Бахшҳо

Умед Ҷайҳонӣ: Ба маънои сиёсӣ миллат нестем...(ВИДЕО)

Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷики муқими Маскав дар барномаи “Лаҳзаи ҳақиқат” -и “Телевизиони Осиёи Марказӣ” дар мавриди забон ба баҳси миллат пардохта мегӯяд, “он замон, пеш аз ҷангҳо, мо миллат будем. Имрӯз нестем. Он замон, мо як миллати сотсиалистӣ будем, шӯравӣ буд як чизе будем. Чаро мегӯям, ки ҳамбастагӣ бештар доштем. Имрӯз воқеан бофтори ҷомеаи мо аз ҳам пошидааст. Наметавонам бегӯям, ки мо миллат ҳастем”.

Ҷаноби Ҷайҳонӣ дар посух ба муҷрии барнома -- Бек Раҳмонӣ, ки суол мегузорад, “миллат набудан бисёр дурушту сангин садо медиҳад, метавонем бигӯем, ки миллат ҳасту пайвастагиҳо ва зарфиятҳои пешинро надорад?” чунин ҷавоб медиҳад: “Миллатро касоне падид меоранд. Инҳо ё донишманд ҳастанд ё ба ҳар роҳе асаре бар ҷомеа доранд ва ҷомеаро ба як роҳе ҳидоят мекунанд. Худи миллат дар муборизаи шаҳрвандон бо давлат падид меояд”.

Ин пажӯҳишгари тоҷик дар идома меафзояд: “Давлате, ки ман мегӯям бо давлате, ки дар Тоҷикистон мегӯянд, тафовут дорад. Давлат, яъне ниҳодҳои коргузории як кишвар давлат аст, на он чизе, ки дар Тоҷикистон мегӯянд. Дар Тоҷикистон ба давлат мегӯянд ҳукумат ва ба ҳукумат мегӯянд давлат”.

“Вақте ҷомеа ё шаҳрвандон бо ниҳодҳои фармонравоӣ, яъне давлат, барои ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии худ мубориза мебаранд ва дастовардҳое ба даст меоваранд ва манофеи муштараке дар ин ҷомеа пайгирӣ мешавад, ҷомеа мубадал мешавад ба миллат. Ҳамчунин равандеро ман дар Тоҷикистон намебинам. Нест. Бинобар ин намешавад гуфт, ки мо миллат ба маънои сиёсӣ ҳастем. Мо ба маънои иҷтимоӣ шояд тӯдае аз мардум ҳастем, ки шояд онро бишавад миллат гуфт. Вале, ҳеч муборизае байни миллат ва давлат барои танзими шароит, яъне машрута, дар ҷомеа нест”,-мегӯяд Умед Ҷайҳонӣ.

Ба ин тартиб, меҳмони барнома баҳси миллату забонро ингуна бо ҳам рабт медиҳад: “Ин аст, ки забонеро дар Тоҷикистон, ки давлат барои худ забони расмӣ эълон кардааст як забони маснӯӣ мебошад. Дастовардҳои пешинро нодида мегирад. Яъне, як забоне аст, ки аз соли 1924 то 1994-ро дарбар мегираду бас. Ҳатто нишони Тоҷикистон ҳам ҳамин даврони 1924 - 1994 бозтоб медиҳад, на таърихи 1300 ё 2700 ё 6000 солае, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз он мегӯяд”.


Мӯҳр
Табиб неву ...шояд Бемор бошй??? Оби тахорат? Худат нуши чон кардан гир!!!!!!!!!!

Хасан Шокирзода
Дар миёни чахор дарё истодан зиёд давом намекунад. Ё мо чониби Русия меравем ё ба асли ниёгони худ бармегардем. Таърихе, ки дар замони шурави навиштаем таърихи бофта аст, чунки пешвоёни худро хоин ва зишт нишон додаем. Бояд икрор шуд, ки мо имруз вокеан миллати масниъийем! Иброхим Усмонов ва чандин нафар мухакикони дигар кушиш доранд, ки ба мо таърих созанд, аммо чи лозим ин дуругхо. Рузе хатман баъдихои мо аз руи ин таърихсозиамон маломатамон мекцунанд.

Гарчанде ки забони точикии имрузаро мутассифона хуб ёд надорам, суханхои Умеди Чайхони бароям хеле писанд омаданд. Саломат бошед огои Чайхони.

миллатдуст
ба Чаноби Умед... ин мисрахо барои ту
Хайф бодо шири модар бар касе,
Ку забони модари гум кардааст.

Ҳолдон
Бетарин таҳлил дар ин мавзӯъ, ки то кунун дида будам.
Саломат бошед, Умеди гиромӣ! Шумо олим ҳастед, ҳалолатон бод нони олимӣ.
Метарсам, на ҳама ба маънии суханони шумо сарфаҳм меравад, чун тавони дарки онро надоранд. Шумо фарзанди асили Тоҷикистон ҳастед! Тоҷикистон ба шумобаринҳо эҳтиёҷ дорад.
Э кош президенту вазирҳо ин мусоҳибаи шуморо медиданд, шумо бояд дар Ватан барои Ватан кор кунед.

Шахбоз
Умед! Барои фарзандони миллат, ки худро донишманди миллат мешуморанду, нисбати мавчудияти миллату давлат ва сиёсати он бе эхтироманд, тройкаи сохтаи Сталин бехтарин икдом буд, чун давлат бо сиёсати сахт ва андешаи патриотии мардумаш пешмеравад! Ин матлабро Владимр Успенский дар китоби "Тайни советник вождя" менависад!!! Имруз барои чунин нафарон, ки худро донишманд мешуморанду, таъриху фарханг ва мавчудияти миллатро ба эътибор намегиранд, хамонхел тройка дар кор аст!!!

Бародари МО Умед аз хакикатхое бахс кард ва мисол овард, ки вокеьан вучуд доранд. Асос хамин, ки у як равиши хозиразамони бахсорои дорад ва ба худтанкидкуни, яьне фошгуйи аз камбудии худи истифода кард. Камтокам пажухишгароне хастанд чун Умед ва бештари олимони тарбузхуру курутобхури Точикистон ба андозаи Умед донише надоранд ....
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,
Миллатгаро,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)