Бахшҳо

Вокуниши тунди Шабдолов: Президент, ҳар чӣ ҳоҳад кардан гирад...(ВИДЕО)

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шарҳи натиҷаи интихоботи парлумонии якуми март, гуфт, "ин интихобот нест, он як фарс, як таъинот аст, ки бо супориши зимомдорон анҷом ёфт".

Раиси коммунистҳо, ки ҳизбаш бо 2,3 дарсади овозҳо ба парлумон роҳ наёфт, натиҷаҳоро супоришӣ унвон карда, афзуд, дар мулоқотҳои пешазинтихоботияш аз намояндаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ шунид, ки тибқи супоришҳо коммунистҳо бояд 2 фоиз овоз гиранд: “Мо бо Шермуҳаммади Шоҳиён ин масъаларо ба миён гузоштем ва гуфтем, агар ҳузури мо дар парлумон лозим набошад, мо иштирок намекунем ва интихобкунандаҳои худро низ саргардон намесозем. Аммо ӯ гуфт, ки иштирок кунед. Аммо то ин дараҷа дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон набудааст. 24 сол мо барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар паҳлуи Президент кор кардем. Ин чӣ хел шудааст, Ҳизби аграрӣ, ки дирӯз ташкил шуд, овози зиёд гирифту мо ду фоиз?”.

Ба гуфтаи Шабдолов Ҳизби аграрӣ, ки дар парлумони нави кишвар 3 мандат гирифтааст, давоми ҲХДТ аст, ки бо супориши Президент таъсис ёфтааст: “Инҳо ҳамааш як қанотанд, аммо шумо дар куҷо дидед, ки парранда бо як қанот парвоз кунад? Ҳукумати мо мехоҳад, парламент бо як қанот парвоз кунад. Марҳамат!”

Дар мавриди вокуниш ба натиҷаи интихобот Шабдолов изҳор дошт, ҳеч ҳамоиши эътирозиро ташкил карданӣ нестанд: “Ба кӣ шикоят кунем, ба прокуратура, КМИР, ба кӣ? Ҳамааш дар дасти як ҳизб аст, ки роҳбарии онро Президент ба уҳда дорад. Ҳеч ҳамоиши эътирозие намекунем, аммо оқибати ин интихобот хуб намешавад. Намедонам ба Президент кӣ инро маслиҳат додааст, аммо одам бояд натиҷаи корашро фикр кунад”.

Шабдолов илова намуд, маъракае, ки якуми март дар кишвар баргузор шуд, интихобот нест, балки таъинот аст: “Ман эътироз мекунам. Президент ҳар чӣ коре мекунад, кардан гирад. Мебанданд моро ҳар чӣ хоҳанд кардан гиранд...”

Шабдолов таъкид намуд, шахсан он қадар хоҳиши вуруд ба парлумони навро надошт, чун шаш бор ба парлумони Тоҷикистон интихоб шудааст: “6 дафъа вакил шудаам, мумкин аз ҳузури ман безор шуданд, дар парламент. Аммо мо даҳҳо қонунро қабул кардем, аммо аҳзобе, ки чанд баробар аз мо зиёд мегирифтанд, чӣ кор кардаанд”.

Шабдолов муътақид аст, агар интихобот шаффоф баргузор мешуд, ҲКТ дар бисёре аз минтақаҳои ҷумуҳурӣ ҷойи якумро мегирифт.



ВИДЕОИ вокуниши Шабдолов ба натиҷаи интихобот дар BAMBUSER

Мӯҳр
Обу ру 2 фоиз ,Даъвоят 100% ба ки дигар шумо лозимед.Ин аст натичаи Конунхом бемаъниро кабул карданатон.

Бобои Шабдолов як чиз гуям, дар ин синну сол ба шумо парлумон чи даркор рафта ягон чо дам ниред ва аёми пири ронед. чи лозим курсиву парлумон он чизхое ки шумо мегуед ва фикр мекунед алакай кухна шудаанд ва ба дарди касе намехуранд. бисёр худатонро азоб надихед рузе мешавад ки хамаи ин мушкилихои Ватан афсона мегарданду агар Худованд насиб карда бошад онро якчои мебинем.

акрам
Шабдолов..ба пеш мардиатба коил шудем.....

Спектакли навбатии Хукумати Точикистон ба охир расид!

Дуруг аз ин зиёд намешавад ххдт 15 фоизхам намегирад 65 70 фоизи мардум ба хнит овоз дадаанд ин дуздии руирост аст фабрикаи чавоб имруз бисёр фаол аст гуё интихобот шафоф гузаштааст хама медонад ки сандукхоро танхо ххдт хаки шуморидан дорад дигарон наметавонанд дар вакти шумориши овоз агар аз худатон боваридоред пас чаро намегузоред дигар хизбхохам дар вакти хисобкардани овозхо иштирок кунанд?

То край мардум фиреби. Шумо савол медихд партиям Ш.ш чи кар! Парти ххдт чи кор Кард Барои мардум ина ба худ савол дихед!!! Багайр тафрика байни мардум динар коре накард ххдт!фарс и только фарс,


Коммунист
Ана бобои Шабдолов, вакти он расид, ки вориси босадокати бобои Ленин буданатонро нишон дихед. Бо як куваи хурди кавиирода адолат ба халки Точикистон дастрас куне. Аз дасти нахзатихо чизе намеояд. ВАКТИ ОН РАСИД, КИ АЗ ШЕР ХАМ ГУРРАНДАТАР БОШЕД. Мо бо шумоем

ШОДИ, кани якбор интихоботро шаффоф гузаронед то бинем ки дар ин суратхам норозиги баен мекунанд е не!!! laughing

Dev
Dar parlumoni kalbi hamin du nafar (Shabdoluf, Kabiri ,bad hudorahmatii Suhrob Sharifov) dar kabuli in jo on konun vokunishe makrdand, digarho dar hobi abad budand.Holo boshad dobro pozhalovat ba parlumoni prezidenti(oilavi)!

Хизби коммунисти хар сол кам ва кам хохад шуд зеро комунистон алакай кам шуда истодаанд. Аз давраи Шурави 24 сол гузашт. Шумо коммунистхо алайкай таърих хастед

“Инҳо ҳамааш як қанотанд, аммо шумо дар куҷо дидед, ки парранда бо як қанот парвоз кунад? Ҳукумати мо мехоҳад, парламент бо як қанот парвоз кунад. Марҳамат!”-

Ой рохбари коммунистхои точик як бор аз муовин ва аъзоёни худ бипурс тарафдории киро мекунанд, баъд дар бораи шаффофият ва фарс будани интихобот гап занед.

Агар Шабдолов ва Талбаков сохиьи курси мешуданд ягон гвп набуд.Акнун бошад Президент ганда онхо хуб.Худатонро шарманда накунед.Хизби коммунист як хизби фалач ва суст.

Sharof
Фарход,
Ai gapot malum ki yagon ahbor namekhoni, yagon makola nemehoni.ya gapi umumi zadi,lokin gaput ba i du mard taaluk nadora,zero ki pesh ham mahz hamin Shabdolov ziddi konunhoi handaovar gap mezad,rui rost tankid mekard.hoziram kadestast.digaro fikri tankid kardan tablarza meshidan,voi bar holi guftanshon.Shabdolov mardi yakrav bud va memonad.

Ба дуруду иродати зиёда!
1.Рафик Шоди Давлатович!
Коммунист- марксисти вокеию акидати хечгох кори кардаашро барои чомиа,мардуму кишвараш миннат намекунад.Шумо мегуед,ки барои ин кишвар ва мардум "хидмат " кардед.Натичаи "хидмати" Шуморо мардум вокеъбинона бахо дод. Дигар гилаю чингила накунед.
2.Мегуед.ки зиёда аз 20 сол вакил будед ва саволе пеш меояд,ки чи кори чашмбин намудед,ангар вокеъбинона натичагири наоем , хеч коре барои мардум анчом надодед ,аккалан барои хизб коре хам накардед.
3.Хар хизб бояд анъанаи преемственностьро сахт нигах дорад ва шахси корманду акидатмандро тарбия менамудед,Аммо Шумо факат дар гами худ будед.Агар аккалан дар ин муддат 10-15 нафар коммунисти акидатию ватанманду чавонро тарбия мекардеду чои худро ба 4-5 нафар мегузоштед ва сахнаи интихобот ворид мекардед хечгох чунин намешуд.
4.Шумо мегуед,ки ин интихобот набуд ва онро фарс номидед.Ин фарсро Шумо чун рохбари хизби сиёсии собикадор сабабгораш хастед ва хамкеши исломгароёни ноисломпиндоштед.,ки ин хилофи Оинномаи хизб аст.Аз дигарон домангир нашавед ва хостед ба онхо блоке созед.Сабаб гори ин нокомихо Шумо рохбари сиёсии хизб хастед.
5.Шумо даъви доред ва шарм накарда бо овози баланд мегуед ,ки дар ин солхо Шумо дар пахлуи Президенти кишвар будед?.Ин назарфиребию риёкорист ва коммунисти вокеи хеч гох кори кардаашро миннат намекунад.Агар аз руи инсоф ва меъёру бардошти вокеии коммунисти фаъолияти Шуморо чун рохбари сиёсии хизбки собикадори кишвар натичагири намоем дар мачму кору амалатон танхо ба хотири дар Парлумон будани худатон буду халос.Вассалом.
6.Шумо мисли фолбининони солхои 90-ум мегуед,ки окибати ин интихобот бад аст. Мо як бор ба чох афтидемаз Шумо эхтироман таманно дорем дар баёни ин суханатон бисёр боэхтиёт бошед! Шумо мехохед ба хотири хадафхои шахсии хеш бори дигар ин мардум ,чомиаро ба тахрики нави муковимат даъват намудани хастед?Алхазар аз ин гумони новатанмандию нобовари(беимони) ба ин Хоку Замин,Мардуми ин кишвар! Мо бояд тавба намоем.магар Шумо аз гузашти вокеоти бади таърихи дируз натичагири намекунед?
7.ШОди Давлатович!Шумо боядхар як сухани гуфтаатонро 365 бор ба тарозу гузоред.Суханони эхсосиатон тудаи риёкорону фирефташудю ноакидатиро ба тахрик меорад.Ботахаммул сухан гуед! Шумо ба истилох коммунист.Коммунисти акидати бисёр ботахаммул ва чомиасоз аст.
Сабурию тахаммулмандии Шуморо таманно дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)