Бахшҳо

Ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Ёров: Барои талони қалбакӣ, қаллобӣ...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии кишвар хабар додааст.

Ин ниҳод Ёровро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад: “Аз ҷумла тахминан моҳи июли соли 2010 ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, бо суйистифода аз ҳолати оҷизӣ ваъда додааст, ки бо шиносҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ метавонад писари охирон, яъне Бозоров Дилшод Комилҷоновичро, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (Суиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди “ё” (Одамкушӣ) озод намояд. Сипас, аз дасти Бозоров Комилҷон маблағи баробар ба 4000 доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст ва ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, инчунин Ёров талони муоинаи техникиро қалбакӣ сохта, истифода намудааст: “Бинобар ин, бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, агар алайҳи Ёров шикояте дошта бошанд, ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Ёров ба “Озодагон” гуфтанд, вакилони дифоъ бо Бузургмеҳр Ёров дар бинои УБОП мулоқот доранд. Ба қавли онҳо, Ёров баъди зуҳри 28 сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муштаккил – УБОП даъват шуда буд, ҳанӯз аз ин ниҳод мураххас нашудааст. Ӯ гуфтааст, агар давоми се соати оянда берун нашавад, маънои онро дорад, ки боздошташ кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров 28 сентябр пеш аз бозпурсиаш дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони мақомот аз ӯ хостаанд, аз ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ даст бикашад. Ӯ афзуд, бархилофи қонунгузорӣ дар мавриди сирри адвокатӣ намояндагони мақомот шартномаҳои солҳои 2014-2015-и ӯро нусхабардорӣ карда, бо худ бурдаанд. Ӯ ин иқдомро як навъ фишор арзёбӣ карда, гуфт: “Ман рафта мефаҳмонам, ки аз ниятам барои ҳимояи масъулини ҲНИТ намегардам, зеро маро давлат хӯрондаю пӯшондааст, то аз ҳуқуқи шаҳрвандонамон ҳимоя кунем. Мефаҳмонам, ки дар доираи сиёсати давлат барои ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки президент ҳам борҳо ба ин нукта таъкид кардааст, фаъолият хоҳем кард”.

Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дода буд.
Мӯҳр
адвокат
хомуши авлотар набуд бародари азиз.
Еровро дар наздик намешиносам ва то чое медонам бисер саводи хуб дар созаи хукук дошт. дар асарияти парвандахои пурсару садо иштироки фаъол дошт. Таваккалат ба Худо.

Саркор
Шукрона кунед! нону обатонро касе аз дахон нагирифтааст.солхои баъди Инкилоб бобохои мо сахт азоб кашиданд.Рузхои сахтро баёд оред.Худо аз ин бад накунад.

1234
Фикр мекунам дар Точикистон ягон сохторе вучуд надорад ки бе камбуди бошад.
Хар вакте пуштибони аз ягон касе ё тарафдори ба хизбе карда шуд хукумат айбхоро мекобаду ру мебарорад.

Фарзандам Бузургмехр Еров ман ки туро надидам аммо часоратхою мардихоятро дида туро фарзанди бовафои худ ва милат донистам Худованд аз тухмату бухтон туро нигахбон бошад ту нафакат фарзанди модарони чабрдида хасти балки фарзанди фарзонаи милати точик хасти. Аллох нигахбонат эй марди Худо

Он чизе ки давлат мехохад мекунад. Агар сад мукобилашам барои хам фоида надорад. Агар метонистан Акаи Шухрат метонистан Барои химояи собак вазир Зайд Саидов паси панчараш кадан , мухтарам Еров хозир хам ба фикри ман сари вакт аст ягон Чора бичуй файрод дер мешавад

Комил
Худо нигахбонат бод Устоди азиз!!!

озодагон, Худованд кашшоктон кунад ! ира нанависен, ин дуо барои комментхое буд, ки мисли шаголхо панохаш кардед ва намондед. Чун ки худи шумо низ дастпарварои ХНИт хастед.

Фу... Чӣ бозиҳои ифлос! Акнун ҳамаи адвокатҳо бояд дипломи худро як сӯ гузошта, ба мардикорӣ раванд. Аз ду сар шуморо намегузоранд, ки вазифаи хешро дуруст анҷом диҳед. ТАҚОЗОИ ЗАМОН ҲАМИН БУДААСТ. Бо моҳ шини моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ. Адвокат набояд сиёҳ шавад!

Беном
Хело мутасифам ки дар Точикистон хар касе ки хукукашро талаб кунад гунахкораш мабароранду ба хабс равон мекунанд. Мутаасифона дар хукумат баъзан шахсоне ба сари вазифа омадаанд ки барои онхо ба чуз пулу мол хеч чизе арзиш надоранд.

Ман аъзои хизби нахзати исломи нестам, лекин сиесати пешгирифтаи Хукамат алайхи ХНИТ комилан хатост. Инхо чи максад доранд Худо медонад.

Хатари он ҳаст, ки рӯзе мақомот аз ОЗОДАГОН рӯи мизи онҳо гузоштани "e-mail" ҳои муштариёни ин сайтро талаб бикунад, ва он рӯз дур нест. Албата мейли троллҳоро не, зеро онҳо ба мақомот маълуманд. Балки мейли он муштариёни сайтро, ки бо ин ё он сабаб гомҳои бардоштаи ҳукуматро маҳкум мекунанд. Вақте мақомот Қудратов ва Ёров барин қонундонҳоро зиндонӣ кард, чӣ ҷон дорад Озодагон барин як ҳафтаномаи оддӣ. Рушди сиёсии ҳукумат оҳиста-оҳиста ба самти ҷалавгирӣ аз ашхоси норозӣ аз режим ё демократихоҳ майл дорад. Дар он сурат Озодагон чи гуна рафтор хоҳад кард? Муштариёнашро таслим хоҳад дод, ё не? Нашрия дар ин бора чӣ фикр дорад?

Точик
Боз хам исбот шуд, ки дар Точикистон аслан демократия вучуд НАДОРАД!!!

Хай биеед бародарон хаммамона кушед е зиндони кунед КОНУН ДАР ТОЧИКИСТОН ДИГАР НЕСТ !!!
ТАМОМАН УМЕДАМРО КАНДАНД!!! ХЕЧ БОВАРИ НАМОНД!!!

Комил
Худо дар панохаш хифз гардон марди майдон!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)