Бахшҳо

Исломшиносони назди Президент: Ислом ягон шакли стандартии либосро таъин накардааст

Нусратулло Зокиров, сардори шӯъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Тоҷикистон ва Шарофиддин Фозилов, мутахассиси пешбари шӯъбаи пажуҳиши маъхазҳои исломии ин марказ бо нашри як матлаб гуфтаанд, шариати исломӣ ягон шакли муайяни либоси диниро барои ҳамаи мусалмонҳо таъин накардааст. Онҳо иддао доранд, либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ба шароити ҷуғрофии Арабистон мувофиқ аст, аммо дар Тоҷикистон шароит дигар асту либоси миллии мо низ ҳеч мухолифате бо шариати Ислом надорад. “Озодагон” матлаби Зокиров ва Фозиловро бетағйир пешкаши хонандагон мекунад:

Раванди ҷаҳонишавӣ мушкилотеро дар назди ҷомеаҳо ба миён мегузорад, ки муносибати афроди ҷомеаро ба ҷаҳон ва олами атроф норавшан месозад ва коркарди низоми дурусти муносибатҳо амри воқеӣ мегардад. Махсусан ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳои мухталиф фарҳанги таҳаммулпазириро талаб менамояд. Бино ба далелҳои оморӣ имрўз дар кураи замин 7 миллиард одамон зиндагӣ мекунанд, ки 19 дар сади онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд.

Албатта, яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сарулибос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандартии либоси диниро барои ҳамаи мусулмонон таъйин накардааст, балки кўшиши пўшиши нуқтаҳои муайяни баданро, ки бештар ҷанбаҳои ахлоқӣ-иффатӣ дорад, баён намудааст. Мусулмонони кишварҳои мухталиф либоси шаръиро мувофиқи минтақаи ҷуғрофӣ ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ намудаанд.

Агар дар ислом барои мардон бадани худро аз зонувон боло то ноф пўшида нигоҳ доштан муайян гардида бошад, вале бояд иқрор шуд, ки тоҷикон ҳанўз қабл аз ислом либосҳои остинкўтоҳро намепўшиданд ва либосҳои миллии онҳо бадани онҳоро пурра мепўшонид. Ва тоҷикон мувофиқи шароити ҷуғрофӣ ва ҳаёти шаҳрнишинию кишоварзии худ либосҳои мувофиқи миллӣ доштанд, ки чеҳраи миллии онҳоро ифода мекард. Агар дар шароити гармои нимҷазираи Арабистон пайғамбар пўшидани либосҳои абрешимиро барои арабҳо манъ карда буд, ин маънои манъ будани он барои тамоми мусулмононро надошт, зеро дар ислом сухан на дар бораи сатри арабӣ, балки дар бораи пўшидани аврати бадан меравад. Дар минтақаҳои кўҳистону хунук мардум аз абрешим намудҳои гуногуни либоси миллиро тайёр ва истифода мебурданд. Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «ан-Нур» сухан дар бораи сатри аврат рафтааст, на дар бораи пўшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ва он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қулай буд. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфтааст ва ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз ҷангу қуми араб то имрўз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ-иҷтимоии араб буд.

Вале як чизро мебоист ба назар гирифт, ки сарулибос низ дар асоси шариати исломӣ вобаста ба маҳалҳо ва минтақаҳои истиқомати мусулмонон аз ҳам фарқ мекард. Лекин ҳамаи талаботи динӣ ба либос риоя мегардид. Махсусан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин намуд либосро ба таври ба худ хос занону модарон ба бар мекарданд, ки гўиё фарҳанги ғании тоҷикон бо омезиши табиати муҳит буд. Масалан, либосҳое, ки дар минтақаҳои Зарафшону Бадахшон, Хатлон, Рашту Ҳисор мепўшиданд, дар маҷмўъ як чиз буд ва як қисмати бузурги фарҳанги миллии мо низ ба шумор мерафт, ки ба ислом ҳеҷ ихтилоф надорад, зеро либоси миллии мо вазифаи сатри исломиро адо мекард ва мо ҳеҷ вақт сатри арабиро, ки ба шароити ҷуғрофии мо мувофиқ набуд, қабул накардаем. Ягон ниҳоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар масъалаи сатри исломӣ ҳеҷ дахолате накардааст, балки ҳукумат зидди тақлидкорона ҳамчун сатр истифода бурдани либосҳои бегона аст, ки ба анъанаҳои фарҳанги исломию миллии мо мувофиқ нестанд.

Албатта, бо раванди ҷаҳонишавӣ таъсири либосҳои кишварҳои дигари исломӣ ба либосҳои миллии мо низ расида истодааст. Ва дар навбати худ мо дар як қатор кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо нақши муҳим мебозад, мушоҳида менамоем ки шаҳрвандонашон на танҳо либосҳои ба ном дизайни исломӣ, балки либосҳои ғайрисуннатии аврупоӣ низ мепўшанд.

Чуноне зикр гардид, дар зери истилоҳи «ҳиҷоб» ҳамаи намуди сарулибосе, ки бадани занонро мепўшонад (тамоми бадан, ба ғайр аз рўй ва кафи дастон) фаҳмида мешавад, новобаста аз он ки ин либос чӣ рангу намуд дорад. Яъне, дар сарчашмаҳои исломӣ ба таври ошкоро омадааст, ки сарулибоси зани мусулмон кадом ҷойҳои баданро бояд бипўшонад, вале наомадааст, ки ранги ин либос бояд сиёҳ бошад. Дар сураи Аъроф, ояти 26 омадааст: «Эй фарзандони Одам, Ба таҳқиқ барои шумо либосе қарор додем, ки аврати шуморо бипўшонад ва ба шумо зинат бахшад». Пас, агар нақши либос, аз як тараф, пўшидани аврат бошад, аз тарафи дигар, ба инсон зинат бахшидан аст. Барои он, ки либос барои инсон зинат бахшад, хуб аст, ки онро аз рангҳои гуногуне, ки хусусияти ҷалбкунандагӣ ва ё нафратоварӣ надошта бошанд, тайёр кунем, то ҳам барои хеш ва ҳам барои дарвеш пурманфиат бошад. Дар тақвияти ин гуфтаҳо дар поёнтари сураи Аъроф, ояти 32 боз чунин омадааст: «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» Аз рангҳои писандида дар ислом, ки онҳо ба Пайғамбар (с) низ хушоянд буданд, рангҳои сафед ва сабз мебошанд. Чунончи аз Ибни Аббос ривоят шудааст, пайғамбар гуфтааст: «Либосҳои сафеди худро бипўшед, барои он ки онҳо аз ҷумлаи беҳтарин либосҳои шумо ба шумор мераванд ва инчунин мурдаҳои худро низ бо он (либоси сафед) кафан кунед». (Ривояти Абўдовуд ва Тирмизӣ). «Бигў: кӣ зинати Худоро, ки барои бандагони Худ пайдо кардааст, ҳаром гардонидааст?» (7:32)

Дар ҷамъбасти суханони баёншуда чунин хулоса кардан мумкин аст: сарулибос набояд ҳатман сиёҳ бошад; он бояд хеле хоксорона ва боиффат бошад, то мояи кибру худнамоӣ нагардад; либоси бонувони тоҷик бояд аз мардон фарқ дошта бошад, зеро симои зан дар фарҳанги миллии мо ҳамчун рамзи поктинатӣ, зебоӣ ва покдоманӣ аст; бо назардошти шароити имрўза ва зарурати ҳифзи анъанаҳои суннатию динӣ бояд аз ҷониби тарроҳон либосҳои нави шинаму зебо барои бонувон дар шаклу намудҳои гуногун пешниҳод шаванд.
Мӯҳр
анти сатр
нест бод сатр. нест бод арабизақия

Субҳ ба хайр, хонандагони "Озодагон".

Намехоҳам атрофи масъалаи либос сухан гӯям. Зеро ҳадафи асосии ин мақола зарба ба дин аст, на ба либос. Ҳамин тавр, ки бошад, гиреду худатонро кофир эълон кунеду монеду тамом вассалом. Аз ин мақола бӯи инкори Қурон меояд. Кофир будан шоху дум дорад? Худованд ҳидоят кунад, омин!

Мусалмон
тоб хурда тоб хурда мехоҳад аз ҳақиқат гурезад.

Ҳоло пурсӣ ба дурустӣ наметавонанд ду калимаи арабиро дуруст талаффузу тарҷума кунанд.
Инҳо чиву исломшиносӣ чӣ?

Сад дар сад дуруст гуфтед, бародар Олим.
Барои муаллифи ин мақола ранг ҷуз баҳонае беш нест.

Тавре мегуянд, хонаву палос, одаму либо. Бале симои инсон танхо он вакт зебанда мегардад, ки вай либоси шинаму зебо ва мувофики завкаш пушида бошад. Ируз мебинем, ки бонувон бо либоси "мусулмон"-и дар кучаву хиёбонхо гаштугузор мекунанд ва нафароне, ки либосхои "гайр" пушидаанд нигоххои тегдор мекунанд. Шояд он маънои ту гунахгору мо бегунохро ифода намояд. Ахмакист мо зери мавзуи либос вакт сарф карда сухан гуем. Бехтар мебуд дар бораи таълиму тарбияи фарзандон, роххои истехсолот ва пешрафти кишвари хешро андешем. Фаромуш накунем хеч гох солхои 90-умро, ки бори дигар такрор ёбад бар асари ин мусулмонтарашхои бемаъни.... am

Муштари
Чун хамешаги мардуми мо Исломро дар либосу ришу салла мебинанд!

сино
Антисатр
Сатр гуфтан ин пинҳон кардан пушидан маъно дорад.Сатр фақат ба зан дахл надорад мард хам бояд ҷойҳои баданашро ки дини Ислом мегуяд бояд сатр кунад яъне пушонад.Пас худат муқобили пиҳон кардани шармгоҳи худ ва хоҳари худ ҳастӣ???

Яъкуб. Душанбешахр.
Ба анти сатр!Сатр ин пинхон кардани Тани худ аз бегонагон хаст! Нест бод сатро дар хонаатон гуй на бар дигарон. Ба хохару модари худат гуй сатр накунед луч монанди хайвон гардед! !

Ислом дини танхо арабхо нест. Ислом дини тамоми одамият аст, ки Оллох офаридааст. Аммо, либоси милли ба хар миллат хос аст. Мусулмони дар 5 рукни асоси мебошад. Либоспуширо хар миллат ба худаш интихоб менамояд.

Мо ба гайр аз Куръон боз суннат дорем. Камтар кобед шояд аз онҷо ёбед. "Исломшиносони" гироми.

Ман як савол дорам ба пажухишгарон. Чаро дар мавриди либоси аврупои (юбка ва куртахое ки ) ними бадани занро кушода нишин медихад, хамчун либоси бегона ва зидди арзишхои милли эълон нашуду, фвкат либоси исломи мавриди хамла карор гирифт???

Хуб, чаро дар донишгоххо сатрро но вобоста аз рангаш ичозат намедихед ?
Мебинам аз ояту хадис далил меоред, вале чаро далил намеоред, ки барои то 18 ба масчид нарафтан хилофи ояту хадис мебошад?
Чаро далил намеоред, ки ришро гирифтан ин амал тарки суннати муакада мебошад?

Шояд дар ин шумо посух гуед, ки Точикистон ин давлати демократи мебошад, хуб чаро озоди намедихед, ки чавонон риш монда ва духтарон сатр пушида дар донишгоху ва г. иштирок намоянд, ё ин ки демократия дар ЧТ барои мусалмонон несту балки барои 3-4 фоизи гайри мусалмонон мебошад?

Оиди зебоги харф мезанед оё медонед, ки ранги сиёх ин яке аз рангхои мудтарин мебошад, ки ранги хело зебо хам аст....


Рузе шахзода бо кудакони хурди худ мехоханд машгули тарбия бошанд. Хеч душвории надоштааст-ку?- мегуянд. Ин кадар эътирози оилашонро ба хотир оварда. Оилашон онхоро танхо гузошта буд. Пас аз чи кадар вакт, кудакон хохиши хурокхури мекунанд. Вакти хурокхури якеаш чургот, дигаре шир мегуяд. Шири чурготро пайдо мекунанд. Харду мегуяд, ширу чурготро омехта кунанд. хизматкорон омехта мекунанд. Пас мегуянд, акнун ширро аз чургот чудо кунанд ва гирякунон хонаро ба сар мебардоранд. Шахзода гаранг аз назди кудакон гурехта мераванд.
Шумоен хам кудак барин: намозатонро дар хонаатон мехондед, даматон намебаромад. Ба Шумо барои хондани намозатон хамаи шароитро мухайё карданд. Акнун ба либос часпидед. Дар Куръон омадааст, либос тамоми баданро пушонад, аммо дар бораи ранги либос чизе гуфта нашудааст. Хамаи ин гапхо бахона, дили Шумо дигар чиз мехохад. Кур асояшро як маротиба гум мекунад. Умедвор нашавед, барои шумо шуда дигар хеч кас ба чанг намебарояд. Хубаш ободии Ватанро фикр кунед!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ятими ватан
Бародаричон Нусратулло агар навиштаи маро хонед ман бароятон гуфтаниям шумо тархи сатри милие мегуйд пешниход кунед ба агар шумо боранги сиёх мушкил доштабошед бахшиш мепрсм кастуюм бурюк ке ки приздет ва вазирон толиб илмон мепушад рангаш сиёх аст ку боз бародари гироми аз шумо бахшиш пепурса рангро бохна кардан айб аст хохиш мекунам шумо тархи либоси оисломи дар назар доштаатонро мешниход мекардед оли мешуд Озодагон аз шуморам хохиш дорам барои тархи дар назар доран суол кунед мо бинем сатреки дар назар доранд чи гуна аст Ва аз Бародари гироми чаноби оли Шарофидин Фозилов мехахам дар навитаам чвоб диханд ки Кастуюму брюке ки имруз мардхо мепушад аксарияташон сиёх аст баин чи мегуйд лутфан чавобам ро дихед агар мушкилатон ранги сиёх бошад ман худам ранги рушанро дуст медарам барои амниятам номам ро намегуям озодагон чопкун хохиши зиёд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)