Бахшҳо

“Ҷумҳурият” Кабириро дар заминфурӯшӣ айбдор кард

“Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кардааст.

Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.

Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.

Муаллифи матлаб Муҳиддин Кабириро дар он айбдор кардааст, ки замони вакилияш то 250 рӯзи солро дар хориҷ мегузаронду аксари вақт дар хориҷ аз камбудиҳо шикоят мекардааст: “Дар Теҳрону Истанбулу Мисру Қатар аз "бедории исломӣ", таъқибу таҳвину таҳқири ислом, ниёзҳои он ба дастгириву ҳимоя шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он "озодию демократия"-и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз ними машриқзамин "мазза"-ашро мечашад”.

Ба навиштаи “Ҷумҳурият” маҳз дар натиҷаи сиёсати ғаразомези Кабирӣ ҲНИТ аз ду курсии парлумон низ халос шуд: “Дар сатҳи болоӣ ва ҳайати шӯрои сиёсии ҳизб қисмате аз тақсимот ва ғайримақсаднок истифода шудани кумакҳое, ки аз берун ба номи ҲНИТ ворид мешаванд, эътироз намуданд. Зеро ба ақидаи онҳо, ин маблағҳо тавассути наздикони худи Кабирӣ ба Тоҷикистон интиқол меёбанд ва дар амалӣ кардани лоиҳаҳои тиҷорати инфиродии раиси ҲНИТ истифода мешаванд”.

Нашрия дар ниҳоят инчунин ба дороии собиқ роҳбарони ҲНИТ дахл карда, афзудааст, “аз тарафи дигар, сарвати роҳбарони имрӯзаи ҲНИТ, хонаҳои боҳашамати меросмонда аз пешвоёни собиқи ҳизб, бинои мағозаи «Олами кӯдакон», ки аз тарафи меросхӯрон ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА фурӯхта шуд, сирри «мубориза» - ҳои дирӯзаю имрӯзаи ҲНИТ-ро кушоданд. Ин ҳама танҳо барои манфиати шахсӣ будаанд, на аз ин бештар”.
Мӯҳр
Абдуллох
Агар шумо масулини"Чумхурият"химоят аз адолат мекунед чи тавре ки Кабириро мучрим муаррифи кардаед агар шумо мардед камбудии хешовандони раиси чумхурро низ ошкор созед пас ман курбони шумо мегардам.

Амир Ҳамза
Бӯҳрони маориф, беэътиноӣ ба қонун, набуди ҷойи кор ва даромади муносиб, равобити ноҳамвору номуайян бо Русия ва Узбакистон, баста шудани масҷидҳо ё фишор ба исломгароён, муроот нашудани ҳуқуқи инсон, маҳалгароӣ ва фасоди идорӣ... ба ин ама Кабирӣ гунаҳкор.
Пас Кабириро аз байн бубарем, ҳалли тамоми мушкилоти ҶТ пайдо хоҳад шуд!!! )))))

Muhojir
Рустик,
in suxanro ba Zayd Said ham gufta budand ki biyoyad hej gap nest wale bechora 26 sol girift be hichi... mardiro gum kardaand

малика
хама ба гайр аз дехкони хокпош дар фассод гарк гаштаед

Дод
Озоди ина аллбат Рустами Эмомали мехонад мавсими кабул сар шуд хуччатои духтарчама ба коллечи омор ва тибии вахдат бурдам ...кутох...ин ду директори аждахо яке мегуд ман хеши мухофизи рустам дигараш mf ах фархор аз 500 т 2000 доллор биер Рустамжон ба доди мардум рас илтимос Озоди чоп намо ба кучо дига дод гуем..

Исфара
Хохиши наомадани кабири хастанд лекин бояд кабири мисли зайд саидов чуръат кумаду биёяд вагарна точикистон мисли узбекистон мешавад!

Исфара
Мехоханд кабири лекин бояд кабири мисли зайд саидов чуръат кумаду биёяд вагарна точикистон мисли узбекистон мешавад!

4152
заминфуруши ба хоричиён чинояти нобахшидани ва халалдор шудани талаботи сарконун аст, малум шуд, ки Кабири гунахкор будааст, дар фуруши барк дар мавсими сармо ба ЧИА ва Покистон махз Кабири гунахкор, даста даста фавтидани мардум аз захри ангишт Кабири мутаххам, пули хуни чигари мардуми камбагали точик барои Рогунро Кабири хурд ва гайраву хоказо, хулоса Кабири сангсор карда шавад ва Точикистон гулгул мешукуфад.

Дод,
о мисли кинои МИМИНО ку, армани касойро гап мезана, чура ердам ку, касой мега холи каме бест. баъди 50 сол рафта шишта бубром ай турма))))))))))))

Вичдон
Кабири хизбашро яктараф монда ба заминфуруши даст задааст? Мешудаст ку, давом доданд гиред мухтарам Кабири, агар шарики дар кор бошад Шайх Темурро даъват кунед, он кас бисер бало гардони зур мебошанд, рохатонро кушода медиханд.

абдуллох
Шмо фикр намекнен ки и одам чхел дасташ ба хамаи ин чойхо мерасад фикр намекунед ки вай одам як худашкати хеч кор када наметавонад инча зери косса млн млн нимкосаааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)