Бахшҳо

(ВИДЕО) Бародари Умар: Ба волоияти қонун бовар дорем

Неъмат Бобоҷонов, бародари бузурги Умар Бобоҷонов мегӯяд, ба волоияти қонун дар Тоҷикистон бовар дорад ва муътақид аст, гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.

Умар Бобоҷонов, ҷавони 23-солаест, ки чанд рӯзи ахир дар Беморхонаи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Наздикони ӯ иддао доранд, Умар барои риш доштанаш аз сӯи кормандони пулис латту кӯб шудааст.

Неъмат Бобоҷонов дар як навори видеоӣ, ки унвонии “Озодагон” ирсол кардааст, мегӯяд, ҳоло ӯ ва аҳли хонаводааш рӯзи сахтеро сипарӣ мекунанд, чун Умар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Вай дар идома даъват мекунад, қазияи сари бародарашомадаро тобиши сиёсӣ надиҳанд: “Мутаассифона, баъзе гуруҳу журналистони алоҳида пайдо шудаанд, ки ба болои сӯхта ва захми аҳли хонаводаи мо намак мепошанд. Онҳо дар бораи ин ҳодиса ҳар гуна овозаҳо бофта, ба воситаи газетаю сомонаҳои интернет дар байни мардум паҳн мекунанд ва мехоҳанд, ки ин ҳодисаро барои ноором сохтани вазъият истифода баранд”.

Ӯ дар ин навори видеоӣ мегӯяд, ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар доранд ва “боварӣ дорам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин масъаларо равшан сохта, ба гунаҳгорон ҷазо хоҳанд дод. Тафтишот нисбати ин ҳодиса давом дорад”.

Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар рӯзи гузашта ба “Озодагон” гуфт, мехоҳад афроде, ки дар латту кӯби писараш даст доранд, дар чорчуби қонун ҷазо бигиранд.

Дар робита ба ин қазия бо дастури вазири корҳои дохилӣ гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад.


Мӯҳр
усмон
э ба худо гап надорем дига дар хама ин мардум барлй дарди шумо гуфта сухан меронанд аммо шумо бошед истифода гуфта гаштед панохатон ба Худо гап нест дига конун гуфта гардед агар конун мебуд аслан уро барой риш чизе намегуфтаанд

Айб
Бечораро шояд мачбур ва ё пуле дода бошанша

Ман нафахмидам ин падараш ё бародараш, фарзанди ман мегуяд?
Тоҷикро зада мекушанд, мегуяд, ки ин хато карда манро куштааст, бояд дигар касеро мекушт, хайр насиб хамин будааст мегуяд.

Мусофир
Инро агар аз забони халк иброз намоем чунин аст"Зур мезанат,боз ичозатат намедихад,ки ашк рези.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)