Бахшҳо

Кабирӣ занҳои ҳиҷобпӯшро ба қолабшиканӣ даъват кард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бонувони ҳизбашро ба ширкати фаъолона дар интихоботи парлумонии соли 2015 даъват карда, онро беҳтарин фурсат барои шикастани қолабҳои таҳмилшуда болои занҳои рӯсарипӯш донистааст.

Раиси ҲНИТ дар вохӯрии рӯзи 18 ноябри худ бо бонувони ҳизбаш гуфтааст, “интихобот беҳтарин фурсат барои қолабшиканӣ мебошад ва ҳар нафар бояд гӯяд, "Ман ҳастам”, зеро вақте, гуфтем ман ҳастам, бояд ҳуқуқи ман арзишҳои ман эҳтиром дошта бошад, пас касе наметавонад сари роҳи инро бигирад!”

Оқои Кабирӣ аз ҳошияронии занҳои рӯсарипушу либосҳои миллию исломӣ ба баркунанда дар ҷомеаи мадании тоҷик нигаронӣ карда, аз ин қишри занон даъват кардааст, фаъол бошанд: “Имрӯз як хоҳари исломӣ ҳақи бо ҳиҷоб рафтан ба донишгоҳро надорад. Ҳатто наметавонанд ба масҷид раванд. Дар ҷои кори бообрӯе мисли бонку идораҳо наметавонад бо ҳиҷоб кор кунад. Коре карданд, ки зани ҳиҷобпӯш ва он зане, ки мехоҳад бо либоси милливу исломиаш зиндагӣ кунад бояд дар ҷомеа ҳузур надошта бошад. Дар парлумон набошад, дар вазорату бонк набошад. Ҳатто дар кӯчаҳои марказӣ низ мегӯянд, кушиш кунед, бо ин либосҳо нагарданд. Яъне, зани ҳиҷобпӯш бояд фаъол набошад, мутаассифона мо низ инро қабул карда истодаем. Яъне занҳо низ қабул кардаанд, ки бояд дар як ҳошия бошанд. Дигар дар ҷомеаву саҳна буданро ба худ раво намедонанд. Бояд қолабе, ки золимона болои хоҳару зани тоҷик таҳмил кардаанд, шикаста шавад”,- афзудааст ӯ.

Раҳбари ҳизби исломии Тоҷикистон ноумедию нобоварӣ ба интихоботҳоро омили аслии афзоиши ифротгароӣ ва инкори қонунии фаъолиятҳои сиёсӣ дар ҷомеа дониста, таъкид кардааст, “вале вазифаи мо ин аст, ки ба ҳукумат фаҳмонем, бо ин фишору маҳдудиятҳо иштибоҳ карда истодаанд. Ва он хоҳарону ҷавононро умедвор кунем, ки ба майдон ворид шаванд ва аз дасти таққалубкорон, ки ҳам қонунро вайрон мекунанду ҳам ҳуқуқи башарро, ҳақи худро бигиранд".


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мехр
Muslim. Дилу ниятат пок ва бар сари нафсат Амир боши, диккататро занхои бесатри Аврупо хам чалб карда наметавонанд.

ОФАОИ БАРОДАР КАБИРИ ГАПУТ ҲАК АСТ. ИН ГАПРО ХУДОВАИД ДАР КУРОН МУГУЯД БОЯД АМАЛ ШАВАД БАРОДАРОН

абдухолик
Кадоми аз шумо (бо номхои Муслим, мехр ва...) аввал аз номхои худатон фикр кунеду шарм доред. Дуввум кадоми аз шумо мардаст то ин суханхои пучро дар ру ба руи ин кахрамон (кабирй) гуяд? кабирй мисли хукумати шумо нест,ки барои баёни фикри шахсй касеро азоб дихад?! Мард касест ки хакро ошкоро талаб мекунад.
Фабрикаи ширин хасти ё каси дигар огох бош! ин накшахои шуморо хазор сол шуд яхуд шабу руз мекашад аммо донед!
"мо аз хеч найранги шумо тарс надорем"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)