Бахшҳо

Абдулқодирзода аз Ансорӣ ва "Висоли ҳақ" хост, Тоҷикистон оянд

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо нашри як изҳорот аз масъулини шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” хостааст, сулҳу суббот ва фазои ороми кишварро халалдор накунанд.

Абдулқодирзода гуфтааст, суханҳои Муҳаммад Ансорӣ, барандаи барномаи “Висоли ҳақ” дар бораи маҳдудиятҳи динӣ дар Тоҷикистон, аз ноогоҳии ӯ нисбат ба пешравии дину диндорӣ ва озодии дин дар Тоҷикистон хабар дода, нисбат ба як давлати ободу пешрафта туҳмат мебошанд.

Ба гуфтаи раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле дар бораи маҳдудияти динӣ ва фишору таъқиби дидорон суҳбат мекунад, ки “шояд ба монанди Тоҷикистон миёни кишварҳои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд”.

Дар изҳороти Абдулқодирзода таъкид шудааст, тайи солҳои охир барои ба эътидол даровардани авзои иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди дин ва расму оинҳо, аз ҷониби ҳукумати кишвар қонуну санадҳои ҳаётан муҳим ба тасвиб расида, он нишондиҳандаи ҷомеаи озод мебошад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз Муҳаммад Ансорӣ ва масъулини “Висоли ҳақ” даъват кардааст, ба ҷои таҳияи барномаҳо дар асоси суханҳои бардурӯғи иғвогарон ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳақиқати ҳоли мусулмонҳоро бо чашми худ бинанд: “Инҷониб аз Шумо, роҳбарони барномаи телевизионии “Висоли ҳақ” бо арзи эҳтиром даъват ба амал меорам, ки ба Тоҷикистон бо дидаи ғаразноки дигарон нанигариста, балки боре ба Тоҷикистон лутфан ташриф фармоед, то ин ки вазъи имрўзаи онро бо чашмони худ бубинед ва роҷеъ ба рушди ислом ва тоату ибодати мардуми ин сарзамин дониши айналяқин ҳосил намоед”.

Изҳороти Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳолест, ки аз ин пеш Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҳам бо нашри изҳороте дар торнамои расмияш ҳарфҳои барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”-ро нисбати ҳукумату давлати кишвар буҳтону туҳмат хонда буд.
Мӯҳр
ХАК БА ЧОНИБИ ТВ-ВИСОЛИ-ХАК, ТАНХО ХАКИКАТ ГУФТУ НАМОИШ ДОД!!!


Неке Мухаммад Ансори боб кард яхел точикони антиисломро бо суханони хак ва росташ!!!

ali
1 Дастури Убайдуллоев барои барчидани “либосҳои бегона” аз Душанбе
2 ҚУНҒУРОТЗОДА: ДӮКОНҲОИ ҲИҶОБФУРӮШӢ БАСТА МЕШАВАНД
3 Кумитаи дин: 2896 тоҷикро баргардондему 158 нафарашон ҳанӯз дар хориҷанд

Агар Ансори биояд ягон камбудияшро ефта дарав боздошт кардан даркор одам всё ровно бекамбуди намешаку афсус ки хоричиай набоша 10 статяи 26 сола да номш тайорай так что мора танкид намефоооооора

Намедонам чи гуфтааст ин шахс, яъне Ансори, ин мард гайр аз хакк илова намекунад. Дар ватанамон диндори озод нест, бояд хукуки хама баробар бошад, чи диндорону чи бединон.

Чаноби "муфти" шуморо ба китоби рекордхои Гиннес дохил кардан даркормуҳоҷир,

Муфтхурситез,
Шогирди бозор собири чи?!!

кулоби,
Миниюбкахоро хам манъкард ё миниюбка арзиши миллии точикон аст?

Аброр! Аз Ислом буй хам набурдаи!

висоли хакк
Аллох таоло дар Куръон фармудааст (Ахзоб:6).: "Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд..."
Сатру хичоб либоси туркиву эрониву араби нест, балки либоси модарони муъминхо мебошад бо хукми иллохи. Аллох таоло дар ояти дигар фармудааст ки (Ахзоб:59):" Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд..." Инкори ин ояхои Куръон - албатта куфр мебошад.

Риш мондан хам суннати вочиби пайгамбарамон(с) аст, зеро хеч гох пайгамбарамон(с) ё сахобагонашон(р) ришашонро натарошиданд .
Барои моён паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) рохнамо ва намунаи хасана хастанд.
Тавре, ки Аллох таоло мефармояд:
لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيراً (الأحزاب:21)
"Барои шумо агар ба худо ва рузи киёмат умед медоред ва худоро фаровон ёд мекунед, шахси расуллуллох пешвои писандидаест". (Ахзоб:21).
Имом Ибни Касир дар тафсири ин оят чунин мегуянд:
"Ин ояти карима дар ҳама акволу аъмол ва ахвол ба паёмбар (с) иктидо кардан далолат мекунад.
Аллох таоло пайравии паёмбар (с) ро дар чихил мавриди Куръони карим зикр кардааст. Инсоният ба маърифати он чизе, ки паёмбар (с) овардаанд ва ба пайравии он хазрат (с) бештар аз хурдану нушидан ниёзманд аст, зеро агар инсон аз хурданиву нушидани махрум гардад, мемирад. Лекин агар ба паёмбар (с) пайрави накарда фармонбардори аз он хазрат (с) накунад, азобу бадбахтии доими дар охират насиби у мегардад.
Паёмбар (с) умматашонро ба иктидо ва пайравии худашон дар ибодатхо, амр кардаанд. Бояд ибодатхо ба тарзе ичро карда шавад, ки паёмбар (с) онро ба хамон тарз анчом доданд. Чуноне, ки фармуданд:
"Намозхоятонро ба тавре, ки маро мебинед, ки намоз мегузорам хамон тавр гузоред". (Бухори).
Инчунин фармудаанд:
"Дар маносикатон (аъмоли хач) ба ман пайрави кунед". (Муслим).
Хамчунон фармуданд:
"Хар касе, ки амалеро анчом дихад, ки бар он амал амри мо набошад, пас амали у мардуд аст".
(Бухори ва Муслим).
Инчунин фармуданд:
"Касе, ки аз суннати ман руй гардонад, пас у аз уммати ман нест". ( Бухори ва Муслим).


Муфтии мухтарам кормандони тв висоли хак хеч гох ба точикистон намеоянд. медонед барои чи?борои он ки кормандони милиса бо фатвои шумо капида ришашонро кококок метарошан

ислом.70mail.ru
худованд ба хикмат бибандад даре, Кушояд ба рахмат сад дари дигаре. Аз Худои муттаъол барои миллати азизам сабр металабам..

max
Касоне, ки бе ъл ъл ън ън ҳои аъробҳои ваҳши нафас кашида наметавонанд бираван ба аъробистон, - ва онҷо зиндагии хушбахтона кунанд... Бо аъробҳои ваҳшии шоши шутур, сусмор ва ҳар гуна ҳашаротҳои диар хур, дар воқеъ ҳолатон бениҳоят хуб хоҳад шуд...
Тоҷикистон миҳани Озодагон (Тоҷикони асил) аст на аз тозипарастон ва бегонапарастон...

Аҷиб таҳлилҳо дорад ин муфтии мо. Оё то 18 сола рафтан ба масҷид манъ нест? Оё ришҳои мардумро маҷбур натарошида истодаанд? Оё сатрдорҳоро аз мактабҳо пеш накардаанд? Ахиран Қунғуротзода тасмими бастани дуконҳои сатрфуруширо ба роҳ намондааст? Пас куҷо биёянд ун мардум, шунидану диданҳои дуруғи туро???

Абдуллох
Абдулкодирзода суст намон Шуморо аз барои Аллох дуст медорам ин мардуми мо говкалаанд ох сатрро муфти манъ накардааст ку

Боз аз кучо ин висоли хакаш пайдо шуд, ин кадар висолхои дигараш нохак будастанд? Ё Худои бузург, ин ошубгарон хеч тинч намеистанд, ё маблагхои аз хочахои хоричи гирифтаашонро бояд дар ноором сохтани Точикистони мо "отработать" кунанд. Сайидмуккарам, Шумо ин афродхои фурухташударо ба Ватан даъват накунед, онхо садкаи Ватан шаванд... Хукумат хар кореро ки ба анчом мерасонад, дуруст менамояд, чунки аз ниятхои бади Ансорихо огох хаст, мисле ки соли 1992 Кахор Махкамов аз кору кирдорхои онхо ва шарикони онхо бохабар буд, аммо афсус, ки уро ба ном вакилон, ба монанди Чурабек Муроду Турачонзодаю хамрохони онхо нагузоштанд, ки сари рохи ин ошубгарон гардад, ва окибат чи шуд, хазорхо кудакони ятиму модарони бешавхару, мухочирони дар ба дар... Шумоён медонеду гушро ба кари мезанед ва манфиатхои худатону хочахои хоричиатонро аз осудагию ободии Точикистон болотар медонед. Сиёсати имрузаи Хукумат ин Вахдату ягонагии Точикистони азиз мебошад ва бояд хар як фарди солимакл дар атрофи он муттахид бошад ва барои ободии диёр кори некеро ба анчом расонад... Озодагон, Шумо тарафдори якпорчагии Точикистони азиз хастед, чоп кунед, ки чашми мардум кушода гашта, ободию осудагиро химоят намоянд, на гуш ба ташвикоту дуругхои ба ном висоли хаку тарафдорони чудоиандози онхо андозанд......

Рустам
Чавоб ба фируз,
Ягон касро гунахкор кардан даркор нест, ин инхел буду, вай ин хел буду, хамаи ин ба мо як дарс шуд, ки дар оянда дигар такрор нашавад. Дар китоби мукаддас гуфта шудааст "Не судити и не судими будете"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)