Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир барои Фархунда: "...ватандор агар бандит аст"

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик шеъри тозаеро ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд.

Бозор Собир дар шеъри наваш, ки бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҳафтаномаи “СССР” нашр шудааст, Афғонистонро маҳбаси зан хонда, афзудааст, агар мусалмонии Афғонистон ин бошад, ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт, кам аст.

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Freedom
Магар хамин хам шеър шуд ? Сулх ва вахдат ба кишвари хамсояаамон Афгонистон! Ин гуна Бозор барин инсонхои дилсиех ба мардуми Афгонистон хостори маргу бомба шудааст. Худо он бомбахоро мабодо ба сари худи Бозор напартояд.
Касоне ки Фархундаро куштанд онхоро Афгонистон хукми катл баровард! Аммо дар бисер давлатхо котилон бо пешниходи як пули пуч аз хукми суд озод мешаванд.

madamin
Валлох ки хамин мардак сок намондаст...

Хоким
Ин як тахкир нисбати Афгонистон мебошад.
Ин мегуяд ки он бомбахое ки дар Афгонистон мекафад ин кам аст. Ин бозор собир ба фикрам акл дар сараш намондаст. Он бомбахое ки дар Авгонистон мекафад мисли хамин Фархунда садхо каси бе гунохро нобут мекунад.

Одамӣ дар олами хокӣ намеяд ба даст,
Олами дигар бибояд сохт в-аз нав Одаме... (Ҳофиз)

Бозор Собир шумо садфоиз хакед офарин ба шумо!!
Агар дар Точикистон сари рохи ин фанатиконро нагиранд аз хамсояба мо гандатарем.
Барои хамин Бозорако гуш надихед ба ин муридону фанатикони баъзе он домуллохои курнамаки ватанамон.
озодагон чоп кунед илтимос.

хайфи чунин суханои зебои точики ки ба мукобили ИСЛОМ ва як милати азиятдида гуфта шудас ин катли садхо фархундаи дигар аст ин игво аст ба хотири пул

.
Ин гуна шеърхоро танхо майзадахо (алкашхо) менависанд.

Рустам
Хуб мешуд, ки у дар хамон Амрико мемонд. Чунин шоирон аз ватан дур бошанд хубтар аст. Бозор Собир як лаганбардори хукумат аст. Барои чи у дар бораи мухочироне, ки аз Руссия кушта мешаванд ягон харфе намезанад? Суханхои у бар зидди дини Ислом аст

Окои Бозорбой хазорон кушта шуданд мисли Флрхунда ба дасти русхоу амрикохихо як бор забон боз накарди аммо ин Фархундаро чанд авбоши мусалмон намо куштанд акнун шуруъ карди ба бомба борон ..... вой бар ту шоири милат фуруш.

Довуд
Устод Бозорро фахмидан мумкин аст. У дар холати эмоция карор гирифт. Любой одами зинда агар ун вахшониятро бинад дар холати андухгин карор мегирад. Ман хам инчунин. Магар инсони калби зинда дошта метавонад хамрохи тудаи вахшихо (на инсонхо) бо як духтари бечора чунин вахшониятро раво бинад.
Зинда бошед устод Бозор

Довуд
Бародарони противи Бозор. Кани у кадар, ки гапдонед, мисли Бозор шеър нависед

Дар Амрико хамика шер нависира ёд гирифтаи як кудак хам ин шери туро менависад чаноби Бозор

Хамин хам шер нависи шуд, хайфи ту бозор, хайфи хаму ранги калам, хайфи хаму варак шармандаи дукуна. Мо точико аз шумоворин шоир безор хастем.

Ин беакл барои як духтари афгон хамаи Афгонистонро бо сухан ба хок яксон намуд...
Аммо хамватаноти худашро харрўз бе ягод гунох сар буридаистодаанд намебинад магар?

.
Довуд,

Мисли Бозор шеър нависем? Марг аз ин гуна шеъру шоири авлотар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)