Бахшҳо

Шоҳидии 11 сокини Восеъ бар зидди Ғалатӣ Баротова (ВИДЕО)

Таҳиягарони навори фаҳшо, ки қаҳрамонашонро Ғалатӣ Баротова, яке аз масъулини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ муаррифӣ мекунанд, ба сифати далел навори шоҳидии 11 сокини ноҳияро нашр намуданд. Дар ин навор, ки баъди эълони Ғалатӣ Баротова дар бораи мукофотпулӣ барои дарёфти дастандаркорон, нашр шуд, 7 зан ва 4 мард худро зодагони ноҳияи Восеъ муаррифӣ мекунанд ва изҳор медоранд, ки Баротоваро мешиносанд ва воқеан ҳам дар навор ӯ инъикос ёфтааст.

Яке аз занони “шоҳид”, ки номаш зикр нашудааст, мегӯяд, “бале ман шинохтам, ки дар навор Ғалатӣ Баротова ҳаст. Чунки мо ҳама дар ин ноҳия ба сар мебарему ноҳияи калон аст, мешиносем. Аз Қурбоншариф то ноҳияи Восеъ он қадар роҳ ҳаст, ки намешиносем? Дар ҳамин ҷойҳо гашту гузор мекард, мо медидем, ӯро.”

Аммо худи Баротова, ин наворро сохтакорӣ хонда, таъкид мекунад, ки барои пайдо намудани дастандаркорони ин навор 25 ҳазор доллар медиҳад ва бо ин ҳадаф ҳатто хонаи истиқоматияшро ба гарав гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир аз ҷониби студияи ба ном “Нури Наҳзат” дар интернет наворҳои фаҳш нашр мешаванд, ки қаҳрамонони он аъзои ҲНИТ муаррифӣ мегарданд. Худи ҲНИТ ин наворҳоро сохтакорона арзёбӣ мекунад, ки ба коҳиш додани нуфузи наҳзатиҳо дар ҷомеа равона шудааст.


Мӯҳр
ЕРКЕНКОНДУ
ИЛТИМОС ССИЛКАИ НАВОРРО НАВИСЕД Ё ГУЕД АЗ КУЧО ДИДАН МУМКИН. дАР ЮТУБ ЧИ НАВИСЕМ МЕБАРОЯД?

Хакгуй
Бори дигар исбот шуд,ки ин навор сохта аст: ...аз Курбоншариф то Восеъ.....
Охир,одами бар зидди Галатмо шохидй медода ва Галатморо мешинохтагй Курбоншариф не,балки Курбоншахид мегуяд!Дар Восеъ Курбоншариф гуфтанй мавзеъ нест!
"Нури нахзат"!Мардум бедор аст ва ба сохтакорихои шумо бовар надорад!Ташаккур барои наворхои пешинаатон оиди фошсозихои муллохо,ки хамонхо хам узви ХНИТ набуданд!.....
Максади Шумо маълум аст:бадномсозии ХНИТ!Шумо хубтараш бо салафихо,ваххобихо ва "Хизбут-тахрир"-у "Ансоруллох"-у "Ал-коида",ки ба Точикистони азизи мо хатари азим дорад,муборизаи беамон баред!!!
Агар шумо бозичаи дасти болонишинон бошед,хеч гох фаромуш накунед,ки бештари хамон болонишинон кариб хар руз е хафта дар идора е хилватгоххо даст ба номуси занони бегона мезананд!!!!

Вой бар холи зани точик!ин занхо ва мардхои шохид порнофильмро дар интернет ефта тамошо кардиян дар хонахои хамаашон интернет будай!اللهم دمر أعداء الدين!

Dev
Biser hostam,ki chize nanavisam, vale...Ba fikri man in kori shahsii Galati ast.U hak dorad zindagii hudro doshta boshad.Ba hamon kasone,ki in navorhoro megirand guftaniam shumo saghoi dajdui kucharo memoned.Tojike,ki tojiki hudashro past mezanad, lagat mezanad lanati hudo bod ba u !!! Rezhisuri in navorho ahmaktarin ablah ast.In zanho chun tuti hizbi nahzatro teg giriftan va beshak in navorho na ba Galati balki ba hizbi nahzat nigaronida shudaast. Hahod dar asri 21 haminguna muborizai razilona boshad.Agar shumo mehohed hizbi nahzat jojgohe hub pajdo nakunad , pas shumo boyad yak saru gardan az in hizb bolo boshed.Holo mebined ,ki shumo hudaton hele pasted ,bo har roh megued ,ki dumi sagi digaron kaj ast.

Шуриш
Як чиро фахмидам, ки хичи нафамидам!!!! Наход хамаи занхои калонсоли Восеъ дар атрофи ахли ойлаашон факат наворхои порнографи тамошо кунанд? Инхо хам занхои бехае будаанд ку!! Дар Хисор ягон зан аз ин навор дараке надорад. Дуюм дар ин бе барки кай занхои Восеъ вакт меебанд, секс наворхоро тамошо кунанд, ки хамааш, хатто кампири 80 солааш хам тасдик мекунад, ки "ман дидам". Ин чи гуна тарзи зиндаги будааст, Эй мардум???

Акалан хами одамое каментария додан дар комнатахои ранга нагирифтеншон ки хами тухмату тахкиртон фоштар нашава?

Бохабар аз Восеъ
И одамхора хамаша тайор кардагиянд,барои и одамойи баромадкардагй ки мансаб доран мансабшон аз хама чй болояй,барои хами бозичаи дасти ким-кихо шудай!Хамаш як хел гап мезанан!Изо кашен!Боз гапбофии мохиронара бинен,ки аз Худо шарм намекнан!
Хози мардуми Точикистон аз барномахои телевизиени Точикистон тамошо намекнан,и кампиракхо кай тамошо карда бошан?

ma ba apai ghalati kor nadorm, neki hami kholoho yachi sex tamosho kadayan daa. izo nakashida bo kamentariya dodestan.

Сино
бо якбори дига

хеч нафрат накунед, пайгамбари мо 7 зани рушод дошт боз панохиша худо медона, мо, шумо ва Галатихам умматои вай хастем

Сайф
Сино,
Паямбаи икром (С.А.С)-ро масхара мекуни?? Тавба кун, ки бо назди абулахаб нарай!!!!

душанбегӣ
Албатта, ки ман ба ин ашхосе, ки дидану шинохтанро тӯтивор тасдиқ мекунанд боварӣ надорам. Ман ба як чиз аҳамият додам, шояд дигарон ҳам инро дарк намуда бошанд. Қариб симои ҳамаи онҳо ба ғайритоҷик моананд буд. Дигараш, дар рӯи ягонтои онҳо як навъ нури инсони (нуроният) -ро ман надидам. Яъне шояд ин аз он бошад, ки дӯруғгӯи барои инҳо як навъ касб шудааст ва одаме, ки дурӯғу тӯҳмат мегӯяд камнуртар мешавад. Баъдан як хонум дар ин навор мардуми Восеъро ба бефарҳангӣ тӯҳмат мекунад, фикр мекунам, ки худаш бефарҳанг аст, чунки ман онҷо будам одамои хубу бомаданиятанд. Хуллас ҳамаи ин навору он навор дӯрӯғ, тӯҳмат ва рӯсиёҳие беш нест! Нест бод тоҷиксиёҳкунӣ!

Хизби нахзати ислом -это Хизби нахси ислом!!!

Магар он навора экспертиза намудан он кадар душвор аст?Ба сарамон мезанем фикри хар яки ин колхозчию подабону кампирои лаби оба?

52
хамин хел ки гуё дигаррон ин миллати кадимро беобруй кардани астанд

Сахмия
Илтимос ин занро тухмат накунед ин биби Вм бигалати нест дуруггу душмани худост

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)