Бахшҳо
10 май 2015 14:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дархости мулоқоти муҳоҷирон бо Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав

Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома хостори мулоқоти як теъдод муҳоҷирини тоҷик бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав шуданд. Иззат Амон, роҳабари ин иттиҳодия матни муроҷиатномаро дар саҳфаи Фейсбуки худ интишор кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъаи 8 май ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 70-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳон ба Маскав сафар намуд.

Иззат Амон ба “Озодагон” гуфт, агар имкони дидор шавад, дархостҳои аввалини муҳоҷирин аз раисиҷумҳур аз инҳо иборат хоҳад буд: “Иваз кардани сафир ва консул, ҳалли ду мушкилии муҳими муҳоҷирон: бекор кардани мамнъуияти вуруди муҳочирон ба ин кишвар ва бекор кардани қарори суд оиди ихроҷшудагон. То имрӯз ҳудуди 500 000 шаҳрванди Тоҷикистон ё мамнуъулвуруд шудаанд ва ё бо қарори суд ихроҷ (депорт) гардидаанд. Ворид шудани кишварамон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, поин овардани нархи шиносномаи хориҷӣ, поин овардани нархи чиптаҳои парвоз, боло бурдани обу рӯ ва имиҷи тоҷикон дар ин кишвар, таъсиси Маркази расонидани ёри ҳуқуқӣ, ки имкон дошта бошад 24 соат ба муҳоҷирони тоҷик кумак расонад”.

Иззат Аммон ҳамчунин гуфт, ягона канале, ки дар ҳоли ҳозир онҳо имкон доранд ба раисиҷумҳур муроҷиатнома пахш кунанд, мутаассифона ҳамин Фейсбук аст: “Ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, конусулӣ ва Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия мо ҳеч гуна дастрасӣ надорем, ин ду ниҳод ҳеч гуна ҳамкорӣ ва тамос бо муҳоҷирин надоранд. Муҳоҷирин ҳеч гуна алоқа бо сафорату консулгарӣ надоранд,зеро сафорату консулгарӣ дар дунёҳои мутафовит зиндагӣ мекунанд”.

Дар матни муроҷиатнома ба раисҷумҳур гуфта мешавад, “қабл аз расидани Шумо ба Маскав фашистон боз як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона қатл намуда, сарашро аз тан ҷудо карданд. Мисли ин, дар хоки ин кишвар ҳамарӯза фишору таҳдиду куштор нисбати шаҳрвандон зиёд шуда истодааст. Пӯшида нест, ки қисмати зиёди буҷаи кишвар аз ҳисоби маблағи фиристодаи муҳоҷирин мебошад. Ва сабаби боло рафтани қурби доллар нисбат ба пули миллӣ низ кам шудани маблағи интиқоли муҳоҷирин ба Ватан мебошад. Мисли ҳамин як қатор мушкилоти дигар низ муҳоҷирини тоҷикеро, ки дар ин кишвар кору фаъолият доранду оилаҳояшонро таъмин мекунанд, думбол менамояд”.

Дар ин муроҷиатнома аз раисҷумҳур хоста шудааст, агар имкон ва вақти дидор дошта бошанд, “ин вохӯрӣ набояд бо рӯйхати сафорату консулгарӣ сурат гирад. Агар чунин шавад муҳоҷирони воқеъӣ ҳеҷ гоҳ имкони дар он лист қарор гирифтанашон пайдо намешавад”.

Иззат Амон мегӯяд, яке аз сабҳое, ки онҳо дар ин вохурӣ истеъфои сафир ва консулиро талаб мекунанд ин аст, ки ин ду хешовандони раисҷумур мебошанд, бинобар ҳамин фаъолият намекунанд: "Садҳо маротиба хостем бо сафиру консул вохӯрӣ кунем, вале, мутаасифона моро ин ду ниҳод душман эълон кардааст, дарҳои ин ду ниҳод барои мо баста аст. Танҳо ба он хотир, ки мо онҳоро мегӯем, то кор кунанд, солҳои дароз дар кабинетҳои гарм нишаста берун намебароянд".
Мӯҳр
Муҳаммад
Худованд нигаҳбонатон бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)