Бахшҳо

Аз "барқкушӣ" дар хонаи Кабирӣ то дасткашии бародараш аз ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо пойгоҳи таҳлилии “Politrus” вазъ дар Тоҷикистонро ба соли 1937-и замони шӯравӣ монанд кардааст.

“Дар Тоҷикистон соли 1937-ум фаро расидааст. Дар ҳукумат ҳам необолшевикҳо пайдо шудаанд. Онҳо тамоми мухолифонро ба ҳошия меронанд. Ман намедонам, ки баъд аз ин чӣ иттифоқе рух мезанад. Фишор болои ҲНИТ ба фоидаи субот нест, балки барои авҷи ифротгароӣ мусоидат мекунад”,-гуфтааст раҳбари ҲНИТ.

Ба иддаои оқои Кабирӣ, мардум дар заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба хусус дар масъалаи муносибати ҳукумат бо дин, дучори ноумедӣ ҳастанд: “Мардум аз шеваи баргузор кардани интихоботҳо аз сӯи ҳукумат розӣ нестанд. Теъдоди онҳое, ки фикр мекунанд ҳукумат натавонист тақозои мардумро бароварда кунад, бештар шудааст. Содиқона мегӯям, бароям раҳбарии ҳизб ва контрол кардани эҳсосоти мардум рӯз аз рӯз душвортар мешавад”.

Раҳбари ҲНИТ ба маҷбур кардани мардум аз ҷониби мақомот барои ихроҷ шудан аз сафи ҳизб ишора карда гуфтааст, чанд рӯз қабл намояндагони ҳукумат ба манзилаш омадаанд. “Дар хона падари 90-солаам, ки аз бемории сактаи қалб ранҷ мекашад, бо бародарам зиндагӣ мекунанд. Барқашонро қатъ кардаанд. Онҳо як хоҷагии хурд доранд. Онҳо муваффақ шудаанд, то бародар аз ҲНИТ даст кашад. Ҳамҳизби дигарамонро барои 10 рӯз боздошт карданд, аммо ӯ аз ҳизб хориҷ нашуд”.

Кабирӣ изҳор доштааст, нақшаи ҳукумат ин аст, ки теъдоди аъзои ҳизбро то ҳадди мумкин поин барад: “Баъдан аз қонуне кор гирифта мешавад, ки мувофиқи он агар ҳизб дар 50 дарсади марказҳои маъмурӣ ячейка надошта бошад, Додгоҳи олӣ масъалаи варшикастагии онро дар миён мегузорад”.

Кабирӣ ба суоли чигунагии тағйири нухбагони сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, “ман аз ин чиз тарс дорам. Эҳтимолан, дар Қазоқистон тағйири қудрат ба осоиштагӣ анҷом шавад. Гарчанде ба ман амалкардҳое, ки дар Қазоқисон сурат мегиранд, писанд нест, аммо ба Нурсултон Назарбоев эҳтиром қоилам. Ӯ одами боҳуш аст. Умед аст, ки ӯ низомеро месозад, ки пас аз рафтанаш боқӣ хоҳад монд. Дар кишварҳои дигари минтақа чунин нест ва эҳтимоли сар задани ҷанги кланҳо бузург аст”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.
Мӯҳр
наби
шумо халки демокротхо тохатто дарси куръонхониро манъ кардед дарчои кор намозхонданро манъ кардед хатто дар беморхона духтур ба хохархои бемор гуфтаастки руймолхоятонро азтаги манаатон набандед ва намозхондан инчо манъ аст бамо дар мачлис таькид кардан боз ачоибаш инки духтур илтимос карда гуфтаастки чойнамозхоятонро инчо набинанд ки моро дар мачлис сахт таъкид карданд ин абдуллову хакикат мегуянд ки намозхоятонро хонеду шинед озодагон хатман чоп кунед ин хакикат дар беморхонаи исфара рух додааст

фаррух
Салом бар хамаи бародархо сабри устод кабири ахираш нусрат аст фатх аст пирузи аст аммо зулму ноадолатии хукумати окибатуш хорри вст зиллат аст шикаст аст ин тибки шариат аст худо нигахат дорад устоз кабири ва хидоят кунад хукумати

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)