Бахшҳо

Асомуддин Атоев дар Аврупо аз сайтбандиҳои ғайриқонунии танзимгари телекоммуникатсионии Тоҷикистон гуфт

Асомуддин Атоев, раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ аснои суханронӣ дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон, ки дар Варшава идома дорад, сайтбандиҳо дар Тоҷикистонро ғайриқонуниву тахрибовар ё ба истилоҳ контрсозанда унвон кардааст.

Ӯ ба яке аз уҳдадориҳои Тоҷикистон, ҳамчун узви САҲА -- дастрасии озод ба Интернет ишора намуда, гуфтааст, Ютубу Фейсбук аз охири моҳи август ва Одноклассникиву сомонаи Озодӣ аз оғози моҳи сентябр барои корбарони тоҷикистонӣ дастрас нестанд: “Масдуд ва маҳдудкуниҳои нофаҳмо ва ғайриқонунии интернет дар Тоҷикистон идома доранд. Чунин амал, ки бе ягон заминаи ҳуқуқӣ сурат мегирад, на танҳо ғайриқонунист, балки тахрибовар ё ба истилоҳ контрсозанда низ мебошад”.

Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ дар идома суханронии худ гуфта, чунин амали мақомот на танҳо ҳуқуқи шаҳрвандон, балки манфиатҳои иқтисодии кишварро поймол мекунад: “Барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар соҳаи телекоммуникатсия ҳамчун узви Созмони ҷаҳонии савдо, Тоҷикистон бояд танзимгари мустақили телекоммуникатсиониро таъсис диҳад. Мутаассифона, танзимгари кунунии ватанӣ ҳамагуна масъулиятро барои сомонабандиҳо инкор мекунад, ҳарчанд Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз ҳукумат таъмини озодиҳои дар доираи ҳамин Паймон кафолат додаро, бо шумули озодии баён ва дастрасии озодона ба Интернет, тақозо мекунад”.

Ӯ ба намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат доранд, муроҷиат намуда, таъкид кардааст, “дар радифи уҳдадориҳои байналмилалии кишварамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дастрасии озод ба Интернет ва дигар сарчашмаҳои иттилоот, ба мисли хизматрасониҳои СМС/ММС, иҷоза диҳанд”.

Аз ин пештар дар ҷаласаи САҲА Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар бораи вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон суҳбат карда буд.
Мӯҳр
чавоб ба ТТ ва карим
ба тт мардуми Хисорро ягон кас пеши рохаша гирифтаст? мехнат карда зиндагишона бурдосан ку.
мардуми мехнаткаши Сугда ягон кас намондесай ки кор кнан, ё Кургонтеппаву Турсунзодара? брат дар гуши фил хови. мехохи хукумат нона хоида дар даханат монад? савод, касб, хунар дори? мархамат камтарак чунби худо ризката медихад.
Ба каримхон хукумат лачоми ту баринхоро мекашад. агар дамата нагири. Хукумати чумхури дигар чи кор кунад барои ту барин ношукр? тинчию амниятат таъмин боз чи мехохи? Ман як фарди хамин чомеа хастам. бетараф буда наметонам агар нохалафу ношукре дар бораи хукумат носазо гуяд. Шукр гуед, гапи хуб гуед хамаг иншооллох хуб мешад. Худо мулки моро дар панохи исматаш нигох дорад Омин ё раббул оламин

Шохимардон,
ба ту сулх даркор аст ??? баф фикрам депутат хасти ха ???? пули налог, свет, мусор, об ва гайра чизхоро намесупори хурда хоби, як конун буроран карсак мезаниву тамом, пулатон бисёр будагист аа ? барои хамин сулх мехохед ки бо дальше Fорат карда гардед? инхели равFани махкул шуд гуед! пас чаро интернет медарои ??? раз ки ба ту интернет лозим набошад а ???ШОХИМАРДОН ???

Интернет, имруз макони фиску фасод, дашному дагалгуфтори, низоъандози, муоширату муносибати махрамона, чудои дар миёни навхонадорон ва тахкиру маломат гардидааст. Вакте наврасону чавонон ба он дастраси доранд пас чи гуна аз онхо одамони маърифтноку боодоб ва боадаб мебарояд. Агар бандад бехтарин кор мешавад. Зеро дар мо 90 фисади муштариён аз интернет гайримаксаднок ва бехуда истифода мебаранд.
Бигзор мардум китобхониву рузномахониро ёд гиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)