Бахшҳо
14 сен 2015 11:02Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати HRW, NHC ва AHRCA аз ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Ҳизби наҳзати исломӣ

Созмони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж (Norwegian Helsinki Committee) ва Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна (Association for Human Rights in Central Asia) бо пахши як изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, барои фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон монеа эҷод накунад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, “ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин озору азияти аъзои ин ҳизбро мутавақиф карда аз амалкарди худ алайҳи ҲНИТ даст бикашад ва иҷоза диҳанд, то ҳизбҳои мустақил дар Тоҷикистон фаолият дошта бошанд”.

Борн Енгесланд, муншии кулли Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж гуфтааст, “бо таваҷҷуҳ ба коҳиши рӯшани озодии баён тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон тасмими иштибоҳомез барои бастани ҳизби нерӯманди мухолиф барои мо ғайриинтизор нест”. Ба қавли ӯ, ин тасмим на танҳо тааҳҳудоти аслии ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон нақз мекунад, балки мухолифини сиёсиро барои фаолияти пасипардагӣ савқ медиҳад ва хатари бесуботиро эҷод мекунад.

Ҳю Вилмсон, раҳбари Созмони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин изҳорот таъкид кардааст, ин тасмим нишондиҳандаи як шикасти бузурги ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст: “Ҳузури ҲНИТ пас аз созишномаи сулҳи соли 1997 пайдо шуд ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар нуқта гузошт. Бастани ин ҳизб барои ҳуқуқи инсон, мушорикати демократӣ ва субот хатарзо аст".
Мӯҳр
ХНИТ КАТЪ КАРДА ШАВАД

И доф ба Обама мурочиат намоед нашид бо ягонтаи дигаша

Лоик
Сафар,Дар 30 сол бо як кувваи барк ахолиро таъмин карда наметавонеду боз пешрави мегуи? кадом пешрави ?? агар сангпушт барин харакат мекардед холо дар ин 30 сол пеш мерафтед, вале садхо афсус

Ман хайрон мешам ба гапхои якхел одамо, ки мегуян ХНИТ ба халки точик лозим нест, чи хизмат кардай ину он... Аз номи хамаи мардум гап назанед аз номи худ гап занед, чунки ХНИТ мисли дигар хизбхо аъзо ва чонибдорои худро дорад. Ё мегуян барои пешравии Точикистон чи хизмат кардай?, агар хизмат накарда бошад, пас имруз тинчию ободии Точикистон аз кучост, яъне ХНИТ сабабгори имзои Созишномаи истикрори сулхи точикон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)