Бахшҳо

Посухи шадиди Академия ба “мулло-вакилон”-у “қарсак-вакилон”

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба интиқоди парлумон аз кори олимони тоҷик посух гуфтааст. Дар посухи Академия, ки дар рӯзномаи “Минбари халқ” нашр гардид, омадааст, ҳуҷуми "мулло-вакилон" ва бетарафии "қарсак-вакилон" ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улум ба ҳамагон аз он хабар дод, ки касе аз вакилон дар фикри пешрафти илм нест.

Академия зикр мекунад, Фарҳод Раҳимӣ рӯзи 14 январ ба палатаи поёнии парлумон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника"-ро муаррифӣ кард, ки боиси баҳсҳо миёни вакилон бо президенти академия гардид: "Дар вақти баррасии қонун вакили парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз мушаххас шудани фаъолияти олимон, сухан карда, илова намудааст, ки: "… вақтҳои охир олимон ба ҷои ихтироъ ва корҳои илмӣ, ба масоили сиёсӣ даст мезананд". Кабирӣ ҳамчун олим ва номзади илм намедонад, ки сиёсат ҳам илми мустақил буда, аз рӯи тақсимот ба гурӯҳи илмҳои гумнитарӣ шомил мегардад. Ин олим - рӯҳонӣ, ноогоҳона ва муғризона олимони Фарҳангистони улумро ба даст доштан дар корҳои сиёсӣ муттаҳам карда, шаъну шарафи эшонро бо надоштани кашфиёту ихтироот паст задааст. Аз ин гуфтаи Кабирӣ бармеояд, ки ӯ аслан аз дастовардҳои олимони тоҷик хабар надорад ва ҳамчун намояндаи мардумӣ дар Парлумон билкул маҷаллаю паёмҳои илмиро мутолиа наменамояд. Кабирӣ ҳамчун номзади илм то ба ҳол фарқияти байни илмҳои дақиқ ва гуманитариро намедонад, ки илмҳои гуманитарӣ арзишҳои инсонсолорӣ ва мардумӣ меофаранд, на мисли улуми дақиқ кашфиёти физикию химиявӣ ва техникию технологӣ. Вой бар ҳоли чунин тафаккуре, ки байни бунёдӣ ва башарӣ тафриқа гузошта наметавонад. Магар қонуни нав ба тавсиб расонидан кашфиёти илмҳои гуманитарӣ (сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фалсафӣ) нест? Фарзи мисол, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун натиҷаи пажӯҳиш ва омӯзиши илмҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ буда, ҳамзамон дар кишвар заминаи ҳуқуқофарӣ ба ҳисоб меравад. Агар Шумо низ чунин қазоват мекунед вой бар ҳоли илм ва олиме, ки ҳамчун намояндаи мардумӣ фаъолият мекунад.

Илова бар ин, Кабирӣ қайд менамояд, ки: "олимон дар утоқҳо нишаста, аз буҷаи давлат маош мегиранду ба масоили сиёсӣ даст мезананд". Худи ӯ тӯли 10 сол аст, ки дар курсии гарму нарми парлумонӣ нишаста, барои пешрафти кишвар ҳеҷ коре накардааст. Кабирӣ ҳамчун вакили Парлумон зимни сафари кориаш ба шаҳри Москва (30.11.2014) бояд аз сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон пуштубонӣ мекард, ки ба ӯ имкони хуби зиндагию фаъолияти сиёсӣ додааст. На баръакс, ки ба кишварҳои хориҷа сафар карда, миёни фарзандони тоҷик ҷудохоҳию тафриқаандозӣ намуда, шаъну шарафи олимонро паст занаду эътибори илмро паст намояд. Агар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ илм пеш нарафту олимон ҳеҷ ихтирое накарданд, чаро Кабирӣ ва наҳзатиёнаш аз кашфиёту дастовардҳои худ хабар надоданд? Ин даъвои кӯр-кӯронаи Кабирӣ дар ҳолест, ки мардум беш аз 1300 сол аст, ки даст ба сӯи осмонҳо доранду ҳеҷ нест, ки аз осмонҳо ноқилу микросхема, комютеру робот, мошину таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти барои зиндагии инсон зарурӣ резад. Ба самъи Кабирӣ расониданием, ки тамоми дастовардҳое, ки Шумо ва пайравонатон истифода мебаред, ҳамааш маҳсули дастранҷи инсонҳои заминианд, на аз авлиёву анбиёи илоҳии пиндоштаатон. Чизи дигаре, ки ин ҷо ба самъи Кабирӣ расонидан мехоҳем ин аст, ки дар Аврупо ба толибилмон ҳам оид ба кванту фотон, кварку лейптон, КРН-у КДН, АТФ-у АДФ, валенту реаксия, истихроҷи маъдану ККФ, биомассаю энергияи офтобӣ, нанотехология электродинамикаи квантӣ ва ғайра ҳарф мезананду дар мо бошад, то ҳол кулухро ба фалон дастат гир, бо фулон даст таҳорат кун, бо фалон поят аз дари ҳоҷатхона даро ва дигар андешаҳои музахрафотии асри 7 сухан меронанд.

Агар сухан сари обрӯ ва шаъну шарафи олим равад, ҳама мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки солҳои 90-уми асри гузашта маҳз намояндагону пайравони ҲНИТ чи гуна амалҳои ноҷавонмардонаро нисбати ин қишри ҷомеа раво медиданд ва ҳатто Академияи улуми кишварро Маркази куфр хонда буданд. Он солҳо чаро пешвоёни «ҳизби Худо» аз илм ва олимон дифоъ накарданд ва баръакс, онҳоро сангсор карданду фатвои маргашонро хонданд? Имрӯзҳо бошад, дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ маҳз табақаи рӯҳониён ба шаъну шарафи мактабу муаллим латма ворид менамоянд, на донишмандону фарҳангиён. Барои мисол, дар ноҳияи Вахш як узви ҲНИТ хонаи муаллимро оташ заду роҳбарияти ҳизб қулф ба гӯш зада, чашм пӯшиданд, гӯё чизеро нашудаанд ва надидаанд. Ин гуна ҳодисаҳо ба фарди худогоҳу худшинос на дар ҳафтаю моҳ, балки ҳар сонияю дақиқа рух медиҳад. Ин амалҳо ба он хотир анҷом дода мешаванд, ки арабпарастону биёбондӯстон мардуми бедору худогоҳро аз аслу насаби хеш дур намоянд. Лекин Кабирӣ ҳамаи ин ҳаводиси нангинро нодида гирифта, барои худро аз ин варта раҳонидан пайт ҷуста, касеро гунаҳкор кардан мехоҳад. То ин муддат аз ягон нафар аз ягон ҳизби сиёсӣ нисбат ба Академияи илмҳо ҳарфе нагуфт. Бояд қайд кард, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 оғоз карда, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ бо навиштани мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва гузоришу баромадҳо ба воситаи радиову телевизион мавқеи ишғолнамудаи рӯҳониёну наҳзатиёнро танг карданд. Чун Кабирӣ, Тураҷонзодаҳо ва чанд тан аз ҳамрадифонашон фазои иттилоотии кишварро барои худ танг дида, якбора ба таҳқиру бадном ва такфир эълон намудани кормандони Марказ рӯй оварданд. Ин усули истифоданамудаи Кабирӣ дар сиёсатшиносӣ остракизм ном дошта, ӯ мехоҳад бо роҳи бадномнамоӣ эшонро дар назди давлату миллат гунаҳкор намояд, зеро рӯҳониён дар истифодаи методи остракизм таҷрибаи 1300 -сола доранд.

Кабирӣ барои чунин сухан гуфтан, ислоҳро аввал аз худ ва баъд аз пайравонаш оғоз намояд.

Илова бар ин, дар Парлумони Тоҷикистон беш аз 5 доктор ва 10 номзади илм фаъолият менамоянд, ки аз миёнашон 2 академики АИ ҶТ низ ҳастанд. Вале, мутаассифона, аз рафти ин баҳс аён гардид, ки аз доктору номзадҳои парлумонӣ сар карда то одитарин вакили он дар фикри пешрафти илм нест. Агар нафаре дар Парлумон ҷонибдори пешрафти илму техника мебуд, он гоҳ пешниҳоди Фарҳод Раҳимиро дастгирӣ менамуд. Дар шароити имрӯза метавон гуфт, ки вакилон пурра аз мардум ҷудо гардидаанд ва ягон вакил аз вазъи мактабу маорифи ҳавзаи интихобшудааш ба таври амиқ огаҳӣ надорад. Маҳз ҳамин тарзӣ корбарӣ ва фаъолияти эшон боис гардидааст, ки касе додраси мактабу маориф ва омӯзгору тарбиятгар нест. Бо вуҷуди ин ҳама камбудию норасоӣ ва мушкилот боз як нафар ҳомии илму маорифи тоҷик - Фарҳод Раҳимиро дар парлумон муҳокима менамоянд, ки ин амал дар худ ҳеҷ мантиқе надорад. Ин рафтор, яъне ҳуҷуми «мулло-вакилон» ва бетарафии «қарсак-вакилон» ба Раҳимӣ ба ҳамагон аз он хабар дод, ки касе дар фикри пешрафти илм нест.

Дар мавриди раванду ҷараёнҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, Фарҳод Раҳимӣ хеле дақиқкорона фармудааст, ки: «олимон вазифа доранд, равандҳои сиёсиро омӯзанд ва таҳлил кунанд ва ба мардум хулосаҳои дуруст пешниҳод намоянд». Дар робита бо мавқеи Президенти АИ ҶТ намояндагони мардумӣ дар сатҳи касбияти худ аз вазифа ва усулҳои омӯзиш ва пажӯҳиши илмҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ огоҳии кофӣ надоранд. Дар ҳамин партав ҷаҳонбинии дунявӣ доштани онҳо ҳам зери суол рафт. Раҳимӣ зимни суханронии худ, аз дастоварҳои илмии кормандони Академия сухан карда, қайд намуд, ки: «Дар соли гузашта 12 патенти ихтирооти нав ба қайд гирифта шуда, ба саноатчиёни кишвар 30 пешниҳоди мушаххас оид ба ворид кардани тағйирот ва таҳаввулот ба дастгоҳҳои истеҳсолкунанда ироа шудааст. Дар соли 2014 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ Академия маблағҳои ғайрибуҷетӣ дарёфт кард».
Кормандони Академия 1 285 мақолаи илмӣ, яъне ҳар рӯз академия 4 мақола ба табъ мерасонд ва дар се рӯз як моногрофияи илмӣ ба таъ расонидаанд, яъне бо боварии том метавон гуфт, ки дастовардҳои Академия нисбат ба солҳои қабл хеле самарабахштаранд.

Ҳамин тариқ, дар шароити имрӯза нерӯи илмии кишвар дар 87 муассисаи илмӣ, аз ҷумла дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ муттаҳид шудааст, вале то ҳол ҳамгироии самараноки илми академӣ ва донишгоҳӣ дар мамлакат мушоҳида намешавад. Пас аз қабули қонуни мазкур, умедворем, ки илми тоҷик ба таври бемайлон рушд хоҳад ёфт ва Парлумони мо нисбат ба илм ҳушёру чолок хоҳад шуд".
Мӯҳр
adl
Man yak peshnihod doram ba porlumon. Hamin nomi nomi akademikora to yagonchi ihtiro kardanshon nomshona akademikho neyu anokdodguyho guzored. Chunki bo hamin tarzi gila kardan sharmandagist. Ohir akademikho bo ihtirokori zabonashon daroz meshad na ba kahi kuhna bodkuni.

madamin
ачаб маколае...ба фикрами дар мо солхо боз академия наук нею нападения наук фаъолият дорад.

қарсак-шаҳрванд
Тавба, тавба, агар ҳамин мақоларо олимон навишта бошанд. Худованд ояндаи илму донишро ба хайр кунад.
"Академик"ҳо фаромӯш кардаанд, ки сиёсат чисту сиёсатшиносӣ чист, ё бо ҳарфи дигар сиёсатмадор кисту сиёсатшинос кист.
Шармам омад аз унвонҷӯи чунин дарбор буданам.

Дигар он ки Зуҳуров ба Фақеров гилаҳои сахттар кард. Зуратон танҳо ба Кабирӣ расид?

"Озодагон" магар филиали "Начот" аст?

"Аз ин гуфтаи Кабирӣ бармеояд, ки ӯ аслан аз дастовардҳои олимони тоҷик хабар надорад".
Ба фикрам аз дастовардхои шумо на танхо Кабири, балки худи академия хабаре надорад.

Шармандагӣ
"Кормандони Академия 1 285 мақолаи илмӣ, яъне ҳар рӯз академия 4 мақола ба табъ мерасонд.."
Хеле масхара аст....Зеро ин ки кормандони як маркази бузурги илми хар руз 4 макола менависанд, чои ифтихору ситоиш надорад. Ин коре, ки садҳо корманди академия дар як руз 4 макола менаисанд, инро як журналист дар як руз анчом медиҳад. Шармандагӣ. Шумо кормандони академия ҳамагӣ дар як руз баробари як журналист кор мекунед...Айба надониста бо инро ифтихор медонед. Боз агар гуед, ки маколахои шумо илмиянду аз маколаи журналистон фарк мекунанд, ин хам дуруғ аст. Зеро ҳамин мақолаҳое ки вақтҳои охир менависед, ягон ҷиҳати илмӣ надорад, фақат ғаразу бетаҳаммулӣ ва ифротӣ будани шуморо нишон медиҳад. Журналистон ҳазор бор аз шумо беҳтар менависанд. Кабири рост гуфтаст. Шумо дигар коре надоред, ки факат маколахои гаразнок навишта мегардед? ориҷ шавед аз академия ва номи онро паст назанед!

"мардум беш аз 1300 сол аст, ки даст ба сӯи осмонҳо доранду ҳеҷ нест, ки аз осмонҳо ноқилу микросхема, комютеру робот, мошину таҷҳизот ва дигар асбобу лавозимоти барои зиндагии инсон зарурӣ резад. Ба самъи Кабирӣ расониданием, ки тамоми дастовардҳое, ки Шумо ва пайравонатон истифода мебаред, ҳамааш маҳсули дастранҷи инсонҳои заминианд, на аз авлиёву анбиёи илоҳии пиндоштаатон"Мухтарам олимон о хаминро медонед чаро амал надоред, чаро як мошину тачхизот ихтироъ намекунед.Максад инаст ки Шумо олимон кор кунед,дастовард дошта бошед,факат макола ва ба назария такя накунед.Масалан ба чои бардоштани ихтилоф ба кори амали мегузаштед хуб мешуд.То кай хисоботи бардуруг медихед.Дар мавриди 4 миллион маблагхои гайрибучави дарёфт кардаатон худи раиси Мачлиси намояндагон изхор карданд ки айб аст гуфтан ки мо 4 миллион ёфтем ин дар холе ки як ихтиръи муосир имрузхо 100 хо миллион доллар арзиш дорад.Ана хамин хел олимони мухтарам.... Бехтар аст ки фаъолияти амалии худро ба рох монеду ба дастовардхоb нав расед.Дар мавриди он бахши омузиши равандахо о чаро дар соли 91-92-93 хамин олимон равандхоро тахлил накард мардумро фахмонанд то кишвар ба чанг гирифтор нагардад.

саид
шармовар аст чунин мақоларо навиштан....

Самак
Устод Ф.Рахими бо гирифтани мансаби президенти АУЧТ дар хол аз оринчи нахзатихо дошт.Мусалам аст, ки у дар ин мамалхои пиёдасохтаи хеш фармудаи хизби хокимро мекунад дар мачмуъ Илм аз Академия канор рафтааст ва бештар академия бо сарварии у дар чолишхои сиёси худро олуда мекнаду баст. Дар хусуси истифодаи такфир аз чониби нахзатихо ё турачонихо боиси кайд аст, ки дар конфронси Эрон ки имсол дар масалаи "такфир ва гурухои ифроти" баргузор гардид аз Точикистон на АКадемикхо, ва Ф.Рахимовхо балки Кабирии ноогах аз сиёсат даъват шуд. Шояд эронихо аз "КИ" будани Кабири ноогаханд...
Мухтарам академикхо,рохбарон,чанобон, чаро имруз чахд доред нахзатро буги кунед то аксуламал нишон дихад ва шумо тасдики тухматхои хеш ёбед,, будани лидери рухони(банда касам ба имонам дустдор ва пуштибони нахзат нестам) дар авзои имрузи минтака хуб аст чун Кабири даст ба ифрот надорад... ва Шумо мутасфона шахшеро дар ин маком мустакар карда натавонистед дар мачму радикалхои демократиро мемонед

Darvesh
BA FARHOD RAHIMI! JURAJON HOZIR ASRI 21 SSSR barvaqt posh khurda bud!!!!

Зиёӣ
Пештар номи Академияи улумро чи дар парлумон ва чи дар нишастхои расмиву гайрирасми бо ифтихор ба забон меоварданд. Ва хам то чанд мох пеш мухтарам Фарход Рахими яке аз чехрахои саршиносу мухтарами сохаи маорифи кишвар махсуб меёфт, вале аз замони ифтитох додани Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии ба якбораги хам номи Ф. Рахими дар сатхи баланд хатчадор шуд ва хам ба Академияи як замон иззатманди илмхои ЧТ латмаи бесобика ворид гардид. Алъон дар хама доирахо ва махфилу чорабинихо аз АИ хамчун "гайбатхона, мавзеи занакхои лаби об" ном мебаранд, ки корашон чуз гайбат чизе нест. Ин хама албатта бо "ташаббус"-и кормандони Маркази мазкур ба даст омад. Ягона иштибохи бузурги академик Ф. Рахими хамин аст, ки барои таъсиси Маркази омузиши равандхои....бла... бла.... бла... ичоза доданд. Ин нуктаро коршиносони самти илм низ чандин маротиба дар хузури банда ба забон оварданд. Пас, зарур аст сари ин масъала амикан ба андеша фуру рафт. Маркази зикршуда чуз шармандаги ба Академияи улум ва рахбарияти он дода натавонист. Бастаншро хамчун зиёии ин механ салохи кор медонам. Хайр, боз тасмими нихоиро Ф. Рахими мегирад. Аз мо ироъаи мулохиза буд, ки кардем.

Ном
Ба кормандони Маркази омузиши равандхои муосир: Чанд пул дода аъзои ин Марказ шавам? Чун хамаи Шумо бо "деньги-деньги" аъзои ин марказ шудаед. Ман хайрон хастам, ки чаро аз ин "дастовардхо"-и Шумо касе то кунун дар кишварамон истифода накардааст... Шояд, ки Шумо нахостед, ки аз ин "дастовардхо"-ятон ХХДТ истифода кунад ва шояд ин нишонаи ихтилофот дар байни хизбатон бошад...

беном
Котил як касро мекушад калам омро мекушад!

Агар дарачаи донишу тафаккури академикони мо ин аст тааччуб аз сатхи пасти мардум намекунем. Тули ин 20сол чи коре кардед ки аккалан дар ягон сохаи саноат е хочагии кишлоки кишвар ба чои кафорави пешрави бошад. Шумо аз политрукхои шурави чи фарк доред. Агар минбари озод медоштем суханхои бештар мешунидед. Аллох ба шумо донишу инсоф дихад.

Ашт
Аз чи бошад агар академияи улумро хонам ба йодам "кохинони маьбад" аз филми "Юсуфи паембар" мерасад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)