Бахшҳо

Ҷангҷӯёни узбак: ...Тоҷикистонро аз кофар тоза мекунем! (ВИДЕО)

Ҷангҷӯёни узбак, ки дар сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия меҷанганд, бо нашри як навори видеоӣ дар интернет изҳор доштаанд, баъди тасхири давлати Сурия рӯ ба Осиёи Маркзаӣ, аз ҷумла Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳанд овард.

Ҷавонони узбакзабон иддао доранд, дар пайи ташкили хилофати исломӣ дар Сурия, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳам ба пирӯзӣ хоҳанд расид:"Бо хости Худо, мо ба фатҳ кардани Сурия шурӯъ кардем. Иншооллоҳ кишварҳои Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро низ аз кофарҳо тоза хоҳем кард."

Яке аз ин ҷавонҳо, ки бо забони англисӣ суҳбат мекунад, худро зодаи Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Ман аз Осиёи Марказӣ омадам. Ин ҷо мардум аз режими Башор Асад дар азобанд. Мо дар ин ҷо хилофатро бунёд хоҳем кард ва баъд ба кишвари дигар хоҳем рафт ва дар он ҷо ҳам пирӯз мешавем."

Ба суоли наворбардор, ки оё ӯ хонаводаашро пазмон нашудааст, ҷангҷӯй ҷавоб медиҳад, “не, зеро оилаам дар ин ҷо бо ман аст.”

Ахиран, Қодир Маликов, таҳлилгари умури мазҳабӣ дар Қирғизистон гуфта буд, гуруҳи "Давлати иломӣ" барои ворид шудан ба Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ихтисос додааст. Ин коршинос мегӯяд, "Давлати исломӣ" бо мақсади ба ҳам овардани ҷангиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ гуруҳи "Мовароҳуннаҳр"-ро ташкил додааст.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи 53 шаҳрванди Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар дод. Ин ниҳод теъдоди ҷангҷӯёни тоҷикро дар ин ду кишвар ҳудуди 200 нафар арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр
муъмин бародари муъмин аст, яъне мусалмон бародари мусалмон аст ва рехтани хуни мусалмон гунохи азим аст. агар ту гумрох инро надони узбак набудаи. Хамон узбаки худат, ки динашро хеле мустахкам медорад каллаи худатро мебурад.

ислом.70mail.ru
Бародарони азиз хохиш мекунам ки ба ин дасисахо дода нашавед ки ин бадбахтхо тайер хастанд ки ба авлоди худ тачовуз кунанд. Мо бояд ба мукобили ин гумрохон мубориза барем гарчанде аз баъзан сиесатмадорон ранчида бошем хам локин Ватанро мухофизат кардан фарз мебошад.

Точик Кухистон
Ин узбакхо хамаи сарзамин ва шахру фарханги точики моро гирифтан имруз меоянд исломро мефахмонанд......!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)