Бахшҳо

Сарроф: Қурби долларро домоди Президент поин овард

Қурби як доллари амрикоӣ, ки 25 май ба 6,40-6,42 сомонӣ, 26 май ба 6.35-6.37 сомонӣ баробар буд, имрӯз 28 май дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе то 5,90-5,95 сомонӣ поин рафт.

Хабарнигори "Озодагон" аз хиёбонҳои Душанбе иттилоъ дод, ки дар маҳаллаи Саховат қурби доллар 5,95, дар маҳаллаи 82-юм 5,90-59,5 ва дар маркази Душанбе 6,00-6,02 нишон дода шудааст. Як сарроф дар маҳаллаи 82-юм ба хабарнигори "Озодагон" изҳор дошт, ки долларро ба ивази 6,00 сомонӣ харидааст ва бо нархи 6,02 мефурӯшад: "Агар харед, марҳама 6,02 сомонӣ".

Ба суоли "Озодагон" дар бораи омилҳои поин рафтани қурби доллар сарроф ҷавоб дод, ки онро домоди президент поин фуровард: "Ҳозир домоди президентро мондаанд, ки сахт кор карда истодааст. Ина долларро ба ивази 6,02 сомонӣ мефурӯшам, аммо харидор нест. Ин маънои онро дорад, ки пештар қурбро пештар ба таври сунъӣ боло бурда буданд".

Қурби 1000 рубли Русия низ дар бархе нуқтаҳои мубодилаи асъор нисбат ба рӯзи гузашта поин рафтааст. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар таблуҳои саррофиҳо арзиши рубл 110-112 навишта шудааст. Дар ҳоле, ки нисфирӯзи гузашта дар бархе нуқтаҳо 125-127 сомонӣ ва дар қисми дигар 120-122 сомонӣ нишон дода мешуд.

Коҳиши рубл дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми роҳбарони Бонки Миллиро иваз карда, домодаш-Ҷамолиддин Нуралиевро муовини аввали раиси ин бонк таъин кард.

Ҳафтаи гузашта Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни тасвиби таъиноти муовинони нави раиси Бонки Миллӣ дархост карда буд, ки ба коҳиши асъори хориҷӣ ва устувории пули миллӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Мӯҳр
курси доллар нисбати сомони дар дар таърихи имруз 28.05.2015 дар биржа ба 6,26- баробар аст ин ба фикри ман кариб ки давлати аст . Яку ягбора дар бозорхову нуктахои асъор ин нишондод бар 5.90 баробар шудааст . Банкхо яку ягбора инро 5,90-5,80 паст карда наметавонанд ку ! Инчо ягон кас боз Фоидаи калон ба даст дароварданист . Ин ба фоидаи Халк нест. Махсулот дигар арзон намешавад ,

муосир
Ташакур ба Бонки милли. Рохбарони коргар мони мешудаст ку...

усмон
Инчо як бози хаст номаш дар чашми мардум хок пошак мегуянд фуруши долар 6-00 сомони навишта шудааст аммо аксари дуконхо надоран долар яьне нест мегуян дар ягон давлат дар байни 3 руз инкадар поен нарафта буд аз чумла руссия ки онхо дар асл кор мекунанду фикри давлатшона мекнан аммо дар тчк хечкас фикри давлатро намекуна инчо ягон бози хаст

dollar
Yak 4iz nofahmo ozodagon az sarofon yo az shahsoni masul pursed, 4aro Bonki milli 1 dollaro baroi hamin ruz 6,2687 (malumot az surogai BONKI MILLI va TARIHI HAMIN RUZI OZODAGO) malu kardaast (kurbi davlati) ammo sarofon az kursi davlati ham pastar dollar mefurushan?

225
нарххои махсулотро низ поен мекарданд баъд бовар кардан мумкин буд зеро як пачка чо 10 сомони шудааст

555
ОЗОДАГОН ЧАРО КУРСИ БОНКИ МИЛЛИ 6,26
БОРИ АВАЛ МЕБИНАМ КИ КУРСИ БОЗОР АЗ КУРСИ БОНК ПОИН ФАРОМАДААСТ ЯЪНЕ ИН МАЧБУРИ АСТ ВА ДОИМИ НЕ

савдогар
Дар кучо 620 сомониро бар 100 доллар иваз мекунанд нависед очилан 200 доллар лозим, каблан сипосгузорам

Чамолчик арзишхо 100 бар 100 шавад, ана баъд таърифт менемееееееееее

Дар Точикистон ба таври сунъи боло бурдани нархи долар ин накшаи бардоштани нарху навои молу махсулот буд акнун ка нарху наво ба кисмати нихои расид тамом нархи доларо муфаронд тамом

Эномикс Икс
Қурби доллар дар дасти Бонки миллӣ нест.
Аз ин гуна пастравиҳо бояд эҳтиёт кард. Ин ҷо бозии пасипардагӣ рафта истодааст. Аниқтараш, фазаи дувуми бозӣ.
Гурӯҳе бо боло бурдани арзиши доллар сомонии бисёреро ба даст овардааст, акнун он сомониҳоро гашта доллар мекунанд ва якуякбора доллар 7 сомонӣ хоҳад шуд.
Прокуратураи Генералӣ бояд аз паи таҳқиқи ин қазия шавад, назорат кунад, ки дар рӯзҳои наздик кӣ ё кадом гурӯҳе доллари бисёр харидорӣ хоҳад кард.
Фазаи севумаш он мешавад, ки долларро баъди як моҳ ба ҳоҷиён бо 8 сомонӣ ё аз он болотар хоҳанд фурӯхт ва ин чархофалаки ғорати хазина то мондани доллари ахирон идома хоҳад кард.
Бо ҳамин дар хазина на доллар хоҳад монду на тилло.

Агар дар чахон ду миллати содда бошад якеаш точик будааст, охир хозир Бонки милли вазифатаксимкуниро байни хешу табор ва рафикхояшон ба охир нарасонидааст, аз кучо ба доллар сару кор гирад ва бонки милли хеч таъсире ба курби доллар расонида наметавонад. Ин дуруги махз ва тарифкунихои бечо ба килозим бошад инаш нофахмо

Золи Зар
Офарин, Чамолидин, ватандори хакики!

1996
кош курси долар паст шаваду курси рубл ба 140- 50шавад Барри донишчуён хеле хуб мешавад иншооло мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)