Бахшҳо
16 май 2015 16:30Тоҷикистон / Тема дня

ВКД: Ронанда нозири БДА-ро зимни иҷрои вазифа корд задааст

Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, имрӯз, 16 май як ронанда дар шаҳри Кӯлоб бо корд ба шиками майори Бозрасии давлатии автомобилӣ -- Суҳроб Исмонқулов се зарба задааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Исмонқулов дар хиёбони марказии шаҳри Кӯлоб замоне ҳадафи ҳамлаи ронанда қарор гирифт, ки ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ, аз ҷумла тафтиши ҳуҷҷатҳо машғул будааст: “Айни ҳол корманди БДА дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ мебошад. Ронанда феълан боздошт шуда, сабаби сар задани нофаҳмӣ миёни ронандаю БДА ва дигар ҷузъиёти ҳодиса идома дорад”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ронанда Салимов 3.М барои он ки ба фармони Аъзам Раҷабов, нозири Воҳиди махсус итоат накарда, ӯро болои капот бардошта, маҷруҳ намудааст, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои 2,5 сол равонаи зиндон шуд. Дар маҷмӯъ аз аввали соли равон ду ҳолати дигари болои капот бардоштани нозирони роҳ аз ҷониби ронандаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки навори яке аз онҳо ба интернет низ роҳ ёфтааст.
Мӯҳр
Азизи охангар
Ман албатта зидди бо корд задани корманди БДА хастам ва ронанда низ нестам аммо дар Кулоб вакто бо кормандони БДА во мехури онхо умуман муомилаи хубе бо ронандагон надоранд ва гуё роххо моли шахсии онхо бошанд ва ронанда дар назди онхо мисли шахси мутахам мебошад аз чи бошад ягон макомоти болои аз болои чунин кормандон назорат намебаранд.

Одил
Мухтарам Р.Рамазон ман медонам Шумо хамаи сомонахоро мехонед. Илтимос мо ронандахо аз Бда Дангара ки дар рох меистан ва дагалона рафтор мекунанд безор шудем ва аз пости Олимтой,ки бе ист хамаи ронандахоро медоранг як сомон мегиранд. Илтимос чораи хаминхоро бинем асосан гаихои Дангараро. Наестанд дар рох мо эудамо конуну коидаи рохро риоя мекунем бе хамунохам. Мухтарам Вазир рахмат ба пости Вахдат, ки бехудаю ба худа моро намедоранд ва вакти кимати моро намегиранд. Масалаи чодугарора сахтар гирен ТЧ пур аз чодугар шудааст дар тамоми дехаю нохия як ду тои хаст. Мухтарам Вазир мо ба Шумо бовари дорем. Ин пешниходхои ман як дида бароед агар имконият бошад.

Бале ин бародар дуруст кайд кардааст Дар Пости Олимтой ягон мошина пропускат намекнан хамара ман када пул мегиран дар пост пул ай бонкда зиёд аст харруз ГАИ хо касир шудагиян ИЛТИМОС постро махкам кунед.

Холо аз ш,КУлоб то ш.Душанбе 3 пост хаст дар пости Гулистон ва Олимтой албатта тамоми мошинхоро ман када пул мегиран.Вале дар пости дарвозаи Душанбе ман харруз дар рох хастам дар 1 мох 1 бор ман мекунанд тамом.Илтимос ин постхоро бандед.Ягон коро буд намекунанд факат пул чам мекунанд

Абдусаттор
Ин хабар дуруг аст. Дурусташ ин аст, ки нозир ин ронандаро манъ мекунад баъди тафтиши хуччатхо ба У мегуяд ин чи риш аст, ки ту мондаи ришата гир мумкин нест гуфтан мумкин нест. Набошад худам бурда кок ришта метарошам. Ва боз чанд сухани кабехи дигар хам мегуяд. Дар натича ронанда мегуяд, ту барои тафтиши хуччат манъ мекуни ё барои риш, ту чи кор дори ба риши ман? Нозир аз ин суханои ронанда газабнок шуда уро якчанд дашномхои кабех хам мекунад. Ронанда хам асаби шуда аз мошинаш кордро гирифта се маротиба ба шиками нозир махкам мешапад. Ва хеле кори хуб хам мекунад. Ин, ки аз мошини У 5 корди дигар ёфтанду боздошташ карданд, дуруг аст. Ронанда баъди задан худаш ба идораи пулис рафта таслим мешавад. Нафароне, ки шохиди ин ходиса шуда буданд ва ходисаро бо чашми сар мушохида мекарданд, чузъиётро чунин шарх доданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)