Бахшҳо

Писари Нурӣ: Ҳанӯз барои ҳифзи Ваҳдат ва сулҳ имконият вуҷуд дорад!

Ваҳдатӣ миллӣ ва суботи саросариро барои тамомӣ мардуми азизи Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, аз даргоҳи Худованд (ҷ) тавфиқ, сарбаландӣ ва пешрафту комёбиро дар рӯзгорашон таманно дорам.

18 сол қабл миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) таҳти роҳбарии Устод Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ, раҳбари фақиди ИНОТ ва президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон созишномаи “Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид, ки дар ҳаёту зиндагии мардум ва пешрафту шукуфоии давлати тоҷикон гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

Тӯли ин солҳо бо кушиш ва талошу заҳамоти зиёди ҳукумат ва давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом шуд ва корҳои шоистае дорад анҷом мешавад.

Эътироф бояд кард, ки маҳз имзои санади зикршуда сабаби оромӣ, субот ва пешрафт дар кишвар гардид ва имконият фароҳам овард мо дар заминаҳои мухталиф рушд намоем. Албата, ҳоло низ мушкилиҳои ҳалношуда зиёданд, ки бо идома пайдо кардани сулҳу ваҳдат бартараф хоҳанд шуд.

Ҷанбаи асосии ин созиш дар он буд, ки фарзандони ин миллат зери чатри як давлат бо номи Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ҳар яке бо идеяву ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, дидгоҳи мухталиф ба масоил, кору зиндагӣ карда, дар пешрафти кишвар ва ҷомеадорӣ саҳми худро мегузоранд. Ҳарду тарафи сулҳ бар он буданд, ки бо ташкили аҳзоби мухталиф, интихоботи шаффоф ва озод, иштирок дар низоми давлатдорӣ бо роҳҳои осоишта шаҳрвандон тавонанд, хостаҳои худро бароварда бисозанд. Умедворам, ин арзишҳо эҳё хоҳанд шуд.

Мутаасифона вақтҳои ахир шоҳиди нобоварӣ, нигаронӣ, ҳолати номуайян ва норизоии ду ҷониб мешавем. Феълан, ҷаҳони имрӯз ва давру бари мо низ як ҳолати ваҳим ва буҳрониро паси сар мекунад, ки касе дақиқ гуфта наметавонад, фардо чӣ ҳодисаи даҳшатборе рух медиҳад?

Банда ба ин назарам, ки ҳанӯз ҳам аз ҳарду тараф шахсони бохирад ва огоҳ аз масъала вуҷуд доранд. Агар буҳрону мушкиле вуҷуд дорад, рӯбарӯи ҳам бишинанд ва аз тариқи муколамаи солим, масоилро ҳал бикунанд. Ба ҷомеа бифаҳмонанд, ки чаро чунин буҳрони бемантиқе ба вуҷуд омадаст?

ҲНИТ, яке аз муҳраҳои асосии ин сулҳ имрӯзҳо ҳолати бисёр мушкил ва тоқатфарсоеро паси сар мекунад, ки ба ҳамагон маълум аст. Агар ин мушкил давом биёбад шояд гуруҳу ашхосе пайдо шаванд, ки ҳолатро дар оянда ба нафъи худ истифода намуда, дубора пардаи ин сулҳро бидаронанд. Он вақт дигар на аз муколама гапе ҳасту на аз оромиву Ваҳдат.

Марҳум, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то охир бо сулҳи кардаашон пойбанд буданд ва мактабашон -- ҲНИТ то имрӯз дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар фаъолият менамояд ва тамоми талошаш барои нигаҳдории сулҳу ваҳдат аст.

Бо таваҷуҳ ба ин масъала, умедворам, Президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ва кабинааш ин ҳолатро дарк хоҳанд кард ва аз паёмадҳои он хулосаҳои даркорӣ хоҳанд баровард.

Мо ба унвони як модели олӣ ва тарҳи беназир ин сулҳи худро дар ҷаҳон муарифӣ кардем. Имрӯз давлатҳо ва гуруҳҳое, ки дар муноқишаву мубориза дар саросари ҷаҳон қарор доранд, оқибат ва пайёмадҳои ин сулҳро меомӯзанд ва мебинанд, ки ин тарҳ то куҷо мувафақ будааст. Мо набояд, коре кунем, ки Ваҳдати мо на дар дохил ва на дар хориҷ беарзиш муаррифӣ нашавад.

Ҳарфҳои дар боло зикрёфта имрӯзҳо ба такрор аз ҷониби қишрҳои огоҳи ҷомеа гуфта мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки мо барои ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳанӯз фурсат дорем. Ва бояд ақлҳои солим аз ин фурсат истифода намоянд, вагарна ин ҳама дастовардҳое, ки ҳосили ҳамон сулҳи муборак аст, ба осонӣ аз даст хоҳем дод!

Худованд мардуми сарбаланди Тоҷикистонро аз тамоми офатҳову нохушиҳо нигаҳбон ва сулҳу ваҳдаташонро доимӣ ва сарзаминашонро ободу зебо бигардонад!

Муҳммадҷони НУРӢ
Мӯҳр
Ин Қорибобо гузаронд-ку. Ҳамин чанд рӯз пеш Маҳмадлӣ Ҳаит гуфта буд, Наҳзат ҷашни Ваҳдатро қабул надорад, вале Қорӣ соҳиб бо ваҳдат табрик кардаанд. Инро чӣ гуна бифаҳмем? Эй наҳзатиҳо, ҳадди ақал суханҳоятонро ҳамонҳанг кунед. Ё ҳоло ҳам сиёсатмадорони наҳзатӣ ҳарфи дигар мегӯянду тоҷиронаш дигар?

ватандуст
Рахмат корибобо зик нашаве , инки шумо фикри ватан ва милата мекуне мисли падаратон ва хифзи вахдата фикр мекуне , ин худаш хидмати бузурге хаст ки хад надора , ба навиштай баьзан инсоной беинсоф норохат нашаве илтимос , худо сарбаланд ва саломат боше , имрузхо баьзан инсоно аз пушти падари алкашашон фахр када барой харомхона ки падари алкашашон сохта харф мезананд ва дифоь мекунан , шумо барой хифзи вахдатети падаратон кард харф зада ва хохиши дифоь кардед ,.
озодагон чоп кун чи хато навиштам

Рахмат корибобо зик нашаве , инки шумо фикри ватан ва милата мекуне мисли падаратон ва хифзи вахдата фикр мекуне , ин худаш хидмати бузурге хаст ки хад надора , ба навиштай баьзан инсоной беинсоф норохат нашаве илтимос , худо сарбаланд ва саломат боше , имрузхо баьзан инсоно аз пушти падари алкашашон фахр када барой харомхона ки падари алкашашон сохта харф мезананд ва дифоь мекунан , шумо барой хифзи вахдатети падаратон кард харф зада ва хохиши дифоь кардед ,.
чоп куне чи гапи хато навиштам (((

2828
Бисер пайеми оли

Дехконбача
Нурй: Агар буҳрону мушкиле вуҷуд дорад, рӯбарӯи ҳам бишинанд ва аз тариқи муколамаи солим, масоилро ҳал бикунанд....
Шумо Мухаммадчон як одами капа калон, наход надонед ки чй мушкилие аст? Муколамаи солим чй даркор? Проблема дар ХНИТ аст. Хамин ХНИТро ихтиёран бандеду пароканда шавен хама бухрон-мухрон самосабой хал мешавад....

дусти мардум
Рахмат корибобо зик нашаве , инки шумо фикри ватан ва милата мекуне мисли падаратон ва хифзи вахдата фикр мекуне , ин худаш хидмати бузурге хаст ки хад надора , ба навиштай баьзан инсоной беинсоф норохат нашаве илтимос , худо сарбаланд ва саломат боше

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)