Бахшҳо

Норозигии ёрдамчии Президент аз сурудҳо: Хубу бомаъниро намеёбем

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз сатҳи пасти мазмуну муҳтавои сурудҳои баъзе ҳунармандони кишвар интиқод карда, афзуд, ин сурудҳо аз ҷониби шоирони дараҷаи чоруму панҷум навишта мешаванд.

Ҷаноби Раҳмонзода ин нуктаро 30-юми июн зимни баргузории 14-умин Анҷумани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иброз дошта, гуфт дар пайдо кардани суруди хуб ба мушкилӣ дучор шудаанд: “Бо Вазорати фарҳанг барои омодасозии барномаи фарҳангӣ вобаста ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор сару кор мекунем. Суруди хубе, ки дар он ҳам вазни хуб бошад, мазмуни баланд бошад, ибораҳои латифу рангину дилшурдиҳанда бошад, хеле кам аст. Раёсати иттифоқ медонад, ки мо бори панчум ё шашум шеърҳоро мегардонем, шеърҳо ва сурудҳо мавзуӣ нестанд ва ҳам рабту мазмун надоранд”.

Ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таассуф илова кард, ки “ман намедонам, иллат дар Вазорати фарҳанг ё ҳунарманд аст, вале худи шумо шоҳиди он ҳастед, ки дар чорабиниҳои фарҳангие, ки доир мегарданд, шеъру сурудҳои бахусус шоирони бисёр барҷастаи мо эҳсос намешаванд”.

Ёрдамчии раисиҷумҳури кишвар дар идомаи суҳбаташ навиштан ва таҳияи сурудҳои баландмазмун барои ҳунармандонро масъалаи муҳим хонда, аз адибони баркамоли даъват ба амал овард, ки ба суруднависӣ машғул шаванд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода аз раёсати нави Иттифоқи нависандагони кишвар хоҳиш кард, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Мӯҳр
Шараф
Офарин устод Абдучаббори Рамонзода, Фазои бефарханги аввал фархангихоро фаро гирифтааст ва онхо хар чизи бемаъние ки ёбанд суруд гуфта хондан мегиранд. Махз хамин аст, ки мо ба чахони форсигуён ягон хунарманди хуб чун Ахмад Зохир, Гугуш, АндИ, Муин, Юлдуз Усмонова, Саттор ва гайра надодем. Имруз шоирони кучаги шеърхояшонро бо хар чоплуси реклом карда ба дасти хофизон медиханд то онхоро сароянд. Бахудо шеърашон умуман маъни надорад.

Озодагон дар хакикат озодии суханро пос медоштааст. На ин, ки фикри як тарафро, балки фикри харду чонибро нашр кардан ин як озодбаёниро нишон медихад. Агар чи хеле,ки озод баёниро риоя карда мутахассисони баландихсос (на мисли хозира маколахои гапи хушку холи ва провокотсиони омода кардан, балки маводи тахлили, ки аз он як кас манфиат барад, дар кораш истифода барад ва барои рушди чомеа замина гузорад) низ омда кунад олам алонур мешавад.
Барои мисол дар баъзе холатхо мо дар корхои илми, чамъияти ва давлати аз маколахои нашрияхои "Аvtsta", "Asia Plus" (новобаста аз оне, ки "Asia Plus" хам дар сиёх кардани нуфузи давлати точикон устугон надорад, зеро ба хамагон маълум аст, ки дар он чо кихо кор мекунанд) васеъ истифода намуда, минатдори хам мекунем. Чун, ки дар ин нашрияхо профессионалхо кор мекунанд.
Аз Озодагон хохиш, ки акалан дар як сол як маротиба ба ин нашрияхо рафта стажировка гузаред ва ё каме валантёр кор кунед, то ин, ки маколахои тахлили навистанро ёд гиред. Бовар кунед ахволи Шуморо, гайри мутахассисии Шуморо дида зик мешавам.
Сад афсус, агар ман декани факултаи журналистхо мешудам хамаи мухбирони Шуморо як монда, дипломхои харидаи Шуморо барвакт ё даронида ва ё хубтараш сузонида мепартофтам.
Хайф, ки мутахссиси касби дар нашрияи Шумо намондааст ва шояд умуман набуд ?? инро факат худо медонад.

Ба чои суруди хуб ба зиндагии хуб таваччух дех мушовир

шохдарачи
Марди доно! Бахилхо баъди 2-3 сухбати дигари ин олим сактаи дил мешанд

Ali
Барои паст будани шеру суруд? Точно Кабири гунахгорай.

рост гуфтанд чаноби рахмонзода хофизон бояд сурдхои бомане бофарханг сароянд лекин ман аз хофизон хохиш мекунам ки вакте муазин азон мегуяд хофизон бояд хомуш бошанд

Ҷамшед
Беназир,
Охир ин иқтибос аз баромади Раҳмонзода. Иқтибосе, ки ба Озодагон бо сабабҳои номаълум зиёдтар маъқул шуд. Так что ин доғи рӯзи ҳамин рӯзнома...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)