Бахшҳо

ВИДЕОИ ТВТ: Журналистони мустақил барои хомӯшӣ инъом мегиранд!

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо нашри як гузориш дар барномаи “Ахбор” журналистон ва рӯзномаҳои мустақилро дар “хушомадгӯйӣ” ба роҳбарияти шаҳри Душанбе муттаҳам кардааст.

Дар гузориши ТВТ, ки ахиран пахш гардид, таъмиру бозсозӣ нашудани бархе аз роҳҳои пойтахт баррасӣ шуда, таъкид гардидааст, ки “ҳамаи ин мушкилотро танҳо шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон рӯи навор оварда, масъалагузорӣ мекунад, ки ҳадафи он ислоҳ аст. Бо ном рӯзномаҳои мустақилу шахсӣ, ки бо тиражи зиёд ба нашр расида, ба таърифи шаҳрдорӣ машғуланд, ҳақиқати воқеии зикргардидаи моро нодида гирифта, ғайриобъективона инъикос мекунанд.”

ТВТ таъкид кардааст, ки "мавзӯи таҳқиқоти журналистии оянда аниқ аст, ки кадом журналистҳои мустақил нисбат ба проблемаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ошкорбаён ва проблемаҳои шаҳри Душанберо нодида мегиранд? Зеро онҳо барои лаб ба хомӯшӣ задан дар баробари бенавбат гирифтани қитъаҳои замин аз ҳукумати шаҳри Душанбе боз чӣ инъомҳо мегиранд? Ин мавзӯи гузориши дигар аст.”

Тибқи гузориши ТВТ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола барои таъмири роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд, аммо роҳбарияти ҳукумати Душанбе ба вазъи роҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир накардааст. Инчунин ТВТ саҳми соҳибкоронро дар таъмири роҳҳои навоҳии Тоҷикистон зикр карда, суол гузоштааст, “ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд? Фоидаи онҳо куҷо меравад, ки ҳамагӣ чанд километр роҳро дар пойтахт таъмир намекунанд?”



Ин гузориш ҳамагӣ баъди чанд рӯзи баҳси дигарбора миёни шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон нашр шуд.

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”

Аммо Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад. Дар матлабе, ки рӯзи 14-уми январ зери имзои Руқия Қурбонва ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, таъкид шудааст, шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд: “Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.”
Мӯҳр
Канта зан духтари апа , суст намон камбудихора гап занен !МУОСИР,

Эхее мардума расооо фиребмекунанда ба фикрам хами раиси ТВТ супориша сахт гирифтагиай ки раиси шахра танкид кунед боз танкид кунед чунки вая песа рои кардан лозим

сокини пойтахт
Лекин рост. Кучахо ифлосу вайрона. Домхои бисерошена вайрону валангор. Касе ахамият намедихад. Кучахои нагорни ку тамоман мисли трушобка аст.

Агар кадоме пеш ҳамаи ҳами барномара тамошо карда боша мефаҳма)) Ай саршавиш то охирша раҳмона таъриф т доштан ба яке ира мондан ))

ШОДОН ту мисли кур гап меани. Агар гузоришро намедиданд ин кадар сару садо намешуд. Ту аз тани худат гап зан. Савол ба Ту ки дар умрат ба фоидаи чамъият то имруз чи кардаи? Ман бовари дорам ки гапат дар фарзанди худат намегузарад боз ин кадааари бемантик гав задести. Чумо. ШАБАКАИ ЯКУМ давом дех тахлилхоятро ман мухлисатам аз КУЛОБЧОН. Хеч кор карда наметавонанд. Суд равад хаму обулое ки дар вакти таъмири роххо мешавад муаян кунад. Ин рисолати тв аст ОФАРИН. Озодагон ман мухлиси ашадитм агар чоп накни хафа мекма...

ЖОРИК БАРТАНГОВ т аклта хурда бдай. Вакто ки дар бораи проблема худи одамои махалла гап мезанан тахлил чи лозим. Ин радио нест, ки фиреб дихи..Душанбе кишлок шудаст......

Мн
Ин кадар вохима мекунед як бор рафта рохои берун аз шахро бинед бовар кунед дар вакти харакати мошин жилуткат аз дахонат мебарояд хуроки хурдагият аз кафоят зинда мебарояд кани твт якбор холи зори ин рохро нишон дех онаи зората дар чашмат нишон медиханд !

Sarvinoz Suhrob va Tahiyagaron ofarin, haqiqatro boyad oshkor kard to kambudi raf shavad.

шахрванд
Гуё ТВТ суханони нодуруст мегуфтааст, Шумо магар нобино хастет дар наворхои пешниход гардида хам дуруг хаст, агар таъриф кунад чаро таъриф кардед гуфта тухмат мекунед. имруз бошад камбудиро ошкор карда истодааст чаро танкид мекунед гуфта проблема мекобед он нафароне, ки сухан кардан магар онхохам дуруг гуфтанд

ГУЛГУНЧА
БАЛЕ БАРОДАР ДАР ХАКИКАТ САМАРИДДИНИ АЙНИДИН КОРРО ДУРУСТ БА РОХ МОНД БОЯД КАМБУДИЮ НОРАСОГИИ ЧОМЕА ДУРУСТ БА РОХ МОНДА ШАВАД БОЯД МИСЛИ ИН РОХБАРОН РОХБАРОНИ ДИГАР ШАБАКАХО ХАКИКАТРО ОШКОР БАЁН КУНАНД НАТАНХО КАМБУДИИ ШАХРИ ДУШАНБЕ БАЛКИ КАМБУДИЮ НОРАСОГИИ ДИГАР МИНТАКАХОИ ЧУМХУРИРО БАЁН КУНАНД ШАХРИ ДУШАНБЕ АЗ ДИГАР МАНОТИКИ ЧУМХУРИ БОЗ БЕХТАРУ ХУБТАР ХАСТ ЧИ МЕШУД КИ АЗ ДИГАР РАЙОНХОИ ЧУМХУРИ КАМБУДИХОРО ОШКОР РУИ КОГАЗ МЕОВАРДАНД БАД МЕДИДЕМ КУ ИН РАФТОРАШОН АЗ РУИ ХАКИАТ ХАСТ Ё ИН КИ ГАНДА КАРДАНИ МУХТАРАМ МАХМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ КАНИ МЕБИНЕМ ИН РАФТОРИ ШАБАКАИ АВАЛ АЗ РУИ ВИЧДОНАШОН АСТ Ё ИН КИ СУПОРИШИ МУХТАРАМ ОЗОДАГОН ИН МУРОЧИАТИ МАН БА ШУМОХАМ ДАХЛ ДОРАД ИЛТИМОС ХАМИН НОМАИ МАНРО ЯК МАВЗУ НАМУДА ПЕШКАШИ МАРДУМ ГАРДОНЕД ДАР ОН СУРАТ МАН ШУМОРО ДАР ХАКИКАТ ОЗОДАГОН МЕНОМАМ АГАР БАР ЗИДИ ИН КУНИ ДИГАР БА ШУМОХАМ БОВАР НАДОРАМ

Mahmadsaid Ubaydulloevich bafikram navbati shumoyam rasid. Kadami avval baroi kursii shumoro giriftan guzoshta shud. Ehtiyot kuned!!!

МУОСИР,
Кадами аввал барои сохиб шудани курсии мири шахр аз чониби мистер Х, гузошта шуд.

Муслим
Набинандаи ТВТ
Тоҷикон як мақоли хуб доранд: "Кал табиб бошад, аввал сари худашро табобат кунад". ТВТ аввал камбудиҳои бешумори худро ислоҳ кунад, ки дар назди миллат эътибор пайдо кунад. Худаш обруву эътибор надорад, танқидҳои фармоишиаш чи эътибор дорад!?

Убайдуллоев яке аз обрумандтарин шахсони Чумхури мебошад то интихоботи дигара бояд шахсони муътабарро аз гирду атрофи худ пок кунад

Ин хама гузоришои телевизион супориши болост

Фархори
“ку соҳибкороне, ки дар Душанбе бинои аз 10 ошёна зиёд сохта, миллионҳо доллар фоида ба даст меоранд? Фоидаи онҳо куҷо меравад, ки ҳамагӣ чанд километр роҳро дар пойтахт таъмир намекунанд?”
У СОХИБКОРОНТ ЗАЙД САЙИД. КУ КУ НАКНЕН. АЙӢА НАМЕДОНЕН БА МОШИНХОИ КИМАТБАХО МЕГАРДЕНУ БО СОХИБКОРОНА АЙБДОР МЕКНЕН? СОХИБКОР КОР МЕКНА БАРОИ ХДША КОР МЕКНА НА БАРОИ КИСАИ ШУМОРА? АЙ ТАРАФИ ДАВЛАТ СУМ ЧУДО МЕШАВА БАРОИ РОХ ФАКАТ КОРШОН ЧУКУРИ ПУРКНИЯЙ ТАМОМ. АГАР 80%СУМИ ДАВЛАТ ЧУДО КАРДА БА ЧОИ ЛОЗИМА САРФ МЕШУД АЙНИ ХОЛ ЯГОН ПРОБЛЕМА ВУЧУД НАМЕДОШТ ЛЕКИН САД АФСУС НАФСИ ОДАМИ АЗ ИМОНИ БАРХЕ КОРМАНДОН ЗИЁД АСТ. КОРИИШКАМБАХОИ АСРИ 21

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)