамин сатҳ оғоз кунанд. Аммо афсӯс, имрӯз дар "лубой" ҷо номгузориҳо ва ҳуҷҷатҳои давлатӣ пур аз хатост. "Зато" мо ширкатҳои ғайридавлатиро "штраф" мекунем...



Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Каримчон,
Каримчон,

Ман гуфтаниам, ки агар макомоти давлати дар номгузории худ ру ба забони ноб биёранд, на ин ширкатчахо ва на каси дигар хатто дар фикри эчоди чунин иборати нописанд намешаванд. Бубахшед, аммо вакте ки шумо худатон дар хар чое, ки рост омад мадфуъ хорич мекунед, аз дигарон чаро таваккуъ доред, ки ин корро накунанд? Русхо як гапи хуб доранд: фарзандро тарбият накунед, ХУДРО тарбият кунед. Худатон муаддаб бошед, фарзандонатон хам чунин мешаванд. Зехн дошта бошед, харфи маро мефахмед. Надошта бошед, харзагуиятонро идома медихед.

Каримчон
Salim,
ман дар ин чо харзагуи накардам балки ба хатогии муаллиф нишон додам. дуруст аст, ки дар номхои корхонахои давлати хатоги бисер аст вале дар доираи чунин хатогихо дуруст баровардани ин тарифи бемаъни ин як аблахист. масалан дар руссия магар худи русхо чинояти зиед намекунанд? вале вакте ки як точик ягон кори ночиз кунад тамоми руссия ба по мехезад.

Гость
Каримчон,
шумоя намедонам-ку, лекин ман дар ягон чои макола надидам, ки муаллиф гуфта бошад "лубой джо" дуруст аст, шумо дар кучо дидед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)