Бахшҳо

Шарҳи расмии боздошти 13 масъули ҲНИТ: Баъди қатли Ҳоҷӣ Ҳалим онҳо қасди фирор кардаанд...

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти 13 узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии кишварро тасдиқ карда, онҳоро дар экстремизм, қасди нооромсозии кишвар ва даст доштан дар ҷиноятҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам кардааст.
Ин ниҳод имрӯз, 17 сентябр бо пахши як изҳорот дар қатори аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз ҷумла номбар кардааст:
1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;
3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;
4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;
6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;
8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;
9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;
10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;
11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10;.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, афроди номбаршуда баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса давом дорад”.

Ин иттилоияи Додситонии кул дар ҳолест, ки қаблан манобеъ аз боздошти Зарафо Раҳмонӣ, Зубайдуллоҳи Розиқ, Абдуқаҳҳори Давлат, Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалии Ҳайит, Раҳматуллои Раҷаб, Муҳаммадшариф Набиев ва Ҳоҷӣ Ғайрат хабар доданд.

Як манбаъ ба “Озодагон” гуфт, баъди боздошти Абдуқаҳҳори Давлат се нафар ба манзили ӯ омада, “хонаро тагу рӯ карда, ду нотбук, принтер ва компютеру чанде аз китобҳояшро бо худ бурдаанд”.

Манбаъ меафзояд, тақрибан соатҳои 22-23-и шаб Муҳаммадшариф Набиев, раиси Шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва Ҳоҷи Ғайрат, узви Раёсати олии ин ҳизб аз ҷониби кормандони амният боздошт шуда, то ҳол маълум нест, ки дар куҷо қарор доранд.

Пеш аз зуҳри 16 сентябр Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд. Аз раёсати ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Ҳусайнӣ бояд пеш аз зуҳри имрӯз ба самти Алмаато парвоз мекард: “Тибқи иттилое, ки мо аз манбаҳоямон гирифтем, Ҳусайниро маъмурини амният аз ҳавопаймо фаровардаанд ва феълан ӯ дар мақомоти амният қарор дорад. Иттилои бештарро дар мавриди омилҳои боздошти Ҳусайнӣ метавонед, аз мақомот пурсед, ки мо ҳеч иттилое дар ин бора надорем”.

Ин боздоштҳо дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар хориҷ қарор дошта, Раёсати олии ҳизб ба ӯ тавсия дода буд, ҳоло ба Ватан барнагардад.

Раёсати олии ҲНИТ аз 58 нафар иборат буда, аз сӯи анҷумани ҳизб интихоб шудааст.

Мӯҳр
Ном
Тоҷикон вечно ғулом мемонад ва шукронаи ин тоҷикистон мекунан, Мусалмонони ин сарсамин ИншоАллоҳ соҳиби тахт дар биҳишт мешаванд.

nabi farhor
БАРОИ МО КАДОМ ХИЗБ ФАЪОЛ АСТ,ФАРКИЯТЕ НАДОРАД.ДАВЛАТИ ТИНЧУ ОСУДА ВА ПЕШРАФТ МЕХОХЕМ.БАРОИ ДЕПУТАТ ШИДАН,ОВОЗИ ЗИЁД ГИРИФТАН ЧИ КАДАР КУШИШ МЕКУНАНД.АММО БОРЕ АЗ ЗОДГОХАШОН НИГОХ НАМЕКУНАНД,КИ МАКТАБХО,МАСЧИДХО,РОХХОРО АЗ НАВСОЗИ КАРДАН ДАРКОР.

Рустам
О хамун 10 руз мухлат доданд, ки ХНИТ-ро бандед. Хукумат кати шухй кардан лозим не буродаро! Агар дар вакташ мебасте кор ранги дигар мегирифт. На хочи Халим мешуду на Чунайд ва на талафоти чонй. Гумон каде мардум мехеза, хесте ки хове. Барои мардум холо танхо оромию субот лозим аст, на чизи дигаре. Э-э-э хай чй гум?

ба хамватано
Бародаро биёед шукронаи тинчию ободи кнем. Ходисаи оне ки мардум худаш хоинора капида ба макомот дод, аз он шаходат мекунад, ки дигар халк намехохад нотинчира. Мефахмед халки одди худаш безор аз нобасомони нотинчи, ноороми, чангу хунрези... боз бо кадом ном хамин нотинчиро гуям? бародаро хеч чизи зиёдати нанависен. Худоро щукр гуед, ки Ватан тинч аст дигар хамаш мешавад. ИНШООЛЛОХ, Худованд точикону Точикистонро дар панохи исматаш нигох дорад, ОМИН.
Касе гунахкор аст, дар пеши конун чавоб медихад. касе ки хиёнат мена. Мебинем. вазъи сиёсии Ирок, Сурия, Покистон, Афгонистон, Яман барои ахли башар дарс аст, Эй мардум Худоро шукр гуед... Озодагон як бор хамин гапои мора хам чоп кнен, дигарон бхонан.

Хакикатчу
Дари бихишт ба риш мондан кушода намешавад агар то калбат пок ва ба Худованд наздик набошад.

Айни замон хамаи он шахсоне, ки ришу сатрро суннат мегуянду даъво мекунанд, пас чаро хизмати падару модарро кардан фарз аст, намекунанд.Вой бар холатон эй мардуме, ки аз руи риш катаги пекунанду фарзи Худоро ичро намекунанд.

савол
Каримов Саттор ин Махсуми Саттор ми?

Салом
КОМУНИСТҲО ТАЁР ШАВЕД, АЗ КАФОИ ҲНИТ, БА ЗИНДОНИ ҲУКУМАТ МЕРАВЕД, АГАРЧИ ФАРИШТАҲАМ БОШЕД.

Офарин сохибони Ватан. Ман ба кудрати имрузаи хукумат бо рохбарии сиёсатмадори хирадманд, Чаноби Оли боварии комил дорам. Хохишмандам хамаи аъзоёни фаъоли ХНИТ,ки сар то ба по гунахкоранд, боздошт гарданд, зеро инхо барои ояндаи давлату милат хафнок мебошанд.

Дустон! як чизро набояд фармуш кард, ки Кабири низ дар аввали фирораш аз ЧТ, бо бахонаи муолича рафта буд. Аммо мо мебинем, ки умуман мксади ба ватан баргаштанро надорад. Баъдан камтар вазъ дар ЧТ ноором шуд, ин нафарон даъвои озодиву ислом мекунанд.Бовар кунед, ин хама гапхое, ки аз номи Исломи пок гуфта мешавад, зери он хатман манфиати шахси нихон аст. На манфиати чомеа, на аз миллати шарифи точик. Инхо низ ба монанди сардорашон амал кардани буданд.

хнит
Ба рустам ХНИТ аз ягон кас хохиш накардааст ки аз пушти ман хезед. Ин шумоенен ки ба кас такя мекунед. ХНИТ ба ОЛОХ такя мекунад. Зеро ягон кудрат тавони бо ОЛОХ чангиданро надорад. Касонеки зиди ХНИТ сухан мегуянд илтимос бо далел гуянд.
ХУДОВАНД бародарони ХНИТро дар панохи исматаш нигох дорад.
ОМИН
ОМИН
ОМИН.

Билол
Акнун касе ки махкултон нест муттахам ба шарики Хочи Халим кунед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)