Бахшҳо

Соли Навро ҷашн гирем ё на? Баҳс додгоҳӣ шуд!

Додситонии Русия як духтари 23-солаи мусалмон, Элвира Султонаҳмадоваро, ки алайҳи таҷлили Соли Нави мелодӣ баромад кардааст, дар барангехтани ихтилофоти динӣ муттаҳам мекунад.

Қазияи Элвира Султонаҳмадова, ки феълан дар додгоҳи шаҳрии вилояти Свердловск мавриди баррасӣ қарор дорад, аз он оғоз шудааст, ки ӯ санаи 25-уми декабри соли 2013 зимни як назарпурсии интернетӣ бо такя ба китоби муқаддаси Қуръон мухолифи ҷашн гирифтани Соли Нави мелодӣ изҳори назар кардааст. Дар асоси ин назари духтари мусалмон Степан Черногубов, миллатгарои рус, ки дар гузашта барои аъмоли ғайриқонунияш маҳкум низ шудааст, ба мақомоти тафтишотии Русия муроҷиат намудааст ва алайҳи Султонаҳмадова парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Ба иддаои Степан Черногубов бо шарҳи худ Султонаҳмедова нисбати афроди ғайримусулмон бадбинӣ зоҳир намудааст.

Дар шарҳи баҳсбарангез Султонаҳмадова аз мусалмонон даъват кардааст, ки аз таҷлили Соли Нав, бастани лентаҳои георгӣ ва ранг кардани тухмҳо дар ҷашни Пасха худдорӣ кунанд. Элвира Султонаҳмадова изҳор доштааст, ки аз боғча кудаконро на ба Аллоҳ, балки ба Санта Клаус, Бобои Барфӣ ва чизҳои ба ин монанд моил мекунанд: “Ин чизе бештар аз фиреби кӯдакон ва таблиғи бисёрхудоӣ нест. Бо ин кор фазои атрофи кӯдаконро бо рамзҳои замони ҷоҳилият пур мекунанд.”

Султонаҳмадова давр задани гирди арчаро низ расми замони ҷоҳилият арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки мусалмонон бояд танҳо гирди Хонаи Худо-Каъба давр зананд.

Барои ин назараш Султонаҳмадова дар барангехтани ихтилофи динӣ муттаҳам шудааст ва мурофиаи навбатии додгоҳияш 23-юми декабр таъин гардидааст. Ба ӯ ҷарима дар ҳаҷми 300 ҳазор рубл ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад. Худи айбдоршаванда мегӯяд, бегуноҳ аст ва аз мавқеи худ дар мурофиаҳо ҳимоят хоҳад кард.

Александр Верховский, масъули Маркази иттилотоӣ-таҳлилии “СОВА” пайгарди ҷиноии Султонаҳмадоваро беасос медонад, чун назараш дар асоси манобеи дигар аз ҷумла китобу сомонаҳои дигар бён шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ҳам ҷашн гирифтани Соли нави масеҳӣ мавриди баҳс қарор мегирад. Бархе аз руҳониёни кишвар Соли навро ҷашни мазҳабӣ медонанд ва таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул медонанд. Аммо қисми дигари руҳониён ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Соли Нав ҷашни динӣ нест ва аз он ҳамчун “тағйири иқлим” таҷлил мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузшта епископи Душанбе Питирим низ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки Соли нав Иди масеҳиён нест ва Бобои барфию барфак боқимондаи замони ҷоҳилиятанд. Ӯ гуфт, ки ин ҷашн дар даврони Шӯравӣ дар аҳди Иосиф Сталин густариш ёфта ва он ба калисо рабт надорад.
Мӯҳр
Сохиб
Намехохед Соли Навро. Чашн нагирад. Ки мачбур кардааст. Шин дар хонаат. Ман арча меороям. Тухфа такдим мекунам. Хурсанди мекунем бо дустон. Ба неку бади касе кор намегирем . Дар куча асри 21 хукм меронад, шумо хануз аз арчаву чашнгирии Соли Нав , хичобу ришу , кофару мусалмон харф мезанед..Аврупо хамаро кашф кард! , аз барои ОЛЛОХ монед ин харзагуиро..

Аюбӣ
иноят, Иноятхон ту ақлатро каме кор фармо. Айб дар Ислом нест, балки дар мусалмонии мост. Мисли Қонунҳои Ислом ва Қуръону аҳодиси паёмбари мо (с) дар дунёву уқбо мислу монандӣ надорад. Беҳуда Қуръонро уммулкитоб, яъне модари китобҳо нагуфтаанд. Ман барои чи мегуям. ки айб дар мост на дар Ислом. Зеро Ғарб Шарқро бо ҳиллаву найранг заиф карда, лаҷоми роҳбарии дунёро худаш гирифт ва тамоми ихтироотеро, ки мусалмонон он замон мехостанд татбиқ кунанд, азхуд карданд. Беш аз ин, Ғарбиҳо то ҳол ба аксари кашфиёти худ аз Қуръон роҳ меёбанд, ки метавонӣ онҳоро аз китоби "Эъҷози Қуръон"(Ҳорун Яҳё), ё китоби "Ҷаҳон дар сояи ақибмондагии мусалмонон"(Абулҳасани Надавӣ) дарёбӣ. Аллома Иқбол низ дар ин маврид ишора кардааст: Ҳикмати ашё фарангизод(аврупоӣ) нест, Асли ғ ҷуз лаззати эҷод нест. Нек агар бинӣ мусалмонзода аст, Ин гуҳар аз дасти мо афтодааст......

Саид
Цитата: Muslim
ку гап занед дар Куръон дар кучо навиштаги ки соли нав кайд накун


Аз тони гапзании как будто ту хамаи Куръонро хонда тамом карди.

Охи ба дигарон чӣ кор дори, эй зани сафиҳ?

Ҳофиз дуруст гуфтааст:
Айби риндон макун эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некаму гар бад ту бирав худро бош,
Ҳар касе он даравад оқибати кор ки кишт.

Одам ҳайрат мекунад аз фузулии ин бардагони Аллоҳ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)